Роҳбари ҳукумати Толибон* маълум шуд2-09-2021, 09:30
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Инчунин ба мақоми вазири умури хориҷии Афғонистон, Абдулғанӣ Бародар, вазири мудофиа, Мулло Яъқуб, писари роҳбари аввали Толибон* - Мулло Умар ва вазири умури дохилӣ Халифа Ҳаққонӣ таъйин шудаанд.
Интизор меравад, ки муаррифии расмии ҳукумати ҷадид рӯзи ҷумъаи 3 сентябр баргузор гардад. Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ва Толибон* ба мувофиқа нарасиданд Тобистони соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҷангиёни Толибон* аввал минтақаҳои марзӣ, баъдан марказҳои вилоятҳо ва 15 август Кобулро ишғол карда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар анҷом ёфт. Феълан Панҷшер ягона аз 34 музофоти Афғонистон мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷамъ омада, ташкили давлати муосир бо иштироки намояндагони тамоми ақвому ақшори ҷомеа дар заминаи исломи муътадилро талаб доранд. Рӯзҳои охир Толибон* чанд бор ин вилоятро ҳадафи ҳамла қарор доданд, аммо ба гуфтаи намояндагони Ҷабҳаи муқовимат, ҳамлагарон шикаст хӯрданду маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.