Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИСТИҚЛОЛИЯТ - ШИНОСНОМАИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ШИНОСНОМАИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ

15-09-2021, 13:23
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
ИСТИҚЛОЛИЯТ - ШИНОСНОМАИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ
Данғара:- Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон аст. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад. Истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.
Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шӯрои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16 – уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид. Дар он вақт Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи XV1 муайян кард.
Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта метавонад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ, ки дар байни зиёда аз даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша ба ростгӯӣ, ҳақиқатҷӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ нақши аввалиндараҷаро мебозид. Ӯ савганд ёд намуда, гуфт кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем. Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хидматҳояш дар назди халқу Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало собит намуд.
Дар Истиқлолият будан дар биҳишт будан аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон моро баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар дунё ҳамчун давлати аз ҷиҳати оромию сулҳ шинохтанд. Бо заҳмату кӯшиши Пешвои миллат истиқлолият насиби мо шуд. Ҳамаи муваффақиятҳои мо аз шарофати Истиқлолият аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд менамоянд, ки “ Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем. Зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обо намекунад”.
Барои амалӣ намудани ин гуфтаҳои Сарвари давлатамон мо бояд дар ҳар як мансабе, ки кору фаъолият менамоем, аз сидқи дил, бо нияти пок фаъолият намуда, дар пешрафти ватани азизамон саҳми арзандаеро гузорем.
Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон собит сохт, ки мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.
Аз нигоҳи имрӯза ва оянда бо ифтихор мегӯем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қалби мо мардуми кишвар бо як содоқату самимият ҷой гирифтааст.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳувияти миллӣ расидем.
30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар яки Шумо муборакбод менамоям.

Воҳид Дилафрӯз Сафар, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: