Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа28-09-2021, 08:19
Хабарро хонданд: 110 нафар
Назарҳо: 0
28.09.2021 07:53, ноҳияи Роштқалъа
28 сентябр дар ноҳияи Роштқалъа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо санъати баланд бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Роштқалъа бунёд гардида, гирду атрофи он бо шаклу услуби хоси меъморӣ сохта шудааст. Баландии пояи Парчам 33 метрро ташкил дода, паҳноии матои Парчам 4 ва дарозияш 8 метр мебошад. Пояи Парчами давлатӣ бо сангҳои ороишӣ оро ёфтааст ва корҳои сохтмонии он бо сифати баланд ва бо назардошти санъати муосири меъморӣ анҷом дода шудааст. Дар майдони Парчами давлатӣ барои сокинон шароити хуби сайру гашт ва фароғат фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар гулгашти назди Парчам 16 адад нишастгоҳ насб гардида, майдон бо гулҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст. Ҳамчунин дар ҳудуди майдон дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шудааст, ки ба иншооти мазкур шаҳомати дигар зам мекунад. Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа ҳамчунин дорои даромадгоҳи зебо буда, гирду атрофи иншоот панҷарапӯш кара шудааст. Хусусан шомгоҳон мавзеи мазкур назаррабо буда, ҳудуди майдонро 24 чароғпояи зебову замонавӣ равшанӣ мебахшад. Бунёду ба истифода додани рамзҳои давлатдорӣ ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои мамлакат бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ин иқдом намунаи беҳтарини тарбияи насли ҷавону наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дониста мешавад. Дар доираи ҳамин иқдоми наҷиби давлатдорӣ сокинони ноҳияи Роштқалъа низ соҳиби чунин иншоот гардиданд ва минбаъд метавонанд дар ин майдон ҳамоишу чорабиниҳои гуногуни ватандӯстӣ баргузор намуда, ҳамчунин истироҳату сайру гашт кунанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.