Ифтитоҳи бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Дӯстӣ28-10-2021, 11:08
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
28.10.2021 09:08, ноҳияи Дӯстӣ 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳамчунин бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншоот бо сарфи беш аз 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,10 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат мебошад. Корҳои сохтмониро давоми ду сол Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаридун-Д” бо ҷалби зиёда аз 40 сокини маҳаллӣ анҷом додааст. Зимни иҷрои корҳо талаботи соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ пурра риоя шудааст. Иншоот пурра бо истифода аз масолеҳи босифати ватанӣ, бунёд гардидааст. Бино дорои 9 утоқи барҳаво барои кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, филиали Муассисаи Давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дӯстӣ мебошад. Барои гузаронидани курсҳои омӯзишӣ 3 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, дӯзандагӣ, таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ ва асбобҳои рӯзгор бо ҳамаи шароит таъсис дода шудааст. Маҷлисгоҳи бино дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дорои 20 ҷои нишаст мебошад. Маврид ба таъкид аст, ки қаблан кормандони соҳа дар утоқҳои хурд ва номусоид кору фаъолият менамуданд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав шароити созгори корӣ фароҳам омад. Ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ ва мизу курсӣ пурра таъмин мебошанд. Кормандони соҳа иброз медоранд, ки дар чунин шароит имкон аст хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои босифат бунёд намудани иншоот изҳори сипос карда, кормандони соҳаро ба истифодаи самараноки имконият ҳидоят намуданд. Атрофи бинои сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бо гулу дарахтони ороишии ҳамешасабз зебо гардонида шудааст. Роҳравҳо дар масоҳати 800 метри мураббаъ пурра сафолакпӯш мебошад. Тарҳи иншоот низ диққатҷалбкунанда буда, он ба зебоии кӯчаи марказии ноҳия ҳусни тоза зам менамояд. facebooktwitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.