Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Парчами давлатиро дар маркази деҳоти ба номи «Исмат Шариф»-и ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Парчами давлатиро дар маркази деҳоти ба номи «Исмат Шариф»-и ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд

22-10-2021, 09:12
Хабарро хонданд: 78 нафар
Назарҳо: 0
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Парчами давлатиро дар маркази деҳоти ба номи «Исмат Шариф»-и ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд
Октябрь 21, 2021 15:18

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Боғи Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоотро сохтмончиëни маҳаллӣ бо маблағгузории соҳибкор Саидакбар Султонзода дар масоҳати як гектар бунëд намудаанд.

Боғи Парчами давлатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шуда, дорои шароити хуби истироҳату фароғат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро партавафшон намуданд.

Баландии пояи Парчам 30 метрро ташкил медиҳад. Матои ин рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Дар боғ ду фаввора бо усули муосир бунëд гардида, ҳамчунин зиëда аз 500 бех ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ ва гулу буттаҳои ҳамешасабз шинонида шудааст. Гулҳои рангоранги мавсимии шинонидашуда низ ба атроф ҳусни дигар зам мекунад.

Барои таъмини мунтазами гулу дарахтони мавҷуда ва майдони сабзазор бо об чоҳи амудӣ ва обанбор бо ғунҷоиши 70 метри мукааб сохта шудааст.

Боғ тавассути обпошакҳои худкор обëрӣ мешавад.

Бунëди чунин иншооти замонавии фарҳангӣ ва партавафшон шудани Парчами давлатӣ дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шариф аз як ҷониб фароғати сокинонро таъмин намояд, аз тарафи дигар эҳсоси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллиро дар қалби наврасону ҷавонон бештар месозад.

Дар ҳудуди Боғи Парчами давлатӣ 8 суҳбаткада ва 12 нишастгоҳ мавҷуд аст.

Роҳравҳои боғ бо истифода аз тахтасангҳои истеҳсоли ватанӣ барои гашту гузор дар ҳама фасли сол мутобиқ гардонида шудаанд.

Барои истироҳату фароғати сокинон дар шаб низ шароит мавҷуд аст. Равшании боғро 50 адад чароғ дар сутунпояҳои гуногун таъмин менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати бунëд намудани чунин иншооти замонавии фарҳангӣ-фароғатӣ изҳори сипос намуда, иқдоми созандаи ӯро намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин хонданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: