Генерал Бридлав мегӯяд, Русия худро душмани Ғарб сохтааст29-02-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 403 нафар
Назарҳо: 0
Фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Аврупо генерал Филипп Бридлав ба ин назар аст, ки Русия тасмим гирифтааст «душмани» Ғарб" ва «хатар ба ҳастӣ»-и Иёлоти Муттаҳидаву шариконаш табдил шавад.
Генерали нерӯҳои ҳавоии ИМА Филипп Бридлав 25 феврал дар суханрониаш дар Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Палатаи намояндагони Конгресси ИМА гуфт, ки Русия талош дорад «қоидаҳои муайяшудаи низоми ҷаҳониро бознигарӣ карда», ягонагии Аврупоро вайрон кунад. Баъд аз он, ки Русия дар моҳи марти соли 2014 Қрими Украинаро ғасб ва бо кумаки ҷудоихоҳон дар шарқи Украина бо мақомоти Киев ҷангро оғоз кард, Бридлав ба яке аз мунтақидони фаъоли Русия дар миёни раҳбарияти низомии ИМА табдил шуд. Русия борҳо иддаои ИМА ва мақомоти дигари аврупоиро дар бораи он, ки ин кишвар барои Ғарб хатар эҷод мекунадро рад карда, ин талошро ҳамчун намоиши нерӯ арзёбӣ мекунад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.