Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дастоварди беназир ва таърихии миллат!

Дастоварди беназир ва таърихии миллат!

23-08-2021, 09:09
Хабарро хонданд: 122 нафар
Назарҳо: 0
Дастоварди беназир ва таърихии миллат!

Айнӣ:-Истиқлолият гаронарзиштарин, волотарин, муқаддастарин ва беназиртарин дастоварди таърихии миллати куҳанбунёди тоҷики тоҷдор ба шумор меравад. Ин рӯзро таърих барои миллати мо ҳадя намуд ва 30- сол муқаддам бо талошу ҷонбозиҳои фарзона фарзандони миллат муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад.
Истиқлолияти давлатӣ баробари ба вуҷуд омаданаш гувоҳи он гашт, ки миллати тоҷик куҳанбунёд аст ва қадима будани давлатдории мо назди таърих исботи худро ёфт.
Мусаллам аст, ки расидан ба истиқлолияти давлатӣ, бунёди ҷомеаи озоду демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳанӯз ҳамчун яке аз ормонҳои деринаи халқи соҳибтамаддун ва фарҳангпарвари тоҷик маҳсуб ёфта, дар тӯли таърих мардуми шарифи мо баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафҳои наҷиб кӯшишҳои сазовору пурмаҳсулро ба иҷро расонидааст.
Барои мо Истиқлолият – нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз мебошад.
Тули таърихи чанҳазорсолаҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби тоҷикӣ ва илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.
Даврони Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллату давлатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Бо инояти Офаридгор таърих барои миллати мо баъд аз соҳибистиқлолӣ неъмати дигареро низ ҳадя намуд. Ин ҳадяи Худойи барои миллати тоҷик Роҳбари Оқилу донои он, фарзона фарзанди тоҷик, умеди пиру барно, соҳиби асили тоҷикони дунё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ин абармарди дунёи сиёсат иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидан дар тамоми фишангҳои ҳокимият, асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.
Чунонки Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Миллати бузурги тоҷик дарк намуд, ки Истиклол чун олитарин меҳмони пурфайзу пурсаховат бар хони кишвари Ӯ қадам ранҷа намуда истодааст. Ин миллати меҳмоннавоз қудуми мубораки ин неъмати Худойиро воло ҳисобида, ба хубӣ пазируфт. Гарчанде бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамин тобу тоқати ин рӯйдоди бузурги таърихиро нодидагирӣ карда, миллати баруманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми баруманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳои таърихиву фарҳангиро вайрону валангор карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд. Зеро ин миллати куҳанро марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Пешвои муаззами миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунанд.
Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид.
Имруз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Точикистонро чун кишвари соҳибистиклол нашиносад. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни бузурги таърихӣ 30-солагии Истиклолияти давлатӣ ҳамачониба барои ободкориву бунёдкорӣ омодагӣ дида, баҳри сазовор таҷлил намудани ин ҷашни фархундаи миллат корҳои бунёдкорӣ бо маром идома доранд.
Дар раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки имрӯзҳо хушбахтона дар саросари мамлакат ба назар мерасанд дар ноҳияи Айнӣ низ садҳо бинову иншоот ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода додашуда, қисми зиёди дигар азнавсозӣ ва аз таъмири замонавӣ бароварда шуда, барои зиндагии шоистаи сокинон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда аст.
Баҳри расидан ба ҳадафу ормонҳои миллиамон ҳар яки моро лозим аст, ки бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии давлату миллат пайи иҷрои вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандӣ гардида, барои боз ҳам машҳуртар гардидани Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилал кӯшишу ғайрат намоем.

Раиси кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

Рузибой Раҳимзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: