Сиёсатмадори афғон аз кӯшиши ДИ ҷиҳати ҷалби ҷавонон дар кишвар хабар дод20-10-2021, 08:15
Хабарро хонданд: 106 нафар
Назарҳо: 0
Намояндагии гурӯҳи террористии «Давлати Исломӣ» (ДИ)дар Афғонистон «Вилояти Хуросон» кӯшиш дорад, то мавқеи худро дар шимолу шарқи кишвар устувор гардонида, ҷавонони минтақаро ба гурӯҳ ҷалб намояд, изҳор дошт собиқ Раиси кумита оид ба дифоъ дар палатаи намояндагони Афғонистон Мир Ҳайдар Афзалӣ. АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU хабар медиҳад, ки ӯ дар ин бора дар Твиттер навиштааст. «Аз ҳама аъзои хатарноктарини «Давлати Исломӣ», ки соле қабл қувваҳои ҳарбии афғон онҳоро дастгир намуда буданд, аз ҳабсхонаҳо озод гардиданд. Акнун онҳо даъват ба амал оварда истодаанд, то ҷавонон бо онҳо ҳамкорӣ намоянд»,-менависад Афзалӣ. Қаблан як гурӯҳ коршиносони афғон зикр намуда буданд, ки дар рафти ҳамлаи толибон (намояндагони ҳаракати «Толибон»*) дар пешорӯи баровардани низомиёни ИМА ва НАТО дар кишвар маҳкумшудагоне аз зиндонҳо озод шуданд, ки миёни онҳо садҳо ҷониборони ДИ* ҳастанд. Ба гуфтаи Афзалӣ, ДИ* ҳоло силоҳ ва шароити олӣ надорад, аммо ба зикри ӯ, вазъият ояндаи наздик метавонад тағйир ёбад. Ҳоло ба экстремизм дар Афғонистон наметавон хотима дод,- афзуд сиёсатмадор. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.