Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Суруд калиди руҳи инсон аст

Суруд калиди руҳи инсон аст

16-09-2021, 10:30
Хабарро хонданд: 881 нафар
Назарҳо: 1
Суруд калиди руҳи инсон аст


Суруд ба рўҳия оромӣ мебахшад. Ба ҳамин маъно мусиқӣ ва сурудҳои ҳақиқиро калиди рўҳи инсон ҳам гуфтан мумкин аст…
Шукр аз хазинаи маънавии мо фарзандони машриқзамин асарҳои сараи даҳоҳои бузург, олиму уламоҳо, фозилу фузалоҳо ҷой гирифтаанд. Дар соҳаи мусиқӣ ҳам меросҳои бобоии барои ба аҳли ҷаҳон намоиш додан меарзидагӣ-асарҳои ноёб маҳфузанд.
Бешубҳа дар хонадони шунавандаҳои ҳақиқии суруд тасмаҳои овозҳои ҷовидона ва нотакрори ҳофизон сабтшуда маҳфузанд.
Мутаассифона, ҳоло аз миллият дур шудан, офаридани мусиқиҳои сатҳӣ ба мисраҳои саҳлангорона ва бемаънӣ оҳанг бастанҳо ба пардаи авҷаш расида истодааст. Ин ҳолатҳои аз талаби замон ё тақлиди кўр-кўрона ба халқҳои Аврупо… баромадаистода, яъне паҳн шудаистода фидоиҳои миллатро ба ташвиш наоварда намемонад.
Мо имрўз бобати ҳамин мавзўҳо бо санъаткори шинохта Машрабхон Қаландаров сўҳбат оростанро ихтиёр намудем.
Машрабхон Қаландаров 21 апрели соли 1956 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар мактаби миёнаи ба номи Алишери Навоии пойтахт таҳсил намудааст.
Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Дар ансамбли суруд ва рақси «Лола», инчунин солҳои тўлонӣ дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба сифати яккахон (солист) фаъолият намудааст.
Равияи асосиаш дар сарояндагӣ шашмақом аст.
-Машрабхон-ака, ибораҳои оҳанг, суруд тавъами ҳамдигаранд. Инҳоро аз ҳамдигарашон ҷудо тасаввур намудан мушкил аст. Суҳбати имрўзаамонро ба ин суханҳо бо таърифи шумо оғоз намоем…
-Инсон ҳаёташро бесуруд тасаввур намуда наметавонад. Сабабаш… ғизои асосии рўҳияти инсон ба фикри ман сухани хуб, мусиқии зебо, сурудҳои ҷаззобанд. Рўҳият доим ба инҳо дар худ эҳтиёҷ эҳсос намуда зиндагӣ мекунад. Мегўянд, ки Аллоҳ вуҷуди инсонро аз хок сохта, вақти ба он ворид намудани рўҳ най як нолиши ҳазин намуда истода будааст. Акнун вақти тамоми оламу инсониятро дар маҳшар аз нав зинда намуда ҷамъ карданаш ҳам зоти олӣ ба фаришта Исрофил навохтани сурро мефармудааст. Тасаввур намоед… Ҳам ибтидо, ҳам интиҳои ҳаёт бо оҳанг оғоз шуда, бо оҳанг анҷом шуда истодааст…
Яъне инсонро дар ин дунёи фонӣ бидуни оҳанг, суруд тасаввур карда намешавад. Ба суруд ҳам таърифи гуногун медиҳад. Ба назарам он ба маҳзун-маҳзун тапидани қалб монанд аст…
-Солҳои зиёдест, ки ба мухлисон қатор-қатор сурудҳои аҷоиби равияи мақомро ҳадя намуда истодаед. Сабаби роҳи сурудхонии мумтозро интихоб намудани шумо чист?
-Дар дунё ҳеҷ чиз худ аз худ намешавад ё худ ҳодисаи бесабаб нест. Қабл аз ба ин савол ҷавоб гуфтан дар бораи муҳити маро бузургнамуда сухан гуфтанам рост меояд.
-Марҳамат.
-Бобои раҳматии мо Қаландархон эшон писари Офоқхўҷа эшон аз инсонҳои хеле бузург ва дар тақвою ибодат беназири Душанбе буд. Он кас вақтҳои донишгоҳи санъатро хатм намуда истоданам дар 94-солагӣ ба дунёи боқӣ реҳлат намуданд. Тезии нафасашон дар ин тараф дар Бадахшону Хатлон, дар он тараф дар Бухорою Самарқанд ва водии бузурги Фарғона овоза буд. Бисёр одамони ба пойтахтамон ба меҳмонӣ омада, дар иштиёқи гирифтани дуои бобои мо ба хонадонамон ташриф меоварданд. Хусусан ҳофизони калон-калони худамон ва Ўзбекистон Комилҷон Отаниёзов, Ҷўрахон Султонов, Маъмурҷон Узоқов, Қувондиқ Искандаров, Отаҷон Худойшукуров, Олмахон Ҳайитова, Ортиқ Отаҷоновҳо вақти бо сафари эҷодӣ омадан албатта дар хонаи мо меҳмон мешуданд. Ҳамон вақт то субҳ суҳбатҳо, иҷрои сурудҳои мумтоз ба авҷаш мебаромад. Ана ҳамин нишастҳо, суҳбатҳои ҷоноҷону дилкаш маро мафтун намуда, дар дилам нисбати санъат завқу шавқ пайдо мешуд. Бобои мо ҳам сурудро аз ҷону дил дўст медоштанд. Аз Худо агар фарзанди писар диҳад, ҳофиз шуданашро хоста будаанд.

Суруд калиди руҳи инсон аст
Амакамон Бобохон эшон ҳам овози Худодод доштанд. Падарамон Гадойхон эшон (номи аслиашон Файзуллохон) баъзан бо ғурур вақти шунидани сурудҳоям: «Дуои падари раҳматии мо иҷобат шуд, шукри Худо»,- мегўянд. Аз ин суханҳо ман олам-олам завқ мегирам. Рафта-рафта шабҳои сурудхонии хонаи мо ба рўҳияти ман кўчидагӣ барин шуд. Ба даст дутор гирифта, ба замзама намудани сурудҳо оғоз кардам. Фикр менамоям, ки сабаби асосии равияи мақомро интихоб карданам ҳам аз таъсири ҳамин муҳит аст.
-Мақом ҳам дар навбати худ якчанд самтҳо дорад. Чаро Шумо асосан мақомҳои Хоразмро месароед?
-Мақомҳои Хоразм дар асл як навъи ба худ хоси маҷмўи мақомҳо мебошанд. Шакли то ба мо расида омадааш шашмақом, асосан аввалҳои асри 19 шакл гирифтааст. Ба намояндаҳои бузурги мақоми хоразм Ниёзҷон Хўҷа, Комил Хоразмӣ, Феруз ва Комилҷон Отаниёзовҳо, пас аз онҳо ба Отаҷон Худойшукуров, Ортиқ Отаҷоновҳо ихлосам баланд аст. Шояд ин равия меваи ҳамин ихлос бошад …
-Ҳозир иллатҳои бади дар тўй, иду базмҳо ба чашм баръало намоён шудаистода ин аст, ки аз классика тамоман дур будани ҷавонон, ба матнҳои сатҳӣ мусиқии аз эстрадаи хориҷ дуздидашударо часпонда истодаанд. Муносибататонро нисбати эҷоди ҷавонон ва чунин ҳолатҳо донистан мехостам.
-Дар дунё ҳар як миллат соҳиби урфу одат ва санъати милли худ мешавад. Ба назарам аз миллат дур шудани миллият ин фоҷиа аст. Дуруст, ҳама чизро тағйир додани вақт, давр мумкин аст. Шояд ҷойҳои даркории баъзе анъанаҳои миллати дигарро ба сифати намуна гирифтан мумкин бошад. Аммо кўр-кўрона, пурра истифода намудан мувофиқ намеояд. Мутаассифона ҷавонони мо ба ин чиз хеле-хеле майл намуда истодаанд. Чуноне гуфтед, дар тўйҳо сарояндаҳои аз мусиқиҳои «дуздидашуда», шеърҳои сатҳӣ истифода менамудагӣ пур шуданд. Боз таъсуфораш ин аст, ки мусиқиҳо ба воситаи таҷҳизоти техникӣ тайёр намуда, сабт карда ба тўйҳо оварда мешаванд. Ба он «ҳофизон» матн гузошта месароянд. Ҳатто бисёриашон навохтани асбоби мусиқиро ҳам намедонанд. Инро чӣ хел шарҳ додан мумкин аст?
-Ба фикри шумо барои пешгирии ин чӣ гуна чораҳо андешидан даркор аст?
-Санъаткор будан аз шахс аввало истеъдод, пасон заҳмати пайвастаро талаб менамояд. Дуруст, миёни ҷавонони ҳозира бисёр соҳибони овози ширадор ҳастанд. Тарбияи онҳоро аз муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ оғоз ва дарсҳои сурудро ҳоло пурра дар асоси барномаи миллӣ таҳия намудан даркор аст. Дар ин ҳолат ҷавонҳои ба санъат лаёқатдошта аз муассисаи таълимии миёнаи умумӣ ба пойдевори пухта соҳиб мешаванд ва дар оянда роҳи худро ба қадри имкон зуд меёбанд. Қаблан ҳам мусиқӣ, ҳам шеърҳо аз санҷиши сахт гузаронда мешуданд. Ҳоло-чӣ? Баъзеҳо худашон ҳам шоир, ҳам оҳангсозанд. Аз сабақи устодони калон бехабаранд. Умри иморати бе пойдевор кўтоҳ мешавад…
-Биёед, боз ба ҳаётатон баргардем. Дар бораи устодонатон чанд сухан мегуфтед…
-Соли қарзи сарбозиамро ба ҷо оварда баргаштанам ба шаҳри мо ҳофизони шинохтаи ўзбекистонӣ Қувондиқ Искандаров ва Олмахон Ҳайитова ташриф оварданд. Шаби ба зиёрати бобои мо омадан боз то субҳ ғазалхонию сурудхонӣ шуд. Ҳамон вақт бобои мо: «Дар мо ҳам набераи мисли шумоён хоҳиши ҳофиз шудан дошта ҳаст. Ба шумоён ҳавас намуда сурудҳоятонро хондагиаш хондагӣ. Як намешунавед?!»-гуфтанд. Ҳофизон маро бо шодӣ истиқбол гирифтанд. Ман ҳамон вақт назди кошифони санъат бо ҳазору як истиҳола мухаммаси Огаҳиро ба «Этмас» (мазмуни «Этмас» ба тоҷикӣ «Намекунад» аст) ном ғазали Навоӣ сурудам. Он ин тавр оғоз мешуд:
Фалакким яхшилар базмида қадримни баланд этмас,
Даме йўқким ямонлар мажмаида мустаманд этмас…

Суруд калиди руҳи инсон аст
Баробари сурудро анҷом бахшиданам ҳофизон ба ман фотиҳаи сафед доданд. Ҳофизони номашон дар боло зикршударо ба худам устод медонам. Аз сарояндаҳои маҳбуби халқамон Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Бурҳон Муҳаммадқулов, Абдуназар Ҳасанов розҳои нозуки санъатро омўхтаям. Дар сурудхонӣ ба чӣ қадар муваффақиятҳо ноил шуда бошам, барои ҳамааш аз устодонам миннатдорам.
-Ибораи муҳаббат ба Ватанро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Ватан, маскани хуни ноф рехта-ин хеле ҳам муқаддас ба ҳисоб меравад. «Дўст доштани Ватан аз имон аст»,-беҳуда гуфта нашудааст. Меҳри хоки Ватан бо ҳеҷ чиз қиёс карда намешавад. Зеро чуноне шоир гуфтааст,
Мен шубҳа қиламан лоқайд одамнинг,
Қаҳрамон номини олганлигига.
Мен шубҳа қиламан Ватан туйғуси,
Бўлмаган одамнинг одамлигига.
Соли 1989 маро ба Тошканд даъват намуданд. Ҳамон вақтҳо намоиши барномаи «Дўст билан обод уйинг» («Хонаат бо дўст обод аст») буд. Тайёрии хуб дида рафтам. Равам, дар студия Ҳофизи халқии Ўзбекистон Фахриддин Умаров (Худо раҳмат кунад) нишастаанд. Дар намоиш он кас ғазали Фузулӣ «Этмасмидим» (Тарҷумааш «Намекардаммӣ»)-ро бо маҳорати хуб иҷро намуданд. Монандии аҷоибро бинед, ки ман як ғазали Нодираро айнан дар асоси ҳамин оҳанг ба забони тоҷикӣ тайёр карда рафта будам. Аз ин ҳама хурсанд шуданд. Пас аз намоиш Раиси Комитети давлатии Радио ва телевизион маро ба ҳузураш даъват намуда, «Машрабхон, ба Тошканд намеоед? Ҳамаи шароитҳоро ба шумо муҳайё менамоем…»-гуфтанд. Ман бошам, барои ҳамаи илтифотҳо миннатдорӣ баён намуда, ба Ватан баргаштам. Пас аз ба хона баргаштан дар ин бора бобати аз Душанбе кўчида рафтан ҳатто фикр ҳам накардам. Сабабаш ин аст, ки муҳаббат ба Ватан барои ба он тарафҳо рафтанам роҳ надод…
-«Шавқи дидор» ном аввалин албоматон аз тарафи мухлисон бо як олам шодӣ истиқбол гирифта шуда будааст…
-Агар бо ҳамин дастагули сурудҳои хоксорона ба қалби шунавандаҳо ҳаяҷон ворид намуда бошам, худамро хушбахт меҳисобам. Дар ҳақиқат ин албом ҳамчун самараи ҷустуҷўҳои эҷодии бисёрсола ба дунё омад. Дар он сурудҳои бо шеърҳои санъаткорони сухан Лоиқ Шералӣ, Меҳмон Бахтӣ, Воситзода, Собир Султон, Аъзам Сидқӣ, Ўлмас Ҷамол сурудашаванда ҷой гирифтаанд.
Дар бораи шогирдонатон мегуфтед…
-Ман аз даъвои устодӣ намудан дур ҳастам. Худам ҳоло ҷустўҷў намуда истодаям. Ҳамеша нисбати панди устодон дар худ эҳтиёҷ эҳсос менамоям. Аммо, шукри Худо чизҳои донистаямро ба қадри имкон ба ҷавонҳо меомўзонам. Ҳар дафъаи устод гуфта оғўш кушода ҳолпурсӣ намудани Артисти халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев сарам ба осмонҳо мерасад. Шавкат Бадалов, Шарофиддин Содиқов барин бисёр сарояндаҳои ҷавон зуд-зуд омада маслиҳатҳо мегиранд.
-Дар бораи Ватан бо ҳаяҷон сухан гуфтед, дар бораи тағйиротҳои он чӣ гуфта метавонед?
-Ватан ин маъвои муқаддас аст. Қабл аз ҳама дар қалби эҷодкор пай гузоштани ҳар як воқе, ҳодисаҳои дар он рухдода ҳақиқат аст. Ба Худо шукри беадад, ки Тоҷикистон барин ВАТАНи биҳиштосо дорем. Сарвари халқу Ватанро торафт сўи ободӣ ва ривоҷу равнақ раҳнамун сохтаистода Пешвои миллатамон ҳасатанд. Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин диёр, ин Ватан обод, боз ҳам ривоҷу равнақ хоҳад ёфт, иншооллоҳ. Таҳти роҳнамоии бевоситаи он кас дар ҳамаи соҳаҳо тағйиротҳои бузург рух дода истодаанд. Дар Паёми имсолаи ба парламент фиристодаашон ҳам дар бораи таҳким бахшидани маънавияти халқ алоҳида қайд намуданд. Ман ҳам ба сифати як санъаткор ба ҳамаи даъватҳои Ҳукуматамон ҳамеша лаббай, гуфта ҷавоб дода, барои ба ҳамин Ватан сидқан хизмат намудан тайёрам.
Аз ўзбекӣ тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ.
Нашрияи «Халқ овози» 21 апрели соли 2016
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Serzczk 9 января 2022 21:00
Друзья, я последние несколько лет вообще не смотрю телевизор!!! И считаю его Злом, так как вся информация преподносится так как нужно руководству страны. А мы это кушаем.
В последнее время все больше смотрю Ютуб и выискиваю там информацию по крупицам. А так же ищу независимые новостные сайты, которые подают информацию более независимо, такие как Радио свобода или myukraina.com.ua.
Выбирайте и читайте информацию, отсеивайте лишние, перебирайте источники и только тогда Вы сможете найти полезную новость.
Кстати недавно прочитал очень интересную статью, которая касается каждого из нас:
http://cobyinstruments.com/en/boards/topic/96080/%D1%88%D0%BA%D0%BE%D0%BB%D1%8C%
D0%BD%D1%8B%D0%B5-%D0%BA%D0%B0%D0%BD%D0%B8%D0%BA%D1%83%D0%BB%D1%8B-2021-2022-%D1
%83%D1%87%D0%B5%D0%B1%D0%BD%D0%BE%D0%B3%D0%BE-%D0%B3%D0%BE%D0%B4%D0%B0-%D0%B2-%D
1%83%D0%BA%D1%80%D0%B0%D0%B8%D0%BD%D0%B5
http://aasted.org/adblock/profile.php?mode=viewprofile&u=283116
http://www.phuctrach.net/memberlist.php?mode=viewprofile&u=131
https://www.antaliaambar.com/viewtopic.php?p=211#p211
http://the-cinema.online/user/Serzpim/
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: