Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АШТ: Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф

АШТ: Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф

24-09-2021, 08:36
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
АШТ: Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт вобаста ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” санаи 22-юми сентябри соли равон масъулини Кумиҷроияи ноҳиявӣ дар маркази таҳсилоти иловагии ноҳия бо омӯзгори маҳфили математикони ҷавон ва наврасони маҳфил суҳбат ташкил намуданд.

Дар суҳбат омӯзгори маҳфил Умарова Р. ҷиҳати эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки дар Паёми соли гузаштаи Пешвои муаззами кишвар ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида ва ҳамасола баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм – фурӯғи маърифат” ба хотири боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиш ва пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ такони ҷиддие бахшида, наврасону ҷавонони маҳфил пайваста дар сесияи “Академияи хурди илмҳо” сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, ки ин меҳнату ифтихори омӯзгорони маҳфил мебошад. Дар маркази таҳсилоти иловагӣ маҳфили биологони ҷавон, маҳфили омӯзиши фанҳои забони руси ва англисӣ, маҳфили дӯзандагӣ, бофандагӣ бо ҷалби ҷавондухтарон ва наврасон амал менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: