Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Солимии ҷомеа зери таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад

Солимии ҷомеа зери таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад

22-09-2021, 11:51
Хабарро хонданд: 334 нафар
Назарҳо: 0
Солимии ҷомеа   зери  таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати     Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад

Таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин максад баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи асосии давлат ва ҳукумат мебошад. Яке аз рукнҳои асосии пойдорӣ ва суботи ҷомеаи давлати соҳибистиқлол, ин таъмини сатҳ ва сифати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад
Имрӯз соҳаи тандурустӣ дар кишвар рушд намуда, вазъи хизматрасонии тиббӣ мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ қарор гирифта, инчунин М.Суғдмеҳрмуассисаҳои тандурустӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ таъмин гардида истодааст.
Дастовардҳои соҳавӣ, бурду бохти муассиса, наҳшаҳои минбаъда бобати рушди соҳаи стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй аз мавзуоте буд, ки пайгираш шудем ва суҳбате доштем, бо Маҳмадулло Қосимов, Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ки мухтавои онро пешкаши шумо мегардонем.
Мухтарам Маҳмадулло Махмадиевич, аввалан мехостем назари Шуморо перомуни вазъи феълии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар МД «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй» шунида бошем?
Боиси қаноатмандист, ки Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ пайваста барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат тадбирҳои амалӣ андешида, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро бойигарии давлат эълон намудаанд.
Вобаста ба ин, дар буҷети давлатӣ ӯҳдадориҳои иҷтимоии он ба назар гирифта шуда, ҳамасола ба маблағгузории соҳаи тандурустӣ миллиардҳо сомонӣ равона мегардад, ки ҳамаи ин иқдомот аз дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба солимии аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони соҳа мусоидат менамояд.
Дар ин радиф ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи стоматология, ки яке аз самтҳои босуръат рушдкунандаи низоми тандурустии кишвар маҳсуб меёбад, таваҷӯҳи хосса зоҳир намуда, дар ин ин ҷода таъсиси Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 699 аз 30 декабри соли 2010 аз зумраи чунин муассисаҳои тиббӣ, мебошад, ки фаъолияти он пеш аз ҳама ба таъмини хизматрасонии устувори стоматологӣ ба аҳолии кишвар равона карда шудааст.
Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021, масъалаҳое, ки дар Паёмашон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, стратегияҳо ва барномаҳои амалкунандаи соҳа ва фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, дар ин давра корҳои мушаххасеро ба анҷом расониддааст. .
Самтҳои асосии фаъолияти Пажӯҳишгоҳ аз қисми клиникӣ ва илмӣ иборат буда, ба беморон ёрии баландихтисоси дармонгоҳӣ ва беморхонавии стоматологӣ расонида мешавад.
Қисми клиникии Пажӯҳишгоҳ аз сохторҳои зерин иборат аст:
 шуъбаи муолиҷавӣ бо ҳуҷраи пародонтологӣ ва тавонбахшӣ;
 шуъбаи ҷарроҳии дармонгоҳӣ бо ҳуҷраи муолиҷавӣ дар зери беҳискунии умумӣ, ҳуҷраи рентгенӣ ва ҳуҷраи ёрии таъҷилӣ;
 шуъбаи ортопедӣ бо озмоишгоҳи дандонсозӣ;
 шуъбаи стоматологияи кӯдакон ва наврасон бо ҳуҷраи ортодонтӣ;
 шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй;
 шуъбаи имплантология;
 шуъбаи стоматологӣ дар кӯчаи Абдуллобеков 8-а.
Вазъи феълии табобати гирифторони бемориҳои стоматологӣ ва ҷоғу рӯй ва ё худ вазъи гирифтории сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин бемориҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?
Воқеан, дандон низ чун дигар узви инсон баҳри солимии ҷисм нақши муҳим дорад. Дандонҳои солим на танҳо аз солимии инсон гувоҳӣ медиҳанд, балки ба ҳусни кас зебоӣ зам мекунанд. Аммо набояд бемориҳои дандон ва паёмади онро нодида гирифт.
Дар шароити кунунӣ дар сайёра бемориҳои мутобиқ ба дандонҳо низ дар баробари дигар маризиҳо боиси ба ташвиш овардани шумораи зиёди одамон гаштаанд, ки мутаассифона сокинони кишвари мо низ аз гирифторӣ ба чунин бемориҳо дар амон намондаанд.
Мутахассисони соҳа навъҳои гуногуни бемории дандонро муайян намудаанд, аммо миёни онҳо варамидани милку пӯсиши дандон, дарди даҳон, иллати бофтаҳои атрофи дандон дар курраи замин бештар маъмул ҳастанд.
Пӯсиши дандон бемории паҳншуда ба шумор рафта, 90 дарсади аҳолии ҷаҳон гирифтори онанд. Иллатнокии бофтаҳои атрофи дандон низ паҳншуда буда, 50 фоизи мардуми аз 30 -сола болои кураи замин гирифтори он мебошанд.
Шаҳрвандони кишвари мо низ дар бештари маврид маҳз бо иллати гирифторӣ ба чунин бемориҳо ба Пажӯҳишгоҳ муроҷиат мекунанд,
Хушбахтона бо равнақ ёфтани корҳои таблиғотиву машваратӣ оид ба пешгирии бемориҳои стоматологӣ ва ҷоғу рӯй миёни ҷомеа давра ба давра коҳиш меёбад.
Чунончи агар дар соли 2020 аз ҷониби кормандони Пажӯҳишгоҳ – 15770 бемор бо ташхис ва табобат фаро гирифта шуда бошад, пас дар соли 2019 ба 19216 нафар баробар буд, яъне шумораи беморон дар соли 2020 3446 нафар коҳиш ёфт.
Маҳз дар соли 2020 дар шуъбаи муолиҷавӣ 4697 бемор, ҳуҷраи пародонтологӣ – 495 бемор, хуҷраи табиатшифоӣ – 532 бемор, шӯъбаи ҷарроҳии дармонгоҳӣ 1794 бемор, дар ҳуҷраи беҳискунии умумӣ 681 бемор, шуъбаи стоматологияи кӯдакон ва наврасон 2085 бемор, дар ҳуҷраи ортодонтӣ 1736 бемор, шуъбаи ортопедӣ 528 бемор, шуъбаи имплантология 535 нафар, шуъбаи берунаи Пажӯҳишгоҳ 550 бемор, бо ташхис ва табобат фаро гирифта шуданд.
Шумораи муроҷиаткунандагон нисбат ба соли 2019 ба шуъбаи муолиҷавӣ 151 нафар, шуъбаи кӯдакону наврасон, 561 нафар, шӯъбаи ҷарроҳии дармонгоҳӣ, 111 бемор, шӯъбаи ортопедӣ 355 нафар шуъбаи имплантология, 103 нафар ва ғр. кам ба қайд гирифта шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки ҷароҳиҳои ҷоғу рӯй низ ба ҳадде камтар ба қайд гирифта шудааст.
Дастгирии нафарони ниёзманд ва ба табобати комилан ройгон фаро гирифтани ин қишри ҷомеа, ки яке аз сиёсати инсонсолоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар МД«Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй» ба қишри ниёзманд чӣ имтиёзҳо ба роҳ монда шудааст?
Мавриди зикр аст, ки дар сиёсати давлат рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва умуман беҳтар кардани сатҳу сифати зисту зиндагии мардум мавқеи аввалиндараҷа касб менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба табобати ройгон фаро гирифтани табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ барномаи мушаххасеро ба роҳ монда, дар ин самт муваффақ ҳам шудааст. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» оид ба гурӯҳҳои имтиёзноки аҳолӣ дар шуъбаҳои Пажӯҳишгоҳ ба 2140 нафар бемор, хизматрасонии тиббӣ расонида шуд.
Ҳамзамон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди хайриявии «Лона» дар шуъбаи ҷарроҳи ҷоғу рӯйи Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй» 20 амалиёти ҷаррохии кӯдакони гирифтори нуксонхои модарзодии лабу ком ба таври ройгон гузаронида шудааст.

НУКСОНИ МОДАРЗОДИИ ДУТАРАФАИ ЛАБУ КОМ
Раванди хизматрасонии стоматологӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар кадом сатҳ карор дорад ва фаълияти марказҳо, шуъба ва бахшҳои муассисаҳои стоматологӣ ба талаботи имруза ҷавобгуй аст?
Таҳлилхои оморӣ нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 709 сохтори стоматологӣ, аз ҷумла 465 муассиса ва ҳуҷраҳои давлатӣ, 235 муассиса ва ҳуҷраҳои хусусӣ ва 9 муассисаҳои тобеи дигар вазорату идораҳо фаъолият мекунанд.
Аз миқдори умумии муассисаҳои стоматологӣ, дар маҷмӯъ бо назардошти шаклҳои фаъолият, 52,7%-и онҳо ба вилояти Суғд, 16,5% – ба вилояти Хатлон, 16,6% – ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 12,6% – ба шаҳри Душанбе рост меояд, ки манотиқи сернуфузи ҷумҳурӣ маҳсуб мешаванд.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 1447 табибони стоматолог фаъолият менамоянд (ҷадвали 4). Аз он ҷумла, иқтидори назарраси таъминотнокӣ бо мутахассисони стоматологӣ дар шаҳри Душанбе (36,1%), дар Суғд (25,7%) ва дар Хатлон (20,1%) мушоҳида мешавад.
Таъминотнокӣ бо мутахассисони соҳавӣ бошад дар ҷумҳурӣ аз ҳама бештар ба шаҳри Душанбе 1,7 ба 10 000 аҳолӣ ва миқдори ками ӯ ба вилояти Хатлон (0,9) ва ВМКБ (0,9) рост меояд. Дар бисёр манотиқи ҷумҳурӣ норасоии мутахассисон ба чашм мерасад, аз он ҷумла дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ (0,0), Роштқалъа (0,0), Лахш (0,3), Қубодиён (0,3), Шаҳритус (0,3), н.Кӯлоб (0,3), Темурмалик (0,3), Шуғнон (0,3), Ишкошим (0,3), Зафаробод (0,4), Дарвоз (0,4), Сарбанд (0,4), Балҷувон (0,4),Нуробод (0,5), Сангвор (0,5), Спитамен (0,5), Қумсангир (0,6), Носири Хисрав (0,6), Ванҷ (0,6) ташвишовар мебошад.
Сатҳи дараҷанокии табибони стоматолог дар шаҳри Душанбе 78,0%, дар Хатлон – 56,0%, дар Суғд – 55,0%, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 44,5% ва дар ВМКБ – 28,6%-ро ташкил менамояд.
Мутаассифона, заминаи моддию техникии пойгоҳи таълимии такмили ихтисоси стоматологон низ нигароникунанда аст. Яке аз сабабҳои саривақт ба давраҳои такмили ихтисос фаро гирифта нашудани стоматологҳо набудани назорати зарурӣ аз тарафи мутасаддиёни муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусии соҳаи стоматология мебошад. Аз он ҷумла, агар такмили ихтисос дар муассисаҳои фаъолияти хусусии тиббӣ, ки бо роҳи ташкил намудани шахси ҳуқуқӣ (Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд) фаъолият мекунанд, то андозае хубтар ба роҳ монда шуда бошад, пас ин масъала дар фаъолияти табибони амалияи хусусӣ, яъне шахсони воқеӣ ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашудааст. Инчунин дар муассисаҳои хусусии стоматологӣ дарҳол пас аз хатми донишгоҳ фаъолият намудани мутахассисони ҷавон ва бидуни бозомӯзии аввалияи тахассусӣ ба ҳамаи самтҳои стоматология (стоматологияи муолиҷавӣ, кӯдакона, ҷарроҳӣ ва ортопедӣ) машғул шудани онҳо мавриди андеша ва нигаронӣ аст.
Дастовардхои соҳаи стомотология ва ҷаррохии ҷоғу руй дар солҳои охир?
Имрӯз рушди соҳа ба дастовардҳои илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, пояи устувори моддиву техникӣ ва кадрӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ вобастагии амиқ дорад. Ин масъаларо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни эҷодкор, олимон ва муҳаққиқон, ки рӯзи 18 марти соли 2020 баргузор гардида буд, махсусан таъкид намуданд, ки дар замони пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳои муосир ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ногузир мебошад.
Боиси қайд аст, ки тайи ин солҳо соҳаи стоматология рушд ёфта, дар самти иҷроиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омода намудани кормандони илмӣ, рушди имплантология ва нанотехнология дар соҳаи стоматология, ба роҳ мондани усулҳои пешқадами ортопедӣ, ворид намудани технологияи муосири соҳавӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддӣ-истеҳсолии Пажӯҳишгоҳ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Яке аз дастоварди соҳа ин усули ортопедии барқарор кардани дандонҳои набаромада тариқи ҷарроҳӣ кушодашуда мебошад, ки кормандони Пажӯҳишгоҳ усули якҷояи истифодаи биокомпозитҳо ва маводи устухон ивазкунандаи синтетикӣ, истифода бурдани плазмаи хуни бо тромбоситҳо ғанигардондашуда барои иваз намудани ковокиҳои устухонӣ дар стоматологияи ҷарроҳӣ, инчунин истифодабарии пластинаҳои барқарокунандаи титан ва эндопротезҳо дар табобати нуқсонҳои ҷоғи поён ва ғайра ба роҳ монданд.
Ифтитоҳи шӯъбаи кудакон ва наврасони Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стомотология ва ҷаррохии ҷоғу руй бо тамоми таҷҳизот ва лавозимотҳои ташхисию табобатии муосир муҷаҳаз гардонида шуда бо фаъолияти ҳуҷраҳои тарбияи гигиенӣ, муолиҷави, табобати ортодонти ва назорати тиббӣ, бешубҳа кадами устувор дар рушд ва равнақи соҳаи стомотологияи кудакон ва наврасони кишвар гардид.
Падидаи дигари муҳими фаъолияти соҳа таъминнокӣ бо маводи яккарата ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои стоматологӣ, ташхисӣ ва таъмйизу безараргардонӣ мебошад.
Имрӯз МД “Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй” дорои пойгоҳи хуби клиникӣ буда, бо дастгоҳҳои ҳозиразамони ташхисию озмоишгоҳӣ муҷаҳҳаз мебошад. Айни замон дар Марказ тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст, аз ҷумла барои ташхис, табобат, муайян ва пешгирӣ кардани бемориҳои вирусҳои гепатити (В,С) ба миқдори кофӣ тестҳои оҷилӣ ва дастгоҳҳои таъмйизгардонии муосир, ки ҷавобгӯ ба талаботҳои стандартӣ мебошанд, дастрас ва мавриди фаъолият қарор доранд. Тартиби безараргардонӣ, тамйизгардонии асбобу таҷҳизот дар Пажӯҳишгоҳ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, барои пешбурди корҳои илмию-тадқиқотӣ дар Пажӯҳишгоҳ лабораторияи ташхисию таҳлилӣ, ки бо тамоми лавозимотҳои муосир, дастгоҳои муосири рентгенӣ барои гузаронидани тадқиқот ва тамоми шуъбаҳо бо дастгоҳҳои стоматологии ҳозиразамон таъмин карда шудаанд.
Вазифаҳои минбаъдаи Пажухишгох бобати баланд бардоштани хизматрасониҳои стоматологӣ ба аҳолӣ ва нақшаҳои корӣ дар соли 2021?
Пажӯҳишгоҳ фаъолияти худро тақвият бахшида, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, инчунин такмили низоми қонунгузории соҳа тадбирҳои зеринро роҳандозӣ намуда як қатор нақшаҳои кориро дар пеш гузоштааст, аз ҷумла; таъмини саривақтии дастури супоришҳое, ки рӯзи 18 марти соли 2020 дар вохӯрӣ бо олимони кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбининамудаи Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2021 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марбутанд, мукаммалсозӣ ва такмили низоми қонунгузории соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу руй ва таҳияву татбиқи барномаҳои мукаммали иттилоотӣ барои рушди соҳа, амалӣ намудани «Барномаи пешгирии бемориҳои стоматологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, инчунин баланд бардоштани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ғр. аз нақшаҳои минбаъдаи дар умум кормандони Пажӯҳишгоҳ маҳсуб меёбанд.
Бо боварии комил метавон гуфт, кормандони соҳа бо дарки масъулияти баланди касбӣ сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намуда, тамоми кӯшишу малакаи касбии худро барои рафъи камбудиҳо ва рушду такоммули соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй равона намуда, дар татбиқи стратегия ва барномаҳои амалкунанда, қонуну қарорҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа саҳми арзандаи худро мегузоранд ва ҷашни 30 солагии Истиклолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас таҷлил менамоянд.

М.Суғдмеҳр
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: