Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ТУШБЕРА

16-09-2021, 09:00
Хабарро хонданд: 689 нафар
Назарҳо: 0
ТУШБЕРА

Тушбераро зиёд дўст медорам. Агар занам тайёр карда диҳад, ҳар рўз серӣ мехўрдам. Ба ҷои ман каси дигар мебуд, аллакай серӣ мехўрд. Мани сиёҳбахт бошам, ҳеҷ ҳам серӣ хўрда наметавонам. Ба ростӣ ҳеҷ корам барор намегирад. Пас аз пухтани тушбера акнун ба атрофи миз нишастан мехоҳем, ки сар мешавад. «Салом алейкум. Меҳмонро пешвоз гиред. Тушбера пухт-мӣ?»
Ин як даҳшат аст. Меҳмон гўянд, дар ман аллергия сар мешавад. Зуд-зуд тавассути телефон «тушберахўрӣ рафта истодаем», гуфта таъкид кардани хешовандонамонро намегўед? Мана, имрўз ҳам бўи тушбераро гирифтагӣ барин аз субҳ телефон кардан сар шуд.
Қасд кардагӣ барин занак ҳам дар хона нест. Дар ин бора пешакӣ хабар дода монда будам. Шояд ин ҳафта наоянд, гуфта хотирҷамъ будам.
Дил тушбера кашид. Биё, худам тушбера тайёр кунам. Наход тайёр карда натавонам? Мепазаму ақаллан як маротиба дар ҳаётам серӣ тушбера мехўрам, гуфта ба хамир кардан оғоз намудам. Дар навбати аввал гўштро аз гўштқимакунак гузаронидам, пиёз, намак, мурч андохта, хуб омехта намудам.
Акнун хамирро ба рўи миз ғелонда истода будам, ки садои тақ-тақи дар шунида шуд. Худо зад, хушдоманам, ако ва ҷиянаш ҳамроҳ омадаанд. Бовар кунед, мўи сарам рост шуда рафт.
Хушдоманам:-Духтарам набошад ҳеҷ гап не, домодам дар хона аст-ку. Аз дасташ ҳама кор меояд. Ҳозир чунон тушбера тайёр намояд, ки асло мондан гиред…-гуфта беист маро таъриф кард.
Гўштро ба яхдон гузошта, аз ҷаҳл аз он тарафи ошхона ба ин тарафаш як-ду маротиба рафта омадам.
Аз хона овози хирросии: «Тушбераи Комилҷонро кай мехўрем?» шунида шуд.
Таваккал карда, ба омода сохтани тушбера қарор намудам. Ба миз ғелондани хамирро сар кардам. Хамир ба миз часпида монд. Хамирро аз миз базўр ҷудо карда гирифтам. Боз ба миз ғелонданро сар кардам. Худам ҳам ба миз бо хамир часпида мондам. монам мешавадми. Баъдан фаҳмам, каме орд пошидан даркор будааст. Канӣ акнун хушдоманам ёрӣ диҳад, не.
Бо телефон боз аз куҷое хешашро ба тушбера таклиф мекард.
Хамирро ғелонда шудам. Ба пиндори ман тунук барин намуд. Бинам тушбера калон метобад. Мана, об ҳам ҷўшид. Тушбераро ба об андохта, бо ҳавсала ҳисоб кардам. Расо панҷоҳто будааст. То тамоку кашида шуданам тушбераҳо пухтанд. Тушбера пухта, хеле калон шудааст. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, тушбераҳоям маҳз ба қурбоққа монанд буданд. Мисли ҳамешагӣ таърифҳо сар шуданд.
-Чӣ хел тушбераҳои калон шудаанд.-таъкид кард тағои занам. Он кас дар ҷумҳурӣ аз одамони мартабаноктарин.-Мардакҳо мехўрдагӣ шудааст-да. Ҷонварро дутоашро хўрӣ, сер мешавӣ,-гуфта илова кард.
Хушдоманам сар кард: -«Қоил, домод, ҳатто ба гўшт андохтани сабзиҷотро ҳам аз ёд набароварди-а».
Бинам, тушбера тамом шуда истодааст. Ман ҳоло чашида надидаям. Ба зудӣ бо чоршоха (вилка) якеашро гирифта, ба даҳонам партофтам. Сангро газидагӣ барин шудам. Оҳиста тушбераро ба табақча гузоштам. Бо корд бурида бинам, ба дарунаш корди гўштқимакунак афтида будааст. Хуб шудааст, ки ба ман афтидааст. Агар рафту ба тағои фарбеҳам меафтид… Фурў бурданаш мумкин буд. Дар он вақт кор чатоқ мешуд.
Ҳа, Комилҷон, раҳмат, барои тушбераҳоят,-гуфт боз як тағои дигарам.-Мо надонистаем истеъдоди ошпазӣ доштанатро, ба ту баҳои баландтарин гузоштем.
-Минбаъд инро шустан даркор аст,-гуфта тақвият дод ҷиянаш.
-Дар иди омадаистода мешўем. Набошад дар рўзи ид ба дар хонаи шумоён нишастан қарор кардем.
-Дар ин ид ман дар хона намешавам,-гуфтам базўр.
-Идҳои дигар ҳастанд-ку, домод,-гуфт хушдоманам.
Ана ҳамин хел гапҳо, ҷўра.
Аз ўзбекӣ тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: