
Бо иштироки гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва намояндагони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ташкилоти ибтидоии “Дизайн”-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ҷалби васеи омӯзгорон, бонувону донишҷӯён мулоқоту вохӯрии судманд доир гардид.
Дар вохӯрӣ баромадкунандагон дар мавзӯҳои мубрами рӯз: пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, хушунат ва зуроварӣ дар оила, муқаддас нигоҳ доштани оилаҳо ва ҳамбастагӣ, гиромидошт ва эҳтироми волидон ва аъзои оилаҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувону занон, тарбияи хештаншиносӣ ва ватанпарастии ҷавонон, ҳидояти онҳо ба ҳимояи якпорчагии Ватан, арзишҳои миллӣ ва татбиқи қонунҳои миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила нутқ карданд.