Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд дар маҳаллаи 34- уми шаҳри Хуҷанд 08.10.2021 11:15, шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд дар маҳаллаи 34- уми шаҳри Хуҷанд 08.10.2021 11:15, шаҳри Хуҷанд

8-10-2021, 12:03
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд дар маҳаллаи 34- уми шаҳри Хуҷанд
08.10.2021 11:15, шаҳри Хуҷанд
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бинои 7-ошёнаи маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд соли 2018 оғоз гардида, бо сифати баланд ва риояи талаботи шаҳрсозию меъморӣ анҷом дода шудааст.

Дар бинои асосии Прокуратураи вилояти Суғд 111 хуҷраи корӣ, осорхона, китобхона, толори варзишӣ ва утоқҳои техникӣ мавҷуд аст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам мебошад.

Бинои дигари иншооти мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ошхона барои 90 ҷои нишаст ва дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ б0 300 ҷои нишаст ҷойгир аст.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони он мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Прокуратураи вилояти Суғд барои таъмини волояти қонун дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, таҳкими назорати прокурорӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва терроризму экстримизм дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар саҳн ва атрофи он бо анҷоми тадбирҳои ободонӣ гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст.

facebooktwitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: