Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ҲХДТ»

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ҲХДТ»

24-09-2021, 08:43
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ҲХДТ»

Тӯли чанд моҳ бо роҳнамоии Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ сар то сари кишвар дар сатҳи баланд доир шуда истодааст. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи футбол ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба машғулияти ҷисмонии варзишӣ ва тарғиби васеи бозии футбол дар саросари мамлакат мебошад.

Имрӯз дар маҷмааи варзишии боғи “Ғалаба”-и шаҳри Хуҷанд марҳилаи ҷамъбастии мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ байни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, намояндаи Федератсияи футболи вилоят Аҳлиддин Юнусов, раисони кумитаи иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи “Содирхон Ҳофиз”-и шаҳри Хуҷанд дастаи “Навобод”-и шаҳри Истаравшанро дар ҳисоби 9 : 4 мағлуб гардонид. Дар натиҷа дар ҷамъбасти мусобиқаи футбол ҷойи аввал насиби дастаи “Содирхон Ҳофиз”-и шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюм дастаи “Навобод”-и шаҳри Истаравшан, ҷойи сеюм насиби дастаи “1988”-и шаҳри Исфара гардид. Барои иштироки фаъолона дастаи “Файзи Истиқлол”-и шаҳри Бӯстон, дар номинатсияи “Дарвозабони беҳтарин” аз дастаи “Файзи Истиқлол”-и шаҳри Бӯстон Розиқов Шокирҷон, номинатисияи “Муҳофизатгари беҳтарин” аз дастаи Истаравшан Раупов Парвиз, “Ҳамлагари беҳтарин” аз дастаи “1988”-и Исфара Шокиров Наврӯз ва “Бозингари беҳтарин” аз дастаи “Содирхон Ҳофиз”-и шаҳри Хуҷанд Мирзораҳимов Умед бо медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Инчунин барои ташкил ва баргузории мусобиқаи мазкур ҳайати доварон, котиби генералии федератсияи футболи вилояти Суғд Юнусов Аҳлиддин бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ғолибон ва иштирокдорони мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ –ро табрику муборакбод намуда ба бозингарони дастаҳо комёбиҳои беназирро таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи низомномаи мусобиқаи мазкур аз 30-сентябр то 5-октябр соли равон дар маркази пойтах шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии мусобиқаи варзишии футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои футболи ғайри касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин давра дастаи “Содирхон Ҳофиз”-и шаҳри Хуҷанд ба давраи ниҳоӣ роххат гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: