Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Спитамен: Роҳи пуршарафи Истиқлолият

Спитамен: Роҳи пуршарафи Истиқлолият

15-09-2021, 09:52
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 0
Спитамен: Роҳи пуршарафи Истиқлолият

Истиқлолият ва давлатдории миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои беназире ба шумор мераванд, ки 30 сол муқаддам миллати шарафманди тоҷик баъд аз ҳазор соли парокандагӣ ба он мушарраф гардид.

Бо ифтихори баланд иброз менамоем, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама қудрату тавоноӣ аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.

Чӣ тавре, ки мо хуб огаҳӣ дорем Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон таъкид намудаанд, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард. Ин нуқтаҳо ба хотири баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва руҳияи ватанпарастиву ифтихори миллии ҳар як ҷомеаи шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлолро водор месозад, ки ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолият расида, ватанро боз ҳам бештар дӯст дошта, дар ҳимояи арзишҳои миллӣ садоқатмандона талош намоем ва номи неки Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Таи сӣ сол аст, ки халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ- Истиқлолияти давлатӣ ифтихор дораду мо ин рӯйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн хоҳем гирифт. Хоса дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, ки баҳри истиқлолияти комили мамлакат ва рушду тараққиёти кишвар дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳмгузор бошем.

Ҳамаи ин ғамхориҳо дар навбати худ аз мо – ҳизбиён иҷрои рисолатҳои муҳимеро тақозо менамояд. Ҳар як фарди баору номусро вазифадор месозад, ки бо шукргузорӣ аз имрӯзаи дурахшон ва пур аз шукуфтанҳову растанҳо, ба қадри истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва сулҳу субботи комил бирасем, зиракии сиёсиро аз даст надода, парчамбардори ҳақиқии Ватани азиз ва пайравони асили Пешвои муаззами ҲХДТ бошем.

Имрӯз мо бояд дар замири наслҳои ояндасоз муҳаббати чунин ободиҳою шоҳкориҳоро парварем, то ки ҳар як фард низ муҳофизати замони соҳибистиқлолӣ бошаду онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ мардуми шарафманди Тоҷикистонро аз самими қалб бо фарорасии ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, дар ҷодаи зиндагӣ ва кору фаъолияти хеш саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир орзу менамоям.

Пирӯзиҳои Истиқлолият ва абадияти сулҳу суботи Тоҷикистон хуҷаста бод!

Гулнора УСМОНОВА,

мудири шуъбаи умумии кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: