Чаҳор қудрати ҷаҳонӣ ваъдаи назорати оташбаси Сурияро доданд25-02-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд гуфт, ки кишвараш якҷо бо ИМА, Олмон ва Бритониё иҷрои қарордоди оташбас дар Сурияро назорат мекунад.
Олланд ҳамчунин хабар дод, баъд аз баррасии шароити оташбас дар миёни чаҳор кишвар баёнияе бо дархости қатъи бӯҳрони башарӣ дар Сурия қабул шуд. Раҳбарони ин кишварҳо аз раиси ҷумҳур Башор Асад хостанд, ки ба раванди расонидани кӯмакҳои башардӯстона ҳамаҷониба мусоидат кунад. Президенти Фаронса зикр кардааст, ки дар ин замина бояд ба ҳамаи шарикони Асад, аз ҷумла Русия, фишор оварда шавад. "Вагарна фавҷи гурезаҳо идома ёфта, аллакай дар Туркия шароити бӯҳронӣ ба миён хоҳад омад", - гуфт Олланд. Пеш аз баррасии вазъияти оташбас котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ даъват кард, ки дар татбиқи он набояд таъхир ба миён афтад. Зеро чунин таъхир метавонад Сурияро ба қисматҳо тақсим кунад. Рӯзи сешанбе раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад шароити оташбасеро қабул кард, ки аз 27 феврал эътибор пайдо мекунад. Дар бораи шароити оташбас Русия ва ИМА 22 феврал ба созиш расиданд. Дар ҳамин ҳол, Димишқ ҳақ дорад, дар сурати ҳамла ба мавзеъҳои нерӯҳои ҳукуматӣ зарбаҳои ҷавобӣ занад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.