Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МЕҲНАТ, ДАРОМАД ВА ХОҶАГИДОРИ ДАР ОИЛА

МЕҲНАТ, ДАРОМАД ВА ХОҶАГИДОРИ ДАР ОИЛА

27-09-2021, 08:49
Хабарро хонданд: 118 нафар
Назарҳо: 0
МЕҲНАТ, ДАРОМАД ВА ХОҶАГИДОРИ ДАР ОИЛА

АНДЕША: Ҳар як фард, ҳатто ҳар махлуқи ҷондор бо меҳнату машаққат ба арсаи ҳаёт меояд ва нафаси аввалинро бо меҳнат оғоз мекунад.
Меҳнат шарти аввалини мавҷудияти инсон аст, ки тавассути он инсон предметҳои табиатро шаклан тағийр дода, барои қонеъ гардонидани талаботи худ кор мекунанд.
Одам ба туфайли меҳнати бошуурона аз ҷаҳони махлуқоти зинда фарқ мекунад, қувваҳои табиатро ром ва ба нафъи худ сафарбар месозад, олоти меҳнату истеҳсолот офарида, қобилият, маҳорату донишашро равнақ дода, ба ҳамин ривоҷу равнақи минбаъдаҳо пешбини менамояд. Одамон дар давоми фаъолияти меҳнати воситаҳои зиндагиро ба даст оварда, байни ҳамдигар муносибатҳои истеҳсоли барқарор месозанд. Қобилияту маҳорати инсон дар ҷараёни меҳнат вусъат меёбад. Дар ҷаҳони мутамаддин ҳар як фарди ҷамъият вазифадор аст, ки бо меҳнати фоиданок машғул шавад, меҳнатро манбаи дилхушиву вақтчоқӣ, мавҷудияту ҳаловат донад.
Меҳнат мувофиқи қобилияту маҳорати шахс, ҳамчунин ҳуқуқ ба интихоби касбу ҳунари дилхоҳ бардошта, ба дахлнопазирии вай замонияти комил дода шудааст. Инро аз синни кӯдаки ба волидон фаҳмонда, онҳоро пос доштану афзун намудани анъанаҳои меҳнатии оила, авлод ва халқи худ водор кардан лозим аст. Онҳо бояд донанд, ки сарчашмаи фаровонии нозу неъмати дастурхони падар, ободонии хонадон, иззату эътибори ҷамъиятии волидон ва умуман оила маҳз меҳнати фоиданоку самарабахши онҳост.
Тарбияи меҳнати ҳанӯз дар хона аз кору бори рӯзгор оғоз ёфта, ҳисси меҳнатдӯстӣ, ҳунардӯстӣ, сарфаю сариштакории онҳо бо ибрати нек, таъсир ва маслиҳати падару модарон ташаккул меёбад, онҳо ба қадри ҳар гуна неъмати моддӣ расониданро аз калонсолон, махсусан аз волидони хеш меомӯзанд. Волидон ҳар корро ба фарзандон мувофиқи қобилияту маҳораташон тақсим карда, ба иҷрои онҳо назорат кунанд ва ҳар кори хубу хушсифатро қадр созанд.
Меҳнат бояд ба як марому низоми муайян ба роҳ монда, бо тариқи коллективӣ ва кӯмаки ҳамдигарӣ ба ҷо оварда шавад. Яке дегу табақро шӯяд, дуюмин онҳоро хушконида ҷо ба ҷо гузорад, сеюмин дастурхонро ғундорад ва ҳоказо. Сохтмон, киштукор, ҳосилғундорӣ ва амсоли ин корҳои дигарро ба тариқи ҳашари умуми баҷо овардан ба меҳнат як рӯҳи дилхушӣ, шодкомӣ мебахшад ва ин таҷриба, маҳорат ва ҳунари волоро як нав тарғибу ташвиқ менамояд.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ -Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: