Дар Ворух коргоҳи дузандагӣ ифтитоҳ гардид4-06-2019, 10:33
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода иштирок намуда, бо фаъолияти коргоҳ оғоз бахшиданд.
Мариди зикр аст, ки аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба ин коргоҳ 12 адад дастгоҳи муосири дӯзандагӣ, ду адад дастгоҳи аверлог ва мизи чокбуррӣ тақдим карда шуд, ки 15 нафар занони деҳа бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Ба коргоҳи дӯзандагӣ, асосан, занону духтарони хонашин ба кор ҷалб шуданд, ки ба дӯхти либосҳои ягонаи мактабӣ ва либосҳои миллии занона машғул мегарданд. Конмандони коргоҳ аз ифтитоҳи коргоҳ изҳори хушҳолӣ намуда, ин иқдомро аз таваҷҷуҳи пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фаъолияти занон арзёбӣ кард ва ба ибтикороти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар созмон додани чунин коргоҳи замонавӣ миннатдорӣ баён намуд. Таъкид дошт, ки бо фаъолияти самараовари худ дар коргоҳи мазкур ба талаботи мизоҷон либосҳои шинаму мувофиқро таҳия намуда, пешкаши харидорон менамояд. Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ идомаи корҳои созандагӣ бахшида ба 25 — солагии таъсисёбии ҲХДТ ба шумор рафта, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба нақша гирифтааст, ки иқдоми бунёдкориро тақвият бахшида, рӯзҳои наздик боз як коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.