Ҳаҷвия
Йигитчаи серҳаракат, олуфтанамо ва хеле сергап ба курсии таклифнамудаи ман нишаста, аз «Раъду барқи ҳаррўза» омаданашро гуфта, илова намуд:
-Шояд барои бо шумо интервю намудан омаданам эътироз нахоҳед дошт?
-Чаро омадам гуфтед?
-Барои интервю намудан.
-Аҳа, фаҳмо. Ҳа-ҳа. Ҳм! Ҳа-ҳа.
Субҳи ҳамон рўз худамро нохуш ҳис намуда истода будам. Аз чӣ сабаб бошад, каллаам ҳеҷ кор намекард. Чунин бошад ҳам, аздусар назди ҷевони китоб омада, то шаш-ҳафт дақиқа ину он чизҳоро ҷустагӣ барин шудаму пасон ба йигитча муроҷиат намудам.
-Ҳамон калима чӣ хел навишта мешуд?-пурсидам аз ў.
-Чӣ хел калима?
-Калимаи интервю.
-Э Худои ман-ей! Ин ба шумо чаро даркор аст?
-Ба луғат нигариста, мазмунашро донистан хостам.
-Ҳм! Ин чизи хеле аҷоиб! Чӣ тавр навиштани онро гуфтанам мумкин, агар шумо… агар шумо…
-Марҳамат, гуфтан гиред. Беҳад миннатдор мешавам.
-Ба фикри шумо ин калима бо «и» оғоз мешавад?
-Албатта!
-Э-э, сабаби луғатро хеле титу пит намуданам дар ҳамин ҷо будааст-да!
-Хуб, зоти мўҳтарам, ин калимаро чӣ тавр навиштан даркор буд?
-Ман… росташро гўям, намедонам. Охири луғатро варақ зада, онро миёни расмҳо хеле ҷустаам-а. Лекин дар дастам нашри хеле кўҳнаи луғат будааст.
-Эй, дўстам, будани чунин расм мумкин нест. Ҳатто дар нашри навтаринаш ҳам ёфт намешавад… Маро авф намоед, шуморо ранҷондан намехоҳам, аммо шумо мисли тасаввуркардаи ман одами бомаърифат набудаед. Маро бахшиданатонро илтиҷо менамоям, шуморо ранҷондан намехостам.
-Ҳоҷати узр пурсидан нест. Аз одамони ба ман хушомад наменамудагӣ ва ҳоҷати хушомад кардан набуда беҳад будани нодониамро чандин маротиба шунидаам. Ҳа, ҳа, нодонии ман завқи онҳоро меорад.
-Худам ҳам чунин фикр намуда будам! Лекин, ба масъалаи интервю баргардем. Медонед, аз одамони машҳур интервю гирифтан ба одат табдил ёфтааст.
-Не-е?! Инро акнун мешунавам. Шояд хеле аҷоиб бошад. Хуб, интервюро чӣ тавр мегиред?
-Медонед… хеле аҷоиб мешавад! Гоҳо ба дастат гурз (як навъ олати ҷангии пешинаи дастадори саркулўла, ки барҷастагиҳои мехчамонанд дорад, купол, амуди оҳанин) гирифтан ҳам рост меомад, аммо одатан интервючӣ савол медиҳад, ў ҷавоб мегардонад. Ҳозир чунинаш мўд шудааст. Иҷозат медиҳед, ки барои муайян кардани паҳлўҳои муҳими фаъолияти ҷамъиятӣ ва ҳаёти шахсиатон ба шумо якчанд савол диҳам?
-Марҳамат, бемалол! Зеҳнам хеле нохуб аст, фикр дорам, ки албатта барои ин маро авф менамоед. Гуфтаниям, ки зеҳнам хеле ғалатӣ, ким-чӣ хел номуназзам аст. Гоҳ шитобон, гоҳ мисли сангпушт хазиданаш маро хеле ранҷонда истодааст.
-Зарар надорад, аздусар барои чизеро фикр намудан кўшида бинед.
-Кўшиш менамоям. Ҳаракат менамоям.
-Ташаккур. Шумо тайёред? Шурўъ намудан мумкин аст?
-Ҳа, ман тайёрам.
-Чандсолаед?
-Моҳи июн нуздаҳсолагиро пур менамоям.
-Қоил! Ба ман бошад, шумо ба сиюпанҷ-сиюшаш даромадаед, мегуфтам. Дар куҷо таваллуд шудаед?
-Дар Миссури.
-Навиштанро кай шурўъ кардаед?
-Соли ҳазору ҳаштсаду сию шашум.
-Гапи беҳуда, охир шумо акнун нуздаҳсолаед-ку!
-Намедонам. Дарҳақиқат ким-чӣ хел ғалатӣ шуда истодааст.
-Ҳа, ҳамин тавр шуда истодааст. Шумо кадоме аз ин одамони то ин вақт мулоқотнамударо шахси аҷоибтарин меҳисобед?
-Аарон Барраро[1].
-Мумкин нест, шумо нуздаҳсолаед-ку!
-Агар дар бораи ман аз худам зиёдтар донед, чаро аз ман пурсида истодаед?
-Ман тахмин намуда будам. Бо Барра чӣ хел шинос шуда будед?
-Дар маросими дафни ў тасодуфан шинос шуда будам. Барра аз ман шавқун накарданро хоҳиш намуд ва…
-Ё аз қудратат! Агар дар маросими дафн иштирок намуда бошед, яъне ў фавтида будааст-да, агар фавтида бошад, шавқун мекунед ё не, ба ў чӣ фарқ дорад?
-Намедонам. Барра чунин одам буд.
-Ҳеҷ чизро фаҳмида натавонистам. Яъне, бо шумо суҳбат намуда, баъд фавтидааст…
-Ман фавтид, нагуфтаам.
-Лекин фавтидани ў рост аст?
-Баъзе одамон фавтид гуфтанд, баъзеи дигарашон нафавтид, гуфтанд.
-Худатон чӣ фикр доред?
-Ман чӣ кор дорам? Охир, маро дафн нанамуданд-ку!
-Шумо бошед… Ҳа, ин масъаларо ҳеҷ гоҳ ҳал намуда наметавонем. Барои аз шумо пурсидани чизи дигар иҷозат диҳед. Кай таваллуд шудаед?
Сию якуми октябри соли ҳазору шашсаду наваду се, рўзи душанбе.
-Чӣ? Чиҳо гуфта истодаед? Агар чунин бошад, яксаду ҳаштодсола будаед-да! Инро фаҳмонда метавонед?
-Ҳеҷ гоҳ фаҳмонда наметавонам.
-Худатон навакак ман нуздаҳсолаям, гуфта будед, ҳоло бошад, яксаду ҳаштод гуфта истодаед. Гапи ба ҳамдигар зид-ку!
-Э, инро дарк намудед? Худам ҳам бештар чунин мепиндоштам, лекин аҳамият намедодам, Шумо бошед, зуд дарк намудаед-а!
-Барои мулозимататон ташаккур. Акаю додар ва апаю хоҳаронатон буданд?
-Э-э… ба фикри ман буданд… боз намедонам, ба ёд оварда натавониста истодаам.
-Чунин гапи ғалатиро маротибаи аввал мешунавам.
-Наход?
-Албатта! Шумо чӣ гуфта фикр карда будед? Ба ман гўед, дар девор расм (портрет)-и кист? Акаатон нест?
-Ҳа! Хуб аст, ки ба ёд овардед, дар ҳақиқат ў акаи ман аст! Номаш Вилям бошад ҳам, мо ўро Билл гуфта фарёд менамудем.
-Чӣ?! Яъне ў фавтида будааст-да?
-Ҳа, фавтида буд. Бешубҳа фавтида буд, гуфтан ҳам душвор аст. Ҳамин чиз аниқ нашуда монд.
-Воқеаи аламовар. Ба фикри ман бедарак шуда будааст-да?
-Ҳа, умуман гирем, чунин гўем ҳам мешавад. Мо ўро дафн намудаем.
-Дафн намудаем?! Мурда-зинда буданашро надониста истода дафн намудаед-да?
-Не-е! Гап дар ин нест. Ба фавтиданку фавтида буд-а…
-Росташро гўям, ҳеҷ чизро нафаҳмида истодаам! Агар ўро дафн намуда бошед, яъне, шумо фавтиданашро дониста будаед-да…
-Не, не! Мо фақат фавтида будааст, гуфта фикр намудем.
-Ҳа, фаҳмидам! Ў боз зинда шудааст-да!
-Ҳеҷ гоҳ!
-Дар умрам ҳеҷ гоҳ чунинашро нашунида будам. Одам фавтид. Одамро дафн намуданд. Ҳеҷ чизро фаҳмида намешавад-а?
-Ман ҳам ҳаминро гуфта истодаам-да! Гап дар ҳамин аст. Медонед, мо бо марҳум дугоник будаем. Вақти пас аз таваллуд дуҳафтаина шуданамон моро дар ванна оббозӣ дорондаанд, яке аз ҳардуи мо ғарқ шудаем. Аммо ғарқ шудани кадоме аз моро намедонистем. Баъзе одамон Биллро, дигарон маро ғарқ шуд, гуфта фикр намудаанд…
-Қоил! Шумо чӣ фикр доред?
--Фақат ба худи Аллоҳ таоло маълум аст. Барои аниқ донистани ин ҳама чизи дунёро медодам. Ин мавҳумии мудҳиш тамоми ҳаётамро заҳролуд намуда истодааст. Аммо ман ба шумо то ин вақт як сири ба ҳеҷ кас маълум нанамударо мегўям. Дар яке аз ҳардуямон нишонаи алоҳида-дар дасти чапамон холи калонакак буд. Ин ман будам. Худи ҳамон кўдак ғарқ шуда буд.
-Қоил! Яъне, ҳеҷ гуна сир набудааст-да.
-Сир нест, гуфта истодаед? Ба фикри ман ҳаст. Ба ҳар ҳол ба ин қадар саросема шуда ҳамон кўдакро дафн нанамудани падару модарам ҳайронам. Лекин дар назди падару модарам дар ин бора даҳон накушоед. Худо шоҳид, бе ин ҳам ғаму ташвишашон аз сарашон зиёд аст.
-Хуб, ба фикри ман ба дараҷаи даркорӣ мавод гирифтам, барои илтифотатон раҳмат. Аммо, маълумоти додаатон дар бораи дафн карда шудани Аарон Барра барои ман ҷолиб шуд. Ба ман гуфта наметавонед, ки аз чӣ сабаб Барраро одами аҷоибтарин гуфта фикр менамоед?
-Гуфтанам мумкин аст. Умуман, ба ин аз панҷоҳ нафар якеаш таваҷҷўҳ менамуд. Пас аз хондани ҷаноза тобути марҳум хобондашударо ба аробаи махсус гузошта акнун ба тарафи қабристон роҳ пеш гирифта истодани халоиқ ногоҳ Барра чашмашро кушода, ин дунёи равшанро маротибаи охирин тамошо намудан хостанашро гуфту паҳлўи аробакаш нишаст…
Ҷавони интервюгир бо эҳтиром хайрухуш намуд. Аз бо ин ҳамсўҳбати аҷоибам бисёртар муошират намуда натавонистанам хеле афсўс хўрдам.
Аз ўзбекӣ тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
[1] Аарон Барра (1756—1836)-Арбоби давлатии Амрико.