Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҲАМРОЗУ ҲАМНАФАСИ ҶОМЕА

ҲАМРОЗУ ҲАМНАФАСИ ҶОМЕА

18-10-2021, 08:46
Хабарро хонданд: 1682 нафар
Назарҳо: 0
ҲАМРОЗУ ҲАМНАФАСИ ҶОМЕА
Аз нимаи дуюми асри ХХ сар карда, воситаҳои ахбори омма ба дастгоҳи пурзўри таъсиррасон ба тарзи тафаккури инсон табдил ёфтанд. Аксарият ба ин ақидаанд, ки дар замони ҳозира ягон ходими сиёсӣ, соҳибкор, ширкату хоҷагӣ бе таъсири ВАО муваффақ шуда наметавонад. Таъсири ВАО ба рўҳияву ахлоқи ҷомеа хеле калон аст. Дарвоқеъ, журналистика неруест, ки инсонро ба бовар кардан, майл намудан ва ҷонибдорӣ кардани шахсият ва ё ақида (идеология) водор мекунад. Барои идора намудани чунин дастгоҳи таблиғотӣ арзандатаринҳо интихоб мешаванд. Яъне, роҳбарии рўзнома, маҷалла, шабакаҳои телевизиону радио ба зиммаи касе супурда мешавад, ки дорои касбияти баланд ва масъулиятшиносу одамшинос бошад.
Қурбонмурод Асоев сифатҳои зикршударо дорост. Ў соли 1973 баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар рўзномаи «Байрақи ленинизм»-и ноҳия (ҳоло шаҳр)-и Ҳисор ба сифати ходими адабӣ ба фаъолият оғоз намуд. Рўзноманигори ҷавон донишу малакаро бо истифода аз таҷрибаи рўзноманигорони нисбатан собиқадор, ба монанди Мухтор Мирзоев, Рўзибой Шарифов, Шодибек Собиров, Эргаш Қулиев ва дигарон сайқал дода, дар коллектив ҷойгоҳи муносиб пайдо намуд. Соли 1979 Қурбонмуродро мудири шуъбаи кишоварзӣ, соли 1982 ҷонишини сармуҳаррир ва соли 1983 сармуҳаррири рўзномаи «Байрақи ленинизм» таъин карданд. Он солҳо рўзномаи ноҳиявӣ ҳафтае се маротиба бо теъдоди зиёда аз 12000 нусха чоп мешуд. Қурбонмурод Асоев ҳамчун ҳақиқатнигори закиву дурандеш ва содиқ ба касб ҳар мавзўъро ҷиддӣ меомўхт. Далелҳоро чандин маротиба санҷида, таҳлил намуда, сипас рўи коғаз меовард. Беҳтарин хабарнигорони ҷамъиятиро аз ҳисоби омўзгорон, донишҷўён, табибон, китобдорон ва ғайра ба ҳамкорӣ даъват намуд. Бо таъсиси рубрикаҳои хонданбоб теъдоди мухлисони рўзнома зиёд гардид. Ҳар рўз ба идораи рўзнома даста-даста мактуб меомад. Онвақта сардори пости хабарнигорони хоҷагии «Анҷумани XXII ҳизб» Абдулхолиқи Наққош дар ин хусус чунин мегўяд:
- Солҳои 70-80-ум ман ба ҳайси рассом-ороишгар фаъолият мекардам. Дар баробари ин, мунтазам ба рўзномаҳо мақола менавиштам. Қурбонмурод Асоев ҳамчун мудири шуъбаи кишоварзӣ навиштаҳоямро бо андаке таҳрир таъҷилан ба чоп медод. Зимни ҳамкорӣ бо ин рўзноманигори чирадаст ҳамон солҳо эҳсос намудам, ки соҳаи кишоварзиро дар баробари мутахассисони касбӣ хеле олӣ мефаҳмад. Камбудиҳоро сари вақт фош намуда, олимона масъалагузорӣ мекард. Ҷасорати касбӣ дошт ва моро ҳам талқин менамуд, ки дар ифшои ҳақиқат ҷасур бошем. Дар симои ў мо рўзноманигорони ҷамъиятӣ пуштибони хешро медидем.
Дар давраи муҳарририи Қурбонмурод Асоев муҳтавои рўзномаи «Байрақи ленинизм» бою рангин гашта, дар чандин озмуни ҷумҳуриявӣ миёни рўзномаҳои ноҳиявӣ ғолиб омад. Силсилаи очеркҳои ў бо номи «Достони бародарӣ» аз ҷониби Кумитаи матбуоти ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо ҷоизаи махсус сарфароз гардид.
Собиқ ҷонишини муҳаррири рўзномаи «Байрақи ленинизм» (ҳоло «Ҳисори Шодмон») Муҳаммадмурод Саидалиев давраҳои ҳамкорӣ бо Қурбонмурод Асоевро ба ёд оварда чунин мегўяд:
- Қурбонмурод Асоев бо сабку услуби хоса ва навиштаҳои воқеънигорона ба зудӣ миёни аҳли эҷод ва хонандагони сершумор маҳбубият пайдо кард. Ў нуқтаи назари хешро ҷасурона баён мекунад. Асоснок танқид мекунаду ба таҳқир роҳ намедиҳад. Дар баробари ҷомеашинос будан одамшинос низ буд. Ҳамчун сарвари одил ҳеҷ гоҳ ба гурўҳбозию тафриқаандозӣ роҳ намедиҳад. Ҳамин хислатҳои наҷибаш аст, ки 32 сол боз ҳамчун муҳаррири ботадбир сарварии рўзномаи «Ҳисори Шодмон»-ро ба уҳда дорад.
Қурбонмурод Асоев аз соли 1986 то соли 1992 ба ҳайси мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроияи Шурои депутатҳои халқии ноҳияи Ҳисор фаъолият намуд. Шаш даъват вакили Шурои депутатҳои халқи ноҳия низ буд. Тайи ин солҳо аз матбуот ҷудоӣ надошт. Навиштаҳои хонданбобаш мудом дар рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ мерасиданд.
Моҳи сентябри соли 1992 Қурбонмурод Асоевро дубора сармуҳаррири рўзномаи «Ҳисори Шодмон» таъин карданд. Дар он лаҳзаҳои сарнавиштсози миллат ў ҳамроҳи кормандони рўзнома мардумро тавассути шиори «Якдил шавему мулк обод кунем!» ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ даъват менамуд. Дар ҳар ҷамъомад ба ҳамкорон таъкид мекард: «Дар куҷое бошед бо ҳар кас суҳбат кунед, сароғози суханатон дўстиву ваҳдати тоҷику тоҷикистониён бошад!».
Новобаста ба вуҷуд доштани хавфу хатар, норасоии барқ, набудани нақлиёт, саривақт нагирифтани маош рўзнома тибқи нақша чоп мешуд. Бо вуҷуди душвориҳо рўзноманигорон ба ояндаи нек боварӣ доштанд ва дар матолибашон мардумро ба пойдорсозии сулҳу ваҳдат ва ободонию созандагӣ даъват мекарданд. Соли 1993 ҳатто теъдоди нашри рўзнома 14372 нусхаро ташкил дод, ки миёни рўзномаҳои ноҳиявӣ шумораи рекордӣ ба ҳисоб меравад.
Рўзноманигори собиқадор, корманди рўзномаи «Ҷумҳурият» Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, ки солҳо бо Қурбонмурод Асоев ошноӣ дорад, дар хусуси ў андешаҳояшро чунин иброз дошт:
-Қурбонмурод Асоев дар тўли фаъолияти рўзноманигориаш шогирдони зиёди хушсалиқаро тарбия намудааст. Даврони рўзноманигории ў солҳои мубориза баҳри устувор намудани адолати иҷтимоӣ танқиду ислоҳи камбудиҳо, норасоиҳои ҷомеа, роҳнамоии ҳамватанон ба роҳи рост ва меҳнати ҳалол, фош сохтани хиёнаткорону қаллобон ва ифротиён, тарғиби меҳанпарастию инсондўстӣ, ҷавонмардию лутфу одамият, олиҳиматӣ, эҳтироми калонсолону навозиши кўдакон, рушду нумўи фарҳангу адабиёт, маърифат, ҳифзи сиҳатии ҷомеа ва бисёр паҳлуҳои дигари зиндагӣ мебошад. Қурбонмурод дорои услуби хос ва мактаби ҳаёти ибратбахш буда, мавқеи ҳақиқатнигориашро дар ягон ҳолат дигар накардааст.
Зимни суҳбат аз Қурбонмурод Асоев пурсидаем, ки барои рўзноманигори муваффақ шудан кадом сифатҳоро доштан зарур аст?
- Рўзноманигор бояд андешаҳояшро мушаххасу фаҳмо баён карда тавонад, ҷаҳонбиниаш васеъ бошад, вазифаашро саривақт ва босифат иҷро намояд. Баҳри журналисти муваффақ шудан мушоҳидакорӣ, ҳақиқатдўстӣ, ташаббускорӣ, таҳаммулпазирӣ, иродаи мустаҳкам доштан, таҳлили дурусти ҳодисаҳо, фаврият, мушкилнописандӣ ва пуртоқатӣ низ заруранд. Мақоли «ризқи журналист дар пояш аст» чанд паҳлу дорад. Яъне, рўзноманигор бояд мудом дар ҷустуҷўю такопў бошад. Аммо факту рақамҳо ва иттилои ҷамъовардаро дуруст ҷо ба ҷо кардану аз он матолиби ҷолиб таҳия намудан заҳмату малакаи зиёд талаб мекунад,- гуфт рўзноманигори варзида.
Хизматҳои арзандаи Қурбонмурод Асоевро ба инобат гирифта, соли 1994 ўро бо унвони ифтихории «Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон» сарфароз намуданд. Ў ҳамчунин, «Аълочии маориф», «Аълочии фарҳанг» ва «Аълочии матбуот»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамсари Қурбонмурод Асоев шодравон Зиёда Каримова низ рўзноманигори чирадаст буда, солҳои зиёд дар шуъбаи тарғиботи кумитаи ҳизбии ноҳияи Ҳисор ва рўзномаи «Байрақи ленинизм» фаъолият дошт.
- Аз касби интихобкардаатон пушаймон нестед?- пурсидем аз акои Қурбонмурод.
- Имсол ба оғози фаъолияти рўзноманигориам 48 сол пур мешавад. Агар аз мушкилиҳои рўзноманигорӣ ҳарос медоштам ё пушаймон мешудам, кайҳо тарки пеша мекардам. Рўзноманигорӣ пешаи шавқовар аст. Бо одамони дорои касбу кори гуногун ошно мешавӣ, ҳамеша дар маркази ҳодисаву воқеаҳо қарор мегирӣ, доир ба ҳар як соҳа маълумот пайдо мекунӣ. Дар баробари ин, рўзноманигорӣ касби заҳматталаб буда, баъзан бедорхобӣ мекашӣ, таҳдид мешунавӣ, гоҳо бидуни истироҳат кор кардан лозим меояд. Бо вуҷуди мушкил буданаш касбамро дўст медорам. Зеро рўзноманигорӣ фаъолиятест, ки ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур намемонад. Журналист ҳамеша ҳамрозу ҳамнафаси ҷомеа мебошад.
Гуфтаҳояш ҳаққанд. Ў тайи фаъолияти қариб нимасраи рўзноманигорӣ мудом бо мардум аст. Мардум низ ўро бо ҳамин хоксорияш, қалби бе кибру кинааш дўст медоранд. Шоир ин мисраъҳоро дар ҳаққи Қурбонмурод барин қаламбадастон навиштааст:
Ба чашмаш зар надорад қадру қимат,
Ба халқаш меҳри беандоза дорад.
Надорад қасру ҳашмат, кибру кина,
Вале виҷдону қалби тоза дорад.

Алиҷон ҶЎРАЕВ,
Сайфиддин СУННАТӢ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: