Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон

Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон

23-09-2021, 09:57
Хабарро хонданд: 114 нафар
Назарҳо: 0
23.09.2021 09:12, ноҳияи Балҷувон
Имрӯз ҳамчунин дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон дар асоси нақша - чорабиниҳо ба хотири истиқболи шоиста аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳия бо тарҳи муосир бунёд карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди иншоот нахуст бо нишонаи арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.

Баландии пояи Нишони давлатӣ 21,5 метр мебошад ва он бо сифати баланди меъморӣ сохта шудааст.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллиро бо садо додани Суруди миллӣ парафшон намуданд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон 35 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.

Масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони давлатӣ 7200 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайру гашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.

Иншоот бо зиёда аз 500 адад ниҳоли гуногуни ороишию ҳамешасабз ва дар масоҳати 200 метри мураббаъ бо гулҳои рангоранг оро ёфта, нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шудааст.

Роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш карда шуда, дар маркази майдон фаввораи рангоранги диққатҷалбкунанда бунёд гардидааст.

Корҳои паймонкорию сохтмониро дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мега-Техника- Иншоот” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расондаанд.

Парафшонии Парчами миллӣ ва бунёди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон баробари таъмини зебоии мавзеъ, ҳамчунин омили муҳим дар самти бедор кардани эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастии ҳар як сокин, хоса наврасону ҷавонон мебошад.

Дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо мақсади таъмини истироҳати хубу бофароғати сокинону меҳмонон ҳангоми шабона 34 чароғак ва 12 адад равшанидиҳандаи 12-метра гузошта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: