Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Роҳ ба сӯи маърифат

Роҳ ба сӯи маърифат

23-01-2020, 12:30
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
[thumb=left]http://hamsafon.tj/uploads/posts/2020-01/1579777398_gpj-3.jpg[/thumb
]Парвина Меликова дар Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ шудааст.
-Муаллимаи муҳтарам, шумо дар атрофи муҳтавои Барномаи навбатии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 чӣ андеша доред?
-Ташаккур, қабл аз ҳама, мехостам барои чунин боварӣ ба ҳамсафони ҳизбиям изҳори сипос намоям.
Нақшу саҳми ҳизби бонуфузи мамлакат дар пойдории сулҳу суботи сиёсӣ, рушду нумўи мамлакат ва ҳадафи Барномаи навбатии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, барои нафъи мардум, пешрафти Тоҷикистони азизи мо нигаронида шудааст.
Бубинед, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир, таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ҳамаи ин, аз он дарак медиҳад, ки мо бояд неруи баланди зеҳнию маърифатӣ дошта бошем.
Барои ноил шудан ба ҳадафҳои Барномаи навбатии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ба назари ман, таҳияи стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳои гуногуни соҳавии асоснок аҳамияти аввалиндараҷа доранд, тавассути онҳо барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ имконият фароҳам мегардад. Роҳандозии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тољикистон пеш аз њама, ба љалби аъзои њизб ба корњои созандагию бунёдкорї ва ширкати фаъоли онњо дар њаёти сиёсиву љамъиятӣ марбут аст.
-Имрӯз Шумо ҳамчун омӯзгори ботаҷриба, пешрафти соҳаи маорифро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Насли калонсол хуб дар ёд доранд, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта, бо сабаби низоъҳо ва ҷанги дохилӣ, соҳаи маориф рӯ ба таназзул оварда буд. Иддае аз биноҳои мактабҳо харобу валангор шуда, корношоям гашта буданд. Бо саъю кушиши Сарвари муаззами давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф рӯ ба инкишоф овард. Агар ба гузаштаи начандон дур, назар андозем ва гузаштаро ба имрӯза қиёс кунем, чӣ қадар пешравиҳо дар ин соња ба назар мерасад.
Тайи чанд соли охир даҳҳо нафар хонандагони болаёқати мо дар олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд. Барои таҳсил муассисаҳои наву барҳавои замонавӣ бо тамоми таҳҷизоти муосири таълимӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ки соли 2019 ба маблағи 500 миллион сомонӣ, 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ, бо 32 ҳазор ҷои нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Имсол бошад сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ, дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ, бо 54 ҳазор ҷои нишаст пешбинӣ шудааст. Бубинед, аз ин бештар ғамхорӣ дида мешавад? Маҳз дастгирии Сарвари муаззами давлатамон ҳаст, ки соҳаи маориф имрӯз рӯ ба инкишоф овардааст.
-Шумо аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун омӯзгори ботаҷриба ба ҳайси вакил ба мақомоти олии қонунгузории кишвар пешбарӣ шудаед. Номзадии шумо фаъолзанони ботаҷриба дар мақомоти қонунгузори мамлакат нуфузи ҳизбро баланд бардошта, оянда барои пешрафти давлатамон муҳим аст. Атрофи ин гуфтаҳо чӣ андеша доред?

-Гумон мекунам, ҳар намояндаи маорифе, ки ба ҳайси вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад, дар оянда фаъолияташро баҳри татбиқи барномаи фарогир ва судманди давлату Ҳукумат дар самти маориф мебахшад.
Мавриди зикр аст, ки дар қатори ин пешравиҳо дар соҳаи маорифи кишвар, инчунин, костагиҳо низ ба назар мерасанд. Бахусус, таълими фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, риёзӣ табиатшиносӣ камбудӣ ва костагиҳо доранд. Маҳз ба хотири рафъи ҳамин камбудињо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои 2020-2040-ро «Бист соли омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон карданд.
Ҳамаи ин, аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф зиёд буда, оянда паёмадҳои хубе моро интизор аст.

Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: