28.09.2021 17:05, ноҳияи Шуғнон
28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон-шаҳраки Ваҳдат бинои нави маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои замонавӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар рӯзҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани он рӯҳияи мардумро боз ҳам болида гардонид.
Ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо мебел ва дигар таҷҳизоти муосири корӣ ҷиҳозонида шудааст, ки ба фаъолияти босамар ҳамарӯзаи кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва Филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Шуғнон такони ҷиддӣ мебахшад.мусоидат менамояд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз соли 2012-ум шурӯъ гардида, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расид.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имконоти фароҳамовардашуда изҳори қаноатмандӣ карда, кормандони соҳаро ба хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд ва бинои наву замонавиро тӯҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашни 30 солагии Истиқлолият ба сокинони ноҳияи Шуғнон маънидод карданд.
Бинои нави шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон аз 11 ҳуҷраи барҳавои корӣ ва 13 синфхонаи омӯзишӣ, ҳамчунин маҷлисгоҳ барои 25 ҷойи нишаст иборат буда, дорои беҳтарин шароити корию таълимӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои касбомӯзӣ бо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлолӣ суҳбати озоду ошкоро доир намуда, онҳоро ба аз худ кардани касбу ҳунар ва ҳифзи дастовардҳои истиқлоли мамлакат ҳидоят карданд.
Дар бинои шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон минбаъд шумораи ҳарчӣ бештари касбомӯзонро дар синфхонаҳои дорои шароити хуби ҳунаромӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои сангтарош, бинокор, қаннод, дӯзанда, ороишгари мӯйю рӯй, ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷию технологияи компютериро фаро гирифта шавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳамасола зиёда аз 200 нафар шахсони бешуғл дар шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба касбомӯзӣ ҷалб шуда, нафарони бешуғл метавонанд дар муддати ду се моҳ соҳиби ихтисоси дӯстдоштаашон гарданд.
Бинои хуштарҳу зебо аз ҷониби сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғайрат”-М бунёд шуда, бо низоми гармидиҳӣ таъмин аст. Дар таҳхонаи бино барои амалан омӯхтани ҳунари пазандагӣ дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири таомпазӣ насб карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд ва зикр карданд, ки иншооти навбунёд метавонад солҳои дароз ба мардуми ин гӯшаи зебои Тоҷикистон хизмат намояд.
Бояд зикр кард, ки ноҳияи Шуғнон калонтарин минтақаи аҳолинишини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад, вале то солҳои наздик маркази маъмурии худро надошт. Идораю муассисаҳои ноҳия дар ҳудуди шаҳри Хоруғ фаъолият дошт.
Бо ҳидоятҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ маркази маъмурии ноҳия-шаҳраки Ваҳдат бунёд карда шуд.
Зимни сафарҳои кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шуғнон як қатор иншооти маъмурӣ дар шаҳраки Ваҳдат бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт.
Сокинони шукргузор ин ҳама дастоварди арзишманди ноҳияи Шуғнонро аз баракати сулҳу субот, ваҳдати комили миллати тоҷик ва талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.