Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳаққиқати сухан

Ҳаққиқати сухан

20-08-2021, 10:52
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
 Ҳаққиқати сухан

Нависандаи ҳақиқатҷӯ, ҳақпараст Ҷумъа Одина эчодгаре буд, ки дардҳои замонашро ба зуди эҳсос карда, дар ростои зиндагӣ ба маъниҳои ҳаёт хуб сарфаҳм мерафт. Агарчи аз овони наврасӣ талхию шириниҳои ҳаётро хуб дидаву санҷида бошад ҳам, вале оқибат қурбони замони фармонравоиву дурӯягӣ, ҳукмбарории бехирадонаи иддае аз зимомдорони давр гардид. Дардҳои замона дар охир ба қалбаш завлона заданд ва он ҳама бӯҳтону дасисабозиҳои гурӯҳе аз мансабпарастон, хиёнати дӯстону зумрае аз наздикон ва суханпардозони кӯрназар сари романи нахустинаш «Гузашти айём», ки мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд, ӯро ба сактаи қалб гирифтор намуд оқибат сабаби марги нобаҳангомаш гардид.


Бори аввал ба романи “Гузашти айём”—и Ҷумъа Одина ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта, ҳангоми дар шуъбаи адабиёт ва драмаи Радиои Тоҷикистон кор карданам, шиносоӣ пайдо карда будам. Он вақт дар барномаҳои сеюми радио (стерефонӣ), ҳамчун мутахассиси ҷавон ба ҳайси муҳаррир фаъолият мекардам. Боре сармуҳаррири идораамон нависанда Иноят Насриддин (равонашон шод бод) маро наздаш хонда, супориш дод, ки барои барномаи “Чароғи ҳунар” аз эҷод ва рӯзгори Ҷумъа Одина лавҳа тайёр кунам. Барои тайёр кардани лавҳа зиндагиномаи Ҷумъа Одинаевро омӯхта, аз паҳлуҳои зиёди эҷод ва зиндагиномаи рангинаш аз наздик огаҳӣ ёфтам. Сатрҳои навиштааш сермазмун, дардноку санҷида шуда буда, баёнгари ҳақикат ва ифшогари беадолатиҳои замон буданд. Эҷоди Ҷумъа Одинаев саросар ибрози андеша буд. Омӯзишро аз повести «Авроқи рангин» (соли 1964) ва повести «Иншо дар мавзӯи озод» (соли 1968) оғоз намудам.
Қаҳрамонони ин повестҳо бо нигоҳ, рафтор, гуфтор ва андешаи худ хеле мӯъҷаз ва нозукбинона ба қалам дода шуда буданд. Хонандаи закифаҳм ба зуди онҳоро мешинохт ва ба хислату рафтори онҳо мувофиқ ба дид ва нигоҳаш баҳо медиҳад. Дарк кардам, ки тарзи эҷоди нависанда як равияи наверо мемонад, ки он ба хонанда шавқовар аст ва таъсири хуб мерасонад. Дар ин асарҳо андешаи нависанда не, балки андешаи худи қаҳрамонон ба инобат гирифта шудааст ва ин хонандаро ба мазмун мутавваҷеҳ сохта, ӯро ба фикр кардан водор месозад.
Соли 1978 романи «Гузашти айём»-ро навишт, ки рӯҳия ва мундариҷаи он ба сиёсати ҳукумати давр чандон созгор набуд. Адабиётшиноси варзида Абдунабӣ Сатторов, ки ба нашри «Гузашти айём» охирсухани муфассал навиштааст, мегӯяд: «…муддаиён аввал бо баровардани Қарори бюрои Комитети Марказӣ (10 май 1977) ва баъд Қарори КМ ПК Тоҷикистон (апрели соли 1979) ба он муяссар гардиданд, ки романи “Гузашти айём”-ро ҳамчун як асари зиддисиёсӣ, зараровар ва бадномкунандаи воқеияти сотсиалистӣ, маҳкумшуда эълон кунанд» («Гузашти айём», Душанбе: «Адиб», 1989, саҳ.387).
Зимни навиштани роман Ҷумъа Одина эҳсос карда буд, ки бадхоҳонаш намегузоранд, ин асараш ба дасти хонанда расад ва борҳо ин мазунро ба дӯстонаш гуфта буд. Ҳангоме, ки асари мазкурро маҳкум карданд, иддае аз дӯстонаш гуфтаҳои ӯро паёмбарона шумориданд. Нотавонбинони бахил, иддае аз пастфитратони дунёи эҷод, аз пешрафт ва камолоти волои эҷодии ӯ ба ҳаррос афтода, пайваста кушиш мекарданд, ки номи нависандаро дар ҳама ҷо бад кунанд ва нагузоранд, ки ӯ воломақом шавад. Ва онҳо дар ҳамон замон ғалаба карданд. Нависандаро мағлуб сохтанд. Гурӯҳе аз дӯстони бо ном замоне вафодор ба гӯшаи хомушӣ рехлат карда, ба қазияи мазкур яксара ба бетарафию беҷуръатӣ нишон дода, аз рӯйи ҳақиқат ва инсофу адолат сухан накарданд.
Моҳи ноябри соли 1978 дар толори маҷлисгоҳи Комитети Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон вазъи корҳои Комитети матбуоти ҳамондавра, бахусус муҳтавои якчанд асарҳои дар нашриёт чопшударо мавриди муҳокима қарор доданд. Дар хусуси романи «Гузашти айём» ҳам интиқод гирифта шуд. Дар ин маҷлис Ҷумъа Одина ба сухан баромада, ба интиқоди намояндагони Кумитаи Марказӣ эрод гирифт ва ин эроди гирифта шуда равғане шуд, ки алангаи оташи ғазаби онҳоро дучанд намуд. Акнун аз сари нав роман мавриди таҳқиқу эрод карор гирифт ва билохиран “нуқсонҳои зиёде” дар мазмуни роман пайдо гардид. Гарчанде роман аз ҷониби нашриёти “Ирфон” чоп шуда бошад ҳам , аммо он баста шуд ва қариб тамоми китобҳои чопшударо ҷамъ намуда, дар анборе ҳабс карданд. Барои чопи китоб, муаллиф, Даврон Ашӯров Убайд Раҷаб ва чанд каси дигар ҷазо ҳам гирифтанд.
Ҳамин тариқ романи «Гузашти айём» соли 1978 расман, бо қарори махсуси доираҳои ҳизбӣ ва расмӣ асари зарарнок барои ҷомеаи ҳамондавра эълон карда шуд ва ин ноҷавонмардиҳои зумрае аз ҳамзамонону ҳаммаслаконаш ҷисми нависандаро ранҷур карда, ба сактаи қалб гирифтораш намуд ва оқибат сабаби марги нобаҳангоми ӯ гардид.
Агар дар маҷмӯъ гирем нависанда Ҷумъа Одина на бар алайҳи ҷомеаи Шӯравӣ қалам бардошта буд, балки ӯ бар идеалҳои гуманистӣ ва тозагии ҳизби коммунист эътимоди калон дошт. Интиқоди ӯ дар роман мазмуни ҳаққоният дошт ва кабудиву костагиҳоеро нишон медод, ки аз ҷониби иддае аз роҳбарони ҳизб зуҳур мекарданд. Мансабпарастӣ, худхоҳӣ ва беадолативу носозгориҳои ҷомеъаро дар обарази қаҳрамонони асараш ба хонанда нишон додааст. Ҳамаи ин барои гурӯҳе аз мансабдорон ва болонишони давр ҳушдор ва хеле ваҳмангез буд.
Дар романи “Гузашти айём” бори аввал дар таърихи насри тоҷик беадолатӣ ва мансабпарастии зумрае аз намояндагони ҳизби коммунист зери танқид гирифта шуда буд. Воқеоти сужаи роман асосан солҳои сиюм ва чилуми асри гузаштаро дар бар мегирад. Чуноне, ки мо аз таърих медонем солҳои сӣ замоне буд, ки ҷомеаи ҳамон давраи моро марҳалаи сангини сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ фаро гирифта буд. Мардуми оддӣ бисёр паҳлуҳои сохтори нави ҷомеаро дарк карда наметавонистанд, вале ба ҷомеаи сотсиалистӣ эътимоду эътиқоди қавӣ доштанд.
Қаҳрамони романи «Гузашти айём» котиби райком Қосим Бобоевич ва ҳаммаслакону ҳамтабақони ӯ низ парвардаи ҳамон давру замон ва шароиту вазъият буданд, ки дар ташаннуҷи муборизаи синфӣ мардуми андак сармоя доштаро ҳамчун кулак истибдод мекарданд ва бо тӣҳмату бӣҳтонҳои гӯшношунид онҳоро ба коми марг тела медоданд. Нависанда тавонистааст, ки дар ифшои ин образҳо, хислату зуҳури иҷтимоии онҳоро таҳлили бадеӣ карда ба хулосае ояд, ки ҳарчанд онҳо аз табақоти болоии ҷомеа набошанд ҳам, аммо манфиати худро аз ҳама боло медонанд. Дар ниҳод эҳсоси беинсофӣ, бераҳмӣ, хешу таборпарастию худхоҳӣ доранд.
Образи қаҳрамони марказии роман Мерган Салимов чеҳраест, ки он муқобили он ҳама беадолативу носозгориҳои ҷомеа аст.Мерган Салимов мекушад, ки ҳамеша ба муқобили нафарони қаллобу маккор, вайронкунандагони сохтори ҷамъияти нав ва туҳматпешаҳо мубдориза барад. Ӯ муборизи роҳи ҳақикат аст. Нависанда Мерганро дар кори ҷамъиятӣ, дар муносибат ба моликиияти халқу давлат, дар муносибат ба одамон хуб тасвир кардааст. Симои вай чун марди рӯзгордида, сахтиҳои зиндагиро чашида, поктинат, далеру ғаюр, матинирода, ҷасур, чун намунаи коммунисти ҷонсӯзу ҷонфидо, намоён мешавад ва Мерган сазовори пайравист. Нависанда танҳо ба зикри ҷиҳатҳои иҷтимоӣ маҳдуд нашуда, андешаҳои Мерган, рӯҳияи ӯро бамаврид ва хеле батафсил тасвир кардааст.
Агар дар маҷмуъ муҳтавои романро ҳамчун хонандаи закифаҳм ва маънавиёти хуб дошта таҳлил намоем, дар сужаи он мазмуни бадеро бар хилофи сохтори коммунистии ҳамон давра намебинем. Ба зери тозиёнаи танқид гирифтани рафтори гурӯҳе аз роҳбарони чоплусу муфтхӯр, ки донишу малакаи хуби инсонӣ надоранд, баръакси ҳол барои сохти ҷамъияти ҳамондавра манфиати баланд дошт. Фош намудани рафтору кирдори онҳо бонге буд, ки мутассаддиёни ҷодарро ҳушдор медод. Нависанда ба радду бадал, номувофиқати рӯҳия, ба ҷараёни андешаҳо эътибор дода, боло гирифтани эҳсоси солими инсониро дар асараш махсус таъкид карда, хонандаро бар он водор сохтаааст, аз рӯи хислат ва рафтори қаҳрамонони роман руҳияи одамиро шиносанд ва нисбат ба рафтору гуфторашон баҳо диҳанд. Ин маънои онро дорад, ки ин роман як андоза эҳсоси одамшиносии хонандаро вусъат мебахшад. Дар романи “Гузашти айём” образҳои дигаре ҳастанд, ки хеле барҷаста ва бо самимияти хосае офарида шуда, хонандаро ба он водор месозанд, ки атрофи онҳо ба назари таҳлил нигарад ва ба хислату рафторашон баҳо диҳад.
Дар ҷамъбаст ҳаминро бояд иброз дорам, ки нависанда Ҷумъа Одина , яке аз нахустин нависандаҳое буд, ки дар адабиёти тоҷик алайҳи чоплусӣ ва дурӯягиҳои замон эътироз кардааст ва ӯ тавонист дар адабиёти муосир мазмуни наверо ворид созад. Ин ҳама аз ҷасорат, матонат ва инсондустиву мардумпарварияш шаҳодат медиҳад. Агарчӣ ноҳамвориҳои зиндагӣ қалби пурэҳсосашро аз тапидан бозмонда бошад ҳам, аммо офаридаҳояш номи ӯро абадзинда гардонидаанд.


Таоймуроди Орифӣ




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: