Ҳизби "Яблоко" Явлинскиро номзад ба президентии Русия кард1-03-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби "Яблоко"-и Русия Григорий Явлинскийро номзад ба интихоботи президентии соли 2018- и Русия кард.
Дар суханронии худ асосгузор ва раиси Шӯрои сиёсии федеролии ин ҳизб Григорий Явлинский гуфт: "Нобоварӣ ва бетафовутии одамон - монеи аслии рушди кишвар аст. Дар чунин шароит кори давлат ба дасти ҳошиянишинҳо ё радди маъракаҳо меафтад". Пештар дар анҷумани ҳизб сиёсатмадорони мустақили Русия Владимир Рижков ва Дмитрий Гудков суханронӣ карда, пешниҳод намуданд, ки Явлинский номзади ягонаи нерӯҳои демократӣ дар интихоботи президентии соли 2018 шавад. Вакили Думаи давлатии Русия Дмитрий Гудков гуфт, омадааст аз номзадии Явлинский дар интихоботи президентии оянда ҷонибдорӣ кунад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.