DataLife Engine > Хабари руз > ПАНҶАКЕНТ: Бонувон соҳиби ҷои кор шуданд

ПАНҶАКЕНТ: Бонувон соҳиби ҷои кор шуданд


27-09-2021, 08:02. Разместил: orifi
ПАНҶАКЕНТ: Бонувон соҳиби ҷои кор шуданд

Бо ибтикори собиқадори хидмати давлатӣ ва ҳизб, яке аз фаъолони ташкилоти шаҳрии ҲХДТ Мавлуда Саъдуллоева дар деҳаи Марғедари ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази савдо бунёд шуда, дар Рӯзи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ин иқдоми ӯро шоистаи таҳсин дониста, таъкид намуд, ки дар ин коргоҳи дӯзандагӣ боз 8 нафар бонувони деҳа бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар маркази савдо низ чанд нафар ҷои кор меёбанд.

Воқеан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли кишвар даҳҳо нафар фаъолони ҳизб дар бунёди иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ саҳм гузоштанд.


Вернуться назад