ТАШХИСИ ДАҚИҚ – АСОСИ ТАБОБАТ20-11-2018, 14:15
Хабарро хонданд: 366 нафар
Назарҳо: 0
Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ солҳои охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Кормандони соҳаи тандурустӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ бо истифода аз усулҳои муосири ташхисию табобатӣ, ки ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд, тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодаанд. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ», ки сармуассисаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ташхис мансуб меёбад, бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1990, таҳти рақами № 972 ҳамчун «Маркази ҷумҳуриявии ташхис» таъсис дода шуда, солҳои охир вобаста ба васеъ гардидани фаъолиятҳои он, тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ» номгузорӣ гардидааст. Мақсади асосии фаъолияти Марказ, расонидани ёрии тиббии баландихтисоси машваратию ташхисӣ ва табобатӣ ба аҳолӣ, тайёр намудани мутахасисони соҳаи ташхисӣ ва такмили ихтисоси онҳо, амали гардонидани маҷмӯи фаъолиятҳои маслиҳатию тадқиқоти асбобӣ ва озмоишӣ бо истифода аз таҷҳизоту усулҳои муосири технологияҳои баланди тиббӣ, дар асоси «Стандартҳои муоиноти бемориҳо» ва «Алгоритми муоинаи асбобию озмоишии бемориҳо» дар хамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, илмию тадқиқотӣ, сатҳи бистарикунонӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад. Ба ин мақсад дар Марказ фаъолияти шуъбаҳои ташхиси нурӣ, томографияи компютерӣ, ташхисҳои функсионалӣ, ултрасадоӣ, даруннигарӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ, бактериологӣ, инчунин шуъбаҳои маслиҳатӣ клиникии калонсолон, кӯдакона ва шуъбаи аллергология ба роҳ монда шуда, бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири ташхисию табобатӣ ва мутахассисони баландихтисоси соҳаи ташхисӣ таъмин шудаанд. Шуъбаи ташхиси ултрасадоӣ, ки яке аз шуъбаҳои асосии Марказ мебошад бо табибони баландихтисосу соҳибтаҷриба ва дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири ташхисӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи ҷумҳуриҳои Япония, Олмон ва Амрико мебошанд, аз он ҷумла: «Хитачӣ EUB-5500», «Хонда SH-2000», «Алока алфа-6» (Япония), «Лоҷик CV-5» (Амрико), инчунин дастгоҳи ултрасадоии «Соноскейп S-40» таъмин карда шудааст. Дастгоҳҳои номбурда дорои реҷаҳои зиёди ташхисӣ (реҷаҳои M,B, допплер, допплери ранга ва реҷаи 3-4 D) буда, ба гузаронидани ташхиси босифат ва аниқ мусоидат менамоянд. Бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизотҳои мазкур тадқиқотҳои ултрасадоии ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, испурч, гурда ва ғадуди болои он, пешобдон, ғадуди мардон (простата), тухмҳои мардон, бачадон, тухмдони занҳо, ҳомиладорӣ ва ҳолати ҷанин дар батни модар, ғадудҳои сипаршакл, ширӣ, луҳобӣ, назди гӯш, душохашакл, лимфатикӣ, чашм, мағзи сари кӯдакони сини 1-5 сола, банду буғуми кӯдакон ва калонсолон, дил ва рагҳои хунгард, ташхиси маҳмалии узвҳои занон ва ташхиси ғадуди мардон (простата) аз тарафи рӯдаи рост гузаронида мешаванд. Ҳамзамон ташхиси допплерии ҳамаи узвҳо ва бофтаҳо гузаронида шуда, ҳолати гардиши хун дар ин ё он узв ва бофтаҳо баҳогузорӣ карда мешавад, ки ба таъиноти дурустӣ табобат мусоидат менамояд. Дар баробари ин гузаронидани тадқиқоти рагҳои хунгарди гардан. майнаи сар, дасту пойҳо ба роҳ монда шудааст. Тадқиқотҳои номбурда дар сатҳ ва сифати баланд гузаронида шуда, ба ташхиси саривақтии бемориҳо, аз он ҷумла: омоси узв ва бофтаҳо, нуқсонҳои модарзодии кӯдакон дар батни модар. нуқсонҳои модарзодии дил, обҷамъшавӣ дар мағзи сари кӯдакон ва дигар бемориҳо мусоидат менамоянд. Маъмурияти Марказ ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи дониш ва малакаи касбии мутахассисон, инчунин тайёр намудани мутахассисони ҷавон диққати ҳаматарафа зоҳир менамояд. Соли 2016 дар заминаи Марказ курси сайёри такмили ихтисоси кормандон дар мавзӯи «Допплерографияи бемориҳои рагҳои хунгард» бо ҷалби мутахассисон аз Ҷумҳурии Федеративии Россия гузаронида шуда, шуъба дорои Сертификати усулҳои муосири ташхисӣ гардид. Бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ ба усулҳои ташхисии ултрасадоӣ дар шуъба фаъолияти таълимӣ оид ба ихтисосгирии аввалияи табибон аз рӯи ихтисоси усулҳои ташхиси ултрасадоӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон ба роҳ монда шудааст. Солҳои охир садҳо нафар мутахассиони соҳа тайёр карда шуда, дар хизмати аҳолӣ қарор доранд. Ҳамзамон аз тарафи мутахассисони шуъба дар ҳайати «Корвони саломатӣ», ки иқдоми бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, фаъолона иштирок намуда, ба аҳолӣ дар ҳама гӯшаю канори кишвари азизамон хизмати баландсифати ташхисӣ мерасонанд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати ташхисҳо фаъолияти муассисаҳои табобатӣ профилактикӣ дар самти ташхисҳои ултрасадоӣ мунтазам аз тарафи мутахассисони шӯъба таҳлил ва баҳогузорӣ карда мешавад. Шаҳрвандони минтақаҳои гуногуни кишвар ва меҳмонон метавонанд аз хизматрасониҳои шуъба бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири ташхисии ултрасадоӣ истифода баранд. Беҳуда нагуфтаанд: «ташхиси босифат ва дақиқ асоси табобат аст» А. Боқиев, мудири шуъбаи ташхиси ултрасадоии Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии ташхису табобот ва таълимӣ», табиби дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.