[
Панҷакент:-Деҳоти Амондара обод мешавад Арафаи соли нави таҳсил бо иштироки раиси муҳтарами шаҳри Панҷакент Абдухолии Холиқзода ва аҳли деҳа дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и деҳаи Майката чор синфхонаи иловагӣ ва майдончаи ҳозиразамони варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин сифхонаҳои зебо ва барҳаво хонандагон соли нави таҳсилро оғоз намуданд ва дар ин майдонча ба варзиш шуғл меварзанд. Инҳо аз ҷумлаи бисту ду иншоот аст, ки бо қарори раиси шаҳр ва ҷамоати деҳот ба нақшаи омодагиҳо ба таҳлили ҷашни бузурги 30-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ворид карда, бо дастгирии соҳибкорон ва аҳли деҳа бо сифати хуб ва меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудаанд. Ҳоло бошад корҳои охирини сохтмонӣ дар хонаи саломатии деҳаи Турки Роҷ идома дорад ва он низ баъди чанд рӯз ба истифода пешкаш мешавад. Ва бо ҳамин ҳамаи бисту ду иншооти ҷашнӣ бо талошу кӯшиши роҳбарияту фаъолони ҷамоати деҳот, соҳибкорон ва сокинони боҳиммати деҳаҳо сари вақт сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Ба маънии дигар сокинони ҷамоати деҳот ҷашни Истиқлолро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гирифтанд. Зимнан, бунёди иншооти иҷтимоӣ бо назардошти зарурату эҳтиёҷи сокинони деҳаҳо тарҳрезӣ шуда, ба бунёди онҳо соҳибкорон ва ҳамаи мардум ҷалб карда шуданд. Дар қатори синфхонаҳои иловагӣ дар назди таълимгоҳи деҳаи Роҷ, маркази хидматрасонӣ дар деҳаи Майката бо кошонаи ҳусн, коргоҳи дӯзандагӣ ва сартарошхона, кошонаи ҳусн дар деҳаи Хӯҷағариб, чоҳҳои амудӣ дар деҳаҳои Амондара, Равот, Майката,Зарринрӯд, мо бо такя ба дастгирии соҳибкорон ва мардум, саҳмгузории муҳоҷирони меҳнатӣ ба мумфарш намудани роҳи байни деҳаҳои Амондара ва Майката, ки 5,5 километр тӯл дорад, оғоз намудем ва дар мӯҳлати кӯтоҳ онро ба анҷом расонидем. Ин аз муҳимтарин тарҳҳое, буд, ки ба истиқболи ҷашни Истиқлол амалӣ карда шуд. Тарҳи дигари муҳим, ки ба нақшаи омодагӣ ба ин санаи мубораки таърихи навини мамлакат шомил намудем, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои лалмӣ ва соҳилии ҳудуди ҷамоати деҳот аст. Бо кашидани хати об аз чашмаҳо ва кандани чоҳҳои амудӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳот 75 гектар заминҳои нав обёрӣ шуда, ҳоло боғҳои бунёдкардаи мардум дар ин заминҳо ба ҳосил даромадааст. Ҳамчунин бо сафарбар намудани сокинони деҳаҳои Сафобахш, Хӯҷағариб, Равот, Роҷ, ва Турки Роҷ 1800 метр соҳили дарёи Зарафшон соҳилбандӣ шуда, 2,4 гектар замин барои шоликорӣ кушода шуд. Дар заминҳои нав даҳҳо нафар барои худ ҷойи нави кор пайдо намуданд. Хушбахтона, дар ҳамаи ин ободкориҳо фаъолон ва аъзоёни ҲХДТ саҳми босазо доранд ва ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ин кор ба онҳо сару бар аст. Ҳоло дар ҷамоати деҳот 9 муассисаи таълимӣ, 9 хонаи саломатӣ, 2 маркази дандонпизишкӣ, маркази ташхиси ултрасадо, беморхонаи минтақавӣ,толори варзишӣ , ҳаммом, 2 коргоҳи хурди истеҳсоли гаҷу оҳак, 3 коргоҳи истеҳсоли хиштҳои соруҷӣ, коргоҳи истеҳсоли сафолак, 2 коргоҳи дӯзандагӣ, ошхона ва 23 нуқтаи савдо ва бозор дар мавзеи Дупула ба мардум хидмат мерасонанд. Дар маҷмӯъ давраи омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии азизамон барои ободу зебо намудани ҳудуди ҷамоати деҳот, бунёди иншооти гуногун корҳои зиёде анҷом дода шуд ва мо минбаъд низ бо дасту дили гарм барои ободии диёр мекӯшем. Ин дастуру ҳидояти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Олимхон Калонов, муовини раиси ҷамоати деҳоти Амондара-и шаҳри Панҷакент, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ