Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Муоширати хуб

27-09-2021, 08:46
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Муоширати хуб

Андеша: Барҳақ, инсон аз дигар махлуқот маҳз бо ақлу хирадаш фарқ мекунад. Ҳар инсоне, ки аз ақлу хирад маҳрум бошад, зоҳиран инсон асту ботинан аз ин сифат маҳрум. Албатта, ақлу хирад модарзод буда, он ба хилқати инсон вобастааст. Аммо дигар хосиятҳои муҳимро инсон барои ташаккули дуруст дар рафти ҳаёт ба даст меорад. Ба мисли тарбияи комил, донишу заковат, муоширату муомила ва ғайра. Дар ҷомеа зиёд ба назар мерасад, ки бисёр нафарон дорои ақли солим ҳастанд, аммо аз он ки тарбияи дуруст надидаанду аз илму фарҳанг бебаҳра мондаанд, он чиро ки ҳаёти имрӯза аз онҳо талаб мекунад, дар худ надоранд.
Одоб, рафтору гуфтори нек, аз ҷумлаи асоситарин хислатҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон барои инсонҳо муҳиму аввалиндараҷа ба шумор мерафтанду мераванд. Одоб ҷамъи калимаи адаб аст. Он ба маънии хулқу атвор ва рафтору гуфтори нек низ ба кор меравад. Ҳамчунин, одоб ин рафтори одамон дар ҷомеа нисбати якдигар мебошад. Одобу ахлоқ омили муҳими танзимгари рафтору кирдори фард ба шумор меравад. Ҳамаи он хислатҳое, ки дар инсон дида мешавад, маҳз аз одоб сарчашма мегирад: ростқавлӣ, хушгуфторӣ, вафодорӣ, поктинатӣ, нексириштӣ ва монанди ин. Муошират яке хислатҳоест, ки маншааш одоб аст. Чунин ҳам ҳаст, ки муоширати хуб аз ҳусну ҷамол боло меистад ва зебоиву ҳусну ҷамоли инсон аз ахлоқ ва одоби муошират вобаста аст. Муошират бошад, аз муносибати байни одамон ба миён меояд ва ин муносибатро маҳз тариқи сухан ба роҳ мемонанд.
Мутаассифона, имрӯзӽо ҷавонон байни якдигар бо овози баланд, ӽарфӽои қабеҳ ва бидуни андешаи он ки дар ҷойи ҷамъиятӣ ҳастанд, суҳбат мекунанд, ки касро дилгир месозад. “Бо ҳам баланду қабеҳ ҳарф мезананд. Дар муоширати ҷавонони имрӯз ифодаҳое, чун эҳтиром, самимият, меҳрубонӣ ниҳоят камёфт гардидааст, ки ин ҳолат нигаронкунанда аст. Парваридани чунин эҳсосот аз муҳити оила сарчашма мегирад. Зеро ҳар нафаре, ки чунин муносибатро дар оила мебинад, бо тамоми ҳастӣ барои худ қабул менамояд, ки муоширати инсонӣ маҳз ҳамин аст. Гузашта аз ин, муносибати бидуни илтифот ва дағалона, ҳатто дар баъзе ҳолат, берун аз доираи одоби ҳамсинфон – писарон ва духтарони синфҳои болоии мактабҳои миёна касро ба шигифт меорад. Як ҳолати дигари аҷибу хилоф ба назар мерасад, ки ҷавонони имрӯз савод доранд, аз навгониҳои техникаи муосир огоҳанд, вале сатҳи одобу маданияти бисёрашон паст аст.
Бузургонамон дар китобҳои пурарзиши худ моро ҳамеша барои муоширати дуруст иршод месозанд. Аз ҷумла Имоми Аъзам дар пандномаҳои хеш, Муҳаммад Ғазолӣ дар «Кимиёи саодат» ва дигарӽо. Ҷавонони моро месазад, ки бо истифода аз панднома ва гуфтаҳои пурҳикмати бузургонамон костагиҳои муоширати худро бартараф кунанд.
Олимов Раӽмоналӣ, мутахасиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар н. Восеъ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: