Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бузбозиҳои шарқӣ дар ғарб

Бузбозиҳои шарқӣ дар ғарб

29-02-2016, 18:00
Хабарро хонданд: 681 нафар
Назарҳо: 0
Бузбозиҳои шарқӣ дар ғарб
Агар мегуфтем, ки ватани бозии рӯиимизии домино Хитой аст, шояд бисёриҳо бовар намекарданд, зеро домино калимаи франсузӣ мебошад. Аммо чунин аст. «бобокалон»-и доминои имрӯза кубикчаҳои сиёҳу сафедкардашуда буданд, ки тавассути партофти онҳо тақдири ин ё он нафар пешгӯӣ карда мешуд.

Яқин аст, ки хоҳишмандони фаҳминдани тақдири ояндаи худ мудом зиёд буд ва имрӯз ҳам чунин аст.

Ихтироъкорони ин шуғл барои қонеъ сохтани талаботи қуръабинон дар ду ҷониби кубикчаҳо рақам гузоштанд. Ҳанӯз дар асри 12 рақамҳои ҷониби чапу рости саққои мураббаъ «тақдир» -ро пешгӯӣ менамуд.

Дар баробари фолкушоӣ ин амал ба пайдоиши домино асос гузошт. Вале домино кай ва дар куҷо чун шуғли варзишӣ оғоз гардид, касе намедонад. Фақат ин чи яқин аст, ки дар Хитойу Ҳиндустон имрӯз анқариб 50 намуди домино мавҷуд мебошад. Ақидае мавҷуд аст, ки доминои хитоӣ аз бозии маҷҷонг, ки дар ибтидои асри 20 дар Америко маъруфияти зиёд дошт, сарчашма мегирад. Аммо ин далелро то имрӯз касе исбот кардани нест. Гурӯҳи дигар таърихи ин бозиро ба замони обхезиҳои бузург нисбат медиҳанд. Тоифае бар ин далел мӯътакиданд, ки домино ихтироъи Конфутсий аст. Дар Арупо бошад, доминоро бо ордени роҳибони доминаканӣ нисбат медиҳанд. Гап дар ин ҷост, ки роҳибон мудом плашҳои сиёҳи дарози гиребон сафед мепӯшиданд . Ин либосро домино мегуфтанд. Калимаи домино аз мафҳуми лотинии (domihys) гирифта шуда, маънояш ободат ба худованд аст. Гумон аст, ки маҳз доминаканиҳо дар радифи шаш хонаи домино хонаи ҳафтум «хонаи холиро», ки дар варианти шарқӣ набуд, асос гузоштанд.

Домино чун шуғли дӯстдошта дар асри 18 дар тамоми кишварҳои Аврупо паҳн шуд. Бо гузашти солҳо ва зиёд шудани шумораи иштиёқмандон қоидаи ин навъи бозӣ ҳам такмил ёфта, мухлисони зиёд пайдо кард.

Дар Голландия ҳамасола рӯзи бозии домино гузаронида шавад. Оғоз аз соли 2003 дар Федератсияи Русия домино чун навъи варзиши анъанавӣ дониста мешавад.

Дар Тоҷикистон, низ домино шуғли истироҳату фароғат дониста шуда, «буз» лақаб гирифтани ин ё он бозингари мағлуб шуда танҳо ба хотири ҳазлу мутоибаи яклаҳзаинаи мухлисони ин навъи варзиш мебошад.
Маъруфи Бобораҷаб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: