Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Таснифоти Паёми Пешвои миллат

Таснифоти Паёми Пешвои миллат

12-03-2020, 11:43
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0

Бо унвони «Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МаҷлисиОлӣ: Моҳият ва самтҳои асосии он аз 26.12.2019», маҷмӯаи нав, зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода рӯи чоп омад.
Дар оғози маҷмӯа Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Дар мавриди матни Паём бояд гуфт, ки он бо услуби махсуси дилчаспу фаҳмо навишта шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки хиради азалии Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби махсуси давлатсозӣ ва роҳбарии мувафаққона аст.
Доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов дар мақолааш «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат» менависад, ки: «Омӯзиши паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат нишонгари он аст, ки дар ҳуҷҷатхои зикргардида,вазъияти давлат таҳлил ва арзёбӣ мегардад. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат на танҳо дар муддати як сол, балки барои даҳсолаҳои минбаъда коркард ва эълон мешаванд». Инчунин, дар мақолааш С. Ятимов оид ба масъалаҳои иктисодӣ, илму маориф, талабот нисбат ба тарбия ва таълим, аз худ намудани илмҳои бунёдӣ, нисбат ба забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллат дар радифи баромади Пешвои миллат дар Паёми ирогардида, ибрози назар намудааст.
Мақолаи дигаре, ки дар китоб ҷой дода шудааст «Дурнамои иқтисодии мамлакат дар Паёми Пешвои миллат» дар мусаннифии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳукукшиноси шоистаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯи чоп омадааст. Номбурда, дар мақолааш Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистонро ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати расмӣва муҳими барномавӣ ҳисобида, оинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон шуморида, онро барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеа ба сӯи ояндаи дурахшон номидааст.

Профессор Хуршед Зиёӣ дар мақолааш «Рушди тафаккури техникӣ ҳамчун омили муҳими бадастории ҳадафҳои миллии стратегӣ» навиштааст, ки барои боз ҳам беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 – умро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаиилму маориф» эълон намуданд. Ин иқдоми шоиста дар кишвари мо барои мубориза алайҳи таассуб, хурофот ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ, махсусан бо такя ба фанҳои табииюриёзӣ, омили муҳим ва такони ҷиддие дар тақвияти мафкураи мардум хоҳад гашт.
Муаллифони дигар мақолаҳо Тахмина Офаридаева, Алиназар Ашӯров, Бӯризода Қурбоналӣ ва мураттиби китоб Садриддин Ҳасанзода перомуни масъалаҳои ҳифзи ичтимоии аҳолӣ, манфиатҳои миллӣ ва рушди соҳаи китобдорӣ, ки дар Паём аз ҷониби Сарвари давлат мавриди назар қарор гирифта буданд, андешаронӣ кардаанд.

Тағоймурод Орифӣ













Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: