Маърифати экологӣ16-04-2021, 08:30
Хабарро хонданд: 363 нафар
Назарҳо: 0
Тадқиқоти илмӣ ва таҷрибаҳои зиндагӣ собит мекунанд, ки омилҳои инкишоф ва ташаккулёбии тарбияи наврасону ҷавонон – аломатҳои биологӣ (ирсият), муҳит (табиӣ ва иҷтимоӣ) ва таълиму тарбия буда, ин омилҳо на фақат байни ҳамдигар алоқамандии зич доранд, балки ба ҳамдигар таъсири худро мерасонанд. Бояд дар хотир дошт, ки асоси ташаккули тарбия вобаста ба муҳити тарбия аст. Таълим ва тарбия яке аз рукнҳое мебошанд, ки дар ҳамбастагӣ амалӣ мегарданд ва дар доираи муҳит ва талаботи ҷомеа сурат мегиранд. Масъалаи ташаккул додани ҳисси худшиносӣ, накуӣ ва маърифати экологии наврасону ҷавонон ин амали якҷояи се ниҳоди асосӣ: оила, мактаб ва аҳли ҷомеа мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ташаккули шахсият, хусусан, тарбияи наврасону ҷавонон эътибори махсус дода мешавад. Аз ҷумла, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи маориф” (17 майи соли 2004, №34), “Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 3 майи соли 2002, №200), “Консепсияи миллии тарбия” (3-юми марти соли 2006) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (02.08.2011, №762).Қонуни мазкур на танҳо падару модар, балки роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омўзгорон,ҷомеа ва давлатро вазифадор менамояд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас,алалхусус, тарбияи маърифати экологӣ диққати махсус диҳанд. Тарбияимаърифати экологӣ он вақт ба ҳадаф мерасад, ки бефосила бошад, аз синни томактабӣ шурӯъ шуда, дар мактаб, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва берун аз он давом ёбад. Барои баланд бардоштани савияи донишу маърифати экологии ҷавонон, бароиноилшуданбарушдиустувордарсистемаимаърифатиэкологииҷаҳонӣазтаҷриба, усулвашаклҳоигуногунистифодамекунанд, кидаринсамтбафаъолиятиамалӣватаҳқиқотӣтакянамуданзарурвабаманфиатиумум хоҳадбуд. Шаклуусулҳоитарбия ва маърифати экологӣ инҳоянд: мактабиэкологӣ, бозиюҷашнҳоиэкологӣ, истироҳатгоҳ (лагер)-иэкологӣ, туризмиэкологӣ, коргоҳиэҷодӣ, ҷамъиятиилмиимуҳассилин, маҳфилҳоиэкологӣ, мубоҳисаҳо, истифодаитехнологияимуосирииттилоотӣ, осорхонаи экологӣ, иқдомунамоишҳовағайраҳо.Ташкили тарбияи самараноки экологии наврасон ва ҷавонон имкониятфароҳаммеорад, киинсонмуҳитизистроҳимоякунад, тозанигоҳдорад, сарватҳоионроафзунгардонад. Худдаронсиҳатусаломатумрбасарбарадвамуҳитизисти аз ҷиҳатиэкологӣтозаробанаслҳоиояндабоқӣгузорад. Тарбияиэкологӣваҳифзимуҳитизист, пешазҳама, ҳимояинаслиимрўзаю ояндаимиллатродарназардорад. Барои ба ин мақсад ноил гардидан дар кишвар соли 1996 «Барномаи давлатии тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1998-2008» ва БарномаидавлатиикомплексиирушдитарбиявамаърифатиэкологииаҳолииҶумҳурииТоҷикистондардавраитосоли 2020 қабул шудаанд, ки ба талаботи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ҷавобгў буда, аз нуктаи назари ҳифзи муҳити зист ва тарбияву таҳсилоти экологӣ ба насли имрўзаву оянда хизмат мерасонанд. Ин барнома дар барои талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳоро уҳдадор мекунад, ки ҳифзи захираҳои табиат, экологияи шаҳру деҳот, васоити техникӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, кишоварзӣ, ҳуқуқу ахбори умумро таҳти масъулияти худ қарор диҳанд. Бо мақсади такмили умумии маҷмўи маърифати экологӣ, таҳсилот ва тарбияи мутахассисони касбӣ зарур аст, ки муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, донишкадаву донишгоҳҳоро бо мутахассисони соҳа таъмин намояд, то ки дониши тахассусиашон такмил ёбад. Тарбия падидаи иҷтимоӣ, рўҳӣ, фарҳангӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат мерасонад. Вай ҳамчун фаъолияти мақсадноки инсон барои рушди ҳади аксари шахс ва ворид шудани ў ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ, ки худ субъекти он қарор мегирад, равона карда мешавад. Инсон, ки ҷузъи таркибии ҷамъият ва табиат аст, наметавонад аз он берун бошад. Худи муҳит ё ҳаёти фаъоли ҷамъият мактаби бузурги тарбия аст. Инсон дар ҳолате аз муҳит меомўзад, ки аввало худаш фаъол бошад. Таъсири тарбия ба ҳамин гуна шахс бештар аст. Дар ин ҳолат,муҳит чунин шахсро ташаккул медиҳад ва зиндагиашро мақсадноку пурмазмун мегардонад. Дар баробари тараққиёти истеҳсолоти ҷомеа ва мураккаб гаштани муносибатҳои иҷтимоӣ нақши тарбия меафзояд. Тарбия ба сифати воситаи ҳалкунанда баромад мекунад, тавассути он барномаи инкишофи иҷтимоии шахсият, рушди қобилият ва аломатҳои модарзодӣ такмил меёбад. Инсон аз ибтидо роҳҳои мураккабу тўлониро тай намуда, рушду камол меёбад. Инкишофи шахсият, ин ҷараёни дигаргунии миқдорӣ ва сифатӣ буда, он бо ду намуд зоҳир мегардад: -тағйироти анатомӣ – физиологӣ, яъне инкишофи ҷисмонӣ: қад, мушакҳо, вазн, сохти бадан, гардиши хун ва ғайра. -- тағйирёбии рўҳӣ – психологӣ: инкишофи тафаккур, ҳофиза, диққат, хотира, захираи луғавӣ, нутқ ва ғайра мансубанд. Дар ин ҳарду намуди инкишоф ва ташаккулёбии шахсият омилҳои номбурда нақши муайяне мебозанд. Аз тарафи дигар ташаккули шахсият аз омилҳои ирсият, муҳит ва тарбия сахт вобастагӣ дорад. Инҳо сифатҳои маънавии шахсанд, ки баробари тарбия гирифтан ҳамзамон, рушд ва ташаккул меёбад. Ҳамин тавр, таҷрибаи сиёсӣ, амалӣ, ҳаётӣ ва маданию маънавӣ низ модарзодӣ нестанд. Ин сифатҳо дар тўли ҳаёти шахс ба даст меоянд ва унсурҳои таркибии фаъолияти ўро ташкил медиҳанд. Пайдо кардани истеъдод, маҳорат, малака ва ташаккули ҳаматарафаи ҷавонон, алалхусус хонандагону донишҷўён аз муҳити зист, таълимгоҳ ва маҳорати касбии омўзгорон ниҳоят вобастагии зиёд дорад. Вале афсўс, ки на ҳама омўзгорон дилсўзу ғамхор ва аз уҳдаи касби худ баромада метавонад. Инсон маҳз дар ҷараёни муҳити иҷтимоӣ, яъне равобит ва ҳамкорӣ бо дигар одамон инкишоф меёбад. Одамро муҳит, ҷомеаи солим одам мегардонад ва берун аз муносибатҳои ҷамъиятӣ инсон вуҷуд дошта наметавонад. Ба ташаккулёбии тарбияи ҷавонон, хусусан тарбияи маърифати экологӣ шароитҳои гуногуни берунӣ, аз ҷумла муҳити географӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мактабӣ, оилавӣ ва муҳите, ки ба камол мерасад, таъсир мерасонад. Муҳити географӣ, муҳити табиӣ, маҷмўи шароитҳои табиӣ, ғайри дахолати инсон, барои ҳаёти тамоми мавҷудот, аз он ҷумла инсон мусоидат мекунад. Муҳити табиӣ дар инкишофи рўҳии шахсият омили ҳалкунанда шуда наметавонад, зеро дар байни тамоми ҷонзот танҳо инсон қобилияти ақлона инкишофёбӣ дорад, ки инро муҳити иҷтимоии солим ва омили тарбия уҳда карда метавонад. Дар фаҳмиши муҳити иҷтимоӣ сохти оммавӣ, муносибатҳои системаи истеҳсолот, шароити моддии зиндагӣ, хусусиятҳои ҷараёни истеҳсолот, раванди иҷтимоӣ ва дигарҳо дохил мешаванд. Инсон аз муҳити иҷтимоӣдар робита бо дигарон, тарзи муомила, ҳарфзанӣ, тафаккуру ақидаронӣ ва амсоли инҳоро ёд мегирад. Аммо муҳити иҷтимоӣ ҳам тавассути гурўҳҳои носолим метавонад таъсири манфии худро ба монанди қиморбозӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, ғоратгарӣ, мардумозорӣ, бесаводӣ, шомил гардидан ба гурўҳҳои ифродгаро ва ғайра расонад. Инсон, ки ҷузъи таркибии ҷамъият ва табиат аст, наметавонад аз он берун бошад. Худи муҳит ё ҳаёти фаъоли ҷамъият мактаби бузурги тарбия аст. Таъсири тарбия ба ҳамин гуна шахс бештар аст, вай дар ин сурат инсонро ҳам ташаккул медиҳад, ҳам зиндагиашро мақсадноку пурмазмун мегардонад. Бо баробари тараққиёти истеҳсолоти ҷомеа ва мураккаб гаштани муносибатҳои иҷтимоӣ мунтазам нақши тарбия меафзояд. Тарбия ҷараёнест, ки аз батни модар оғоз ёфта, то рўзҳои вопасини ҳаёт давом мекунад. Умуман тарбия ин пур кардани камбудиҳои барномаи инкишофи инсон аст. Дар шароити имрўза раванди таълиму тарбия ниҳоят пеш рафтааст ва яке аз вазифаҳои басо муҳими он муайян кардани майл ва қобилияти фитрӣ, инкишоф додани хусусиятҳои инфиродӣ, қобилияту имкониятҳо мебошад. Тамоми тадбирҳоро бояд андешид, то ки насли наврас, алалхусус, ҷавонон, ҳамчун шахсиятҳои арзанда, созандаю бунёдкор ташаккул ёфта, дар ҳифзи муҳити зист ва дорои маърифати баланди экологӣ ба камол расанд. Субҳон Усмсонов,
устоди донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ вадизайни Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.