Захмиёни Сурия ба бемористонҳои Туркия интиқол меёбанд26-02-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 349 нафар
Назарҳо: 0
Бемористонҳои Туркия дар минтақаҳои наздимарзӣ ҳар рӯз даҳҳо захмии зарбаҳои ҳавоӣ дар Ҳалаб ва Аъзози Сурияро қабул мекунанд.
Ба гуфтаи духтури бемористони шаҳраки Килис дар ҷануби Туркия Узҷан Демир дар як рӯз а ин ҷо наздик ба 90 захмии бомбаборонҳои Сурия интиқол дода шудаанд. «Баъд аз ҳар бомбаборон захмиёнеро меоранд, ки оҳанпораи зиёд дар бадан доранд. Таркиши бомба метавонад бо ҳазорон пора аз сар то пойи инсон захмӣ кунад. Мо қариб ки ба як бемористони ҷангӣ табдил ёфтаем,» - гмегӯяд Демир. Бино бар суханони шаҳрдори Ғозиёнтеппа Фотима Шоҳин, интиқоли захмиён баъд аз оғози бомбаборонҳои Русия бештар шудааст. "Қурбониёни зарбаҳои ҳавопаймоҳои Русия асосан мардуми осоишта аст. Бо шурӯи маърака шумори онҳо бештар шудааст. Вале мо марзи худро боз карда наметавонем. Он гоҳ ҳамаи таъминоти ноҳияҳои наздимарзӣ бояд ба дарунтари кишвар кӯчонда шавад," -- гуфт Шоҳин ба Бахши Хабарии Осиёи Марказӣ. Пештар хабар расида буд, ки президенти Сурия Башор Асад ва мухолифони ӯ оташбасеро пазируфтанд, ки рӯзи 22 феврал Русия ва ИМА барои 27 феврал таҳррезӣ кардаанд. Ҳамзамон Димишқ гуфтааст, дар ҳоли ҳамла ба нерӯҳои давлат посухи низомӣ хоҳад дод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.