Ифтитоҳи бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Лахш21-09-2021, 08:44
Хабарро хонданд: 123 нафар
Назарҳо: 0
21.09.2021 07:45, ноҳияи Лахш
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат бинои шуъбаи бемориҳои сироятиии Беморхонаи марказии ноҳияи Лахшро ба истифода супориданд. Шуъбаи бемориҳои сироятӣ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои 14 ҳуҷра ва 28 кати хоб барои беморон мебошад. Дар иншооти нави соҳаи тандурустӣ барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар шафати Беморхонаи марказии ноҳияи Лахш ҷойгир буда, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ ва ҳифзи саломатии сокинон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, хусусан “Ковид-19” бунёд гардидааст. Дар шуъбаи мазкур ҳуҷраҳои муоина, доругузаронӣ ва бистарнамоӣ мавҷуд буда, табибони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб карда шудаанд. Ҳангоми шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои истифодаи босамари дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва оксигенератор ба беморон ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки ҳангоми фаъолият бо беморон пеш аз ҳама муомилаи хуб дошта бошанд. Акнун табибон бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ, ки дар ин ҷо насб гардидааст, фаъолият намуда, ба беморон хизмати бо сифати тиббӣ мерасонанд. Солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии барномаҳои миллӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат ба хусус дар ноҳияи Лахш дастовардҳо назаррасанд. Ин раванд имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар карда шавад. Дар ҳудуди ноҳияи Лахш дар баробари беморхонаи марказӣ, 6 беморхонаи минтақавӣ мавҷуд аст, ки 261 нафар мутахассиси соҳа ба 57 ҳазору 130 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Давоми ду соли охир Беморхонаи марказии ноҳияи Лахш соҳиби ду нақлиёти ёрии таъҷилӣ, дастгоҳи рентгении рақамӣ, дастгоҳи фаросавтӣ, дастгоҳи сабти барқии дил ва ултра садо, дастгоҳҳои ҷарроҳию эҳёгарӣ ва дигар таҷҳизоти муосири соҳавӣ мебошад. Бинои нави шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳияи Лахш дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ тӯҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад. facebooktwitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.