Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БОЯД СОДИҚ БОШЕМ!

БОЯД СОДИҚ БОШЕМ!

24-07-2018, 08:18
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
 БОЯД СОДИҚ БОШЕМ!
Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ амали гардид.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид месозанд, ки «Таърих гувоҳ аст, ки дар тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…».
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро пеша кардааст ва бо ҳар кадом ҷумҳуриҳо бо баназаргирии манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро ба роҳ мондааст.
Аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиКлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалӣ робитаи дўстона, ҳамкории васеи судмандро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳ монд. Дар доираи ин ҳамкорӣ нақби Анзоб, нерўгоҳи барқи обии «Сангтуда - 2» сохта ба истифода дода шуданд ва объектҳои дигари ҳаётӣ сохтмонашон идома дорад.
Мутаассифона, кишвари ба мо дўст, бародар, ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварӣ ва эътиқоди зиёд риштаи ҳамкорӣ ва дўстиро пеша карда буд, дар забону зоҳир як чизро баён намуда, дар ботин мақсаду ниятҳои нопоку разилона ва душманонаи худро доштааст. Далели ин гуфтаҳо нишондоди гурўҳи ҷинояткороне, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон барои содир намудани куштор, амалҳои террористӣ, таркиш ва дигар амалҳои диверсионӣ машқу тамрин намуда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 1995 то 1999 ҷиноятҳои вазнинро содир намудаанд. Ин гурўҳи ҷинояткор, ки аз нишондодашон бармеояд, зери роҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷи Ҳалим Назарзода ба содир намудани куштори олимон, сиёсатмадорон, аҳли фарҳанг ва дин машғул буданд. Шахсиятҳое, ки аз ҷониби ин гурўҳи ҷинояткор ба қатл расонида шудаанд, инҳо на шахсиятҳои оддӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногун муаррифгари миллати тоҷик буданд. Гурўҳи ҷинояткор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо супориш ва роҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷи Ҳалим Назарзода бар ивази маблағи ночизи сармоягузорони хориҷии худ чунин шахсиятҳои маъруфи кишвар Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзод Афардӣ, Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Ғуломов Минҳоҷ Ғуломович, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф ИсҳоКӣ, Карим Юлдошев, Ҳабиб Сангинов, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Шарипов Фатҳуллохон, Бегиҷонов Собирҷон, Хайруллоев Нурулло Мухторович ва дигаронро ба қатл расонида нобоварии халқро нисбати ҳукумат зиёд намуда, маълумотҳои бардурўғро оид ба он ки ин шахсиятҳои барумандро ҳамчун рақибони сиёсӣ ҳукумати кишвар ба қатл расонида бошад паҳн намуда буданд. Бо гузашти вақт таърих ҳама бозиҳои сиёсии пасипардагии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо роҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзодаро ба мардуми кишвар ошкор намуд. Ин амалҳои ноҷавонмардонаи бадхоҳони миллати тоҷик бори дигар ба халқу ватан ва ҷаҳониён исбот намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳпарваронона, хирадмандона, созандаро пеша гирифта онро дар амал татбиқ намуда истодааст.
Гузорише, ки аз тарафи шабакаҳои телевизонии кишвар пахш гардид, бояд барои тамоми мардуми кишвар дарси ибрат бошад ва дигар ба дасисаву иғвоҳои гурўҳҳои алоҳида нагарданд. Аҳли кишвар бояд сиёсати Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри ободу сарсабзии кишвар саҳмгузор бошем.
Қобилов Б.Қ. - дотсент
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: