Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Вахш мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Вахш мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

23-09-2020, 08:51
Хабарро хонданд: 136 нафар
Назарҳо: 0
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бахшида ба ҷашни сазовори 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи соҳибкори ватандӯсти ноҳия Ҳусейн Ашуров бунёд гардида, баландиаш бо назардошти минбар 52 метрро ташкил медиҳад.

Паҳноии матои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ва дарозиаш 14 метрро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи он аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Спетс Техника” дар муддати қариб як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Майдони Парчами давлатӣ 70 садяк заминро ташкил намуда, дар ҳудуди он гулҳои ҳархелаи мавсимӣ шинонида шудааст.

Ҳамзамон аз ду тарафи сутунпояи Парчам 2 фаввораи чоркунҷшакл бунёд ва бо чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст, ки барои сайругашти сокинону меҳмонони ноҳияи Вахш бисёр мувофиқ мебошад.

Майдони назди Парчам барои сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳияи Вахш бисёр мувофиқ мебошад. Ҳудуди он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз зебу зиннат ёфта, ҳамзамон 7 нишастгоҳ насб гардидааст. 15 адад чароғаки равшанидиҳандаи насбгардида шабонгоҳ ҳусни атрофро назаррабо мегардонад ва сайру гашти бемамониати сокинону меҳмононро таъмин месозад.

Қомат афрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Вахш таҷассуми ваҳдату ягонагӣ, нангу номуси ватандорӣ, нишон аз эҳтироми баланди сокинон нисбат ба муқаддасоти давлатӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан мебошад.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: