Марде бо меҳри ватандорӣ30-04-2021, 08:31
Хабарро хонданд: 1021 нафар
Назарҳо: 0
Ҷаҳони китоб Номи Нарзулло Тилозода барои мо ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ошно буд. Балки ибтидо падари бузургворашон Тилло Шарифро медонистем, ки дар деҳаи Роҳатӣ мезистанду муаллими мактаб буданд. Худи ӯро аввал ҳамчун ҳуқуқдон ғоибона мешинохтам ва баъди хатми донишгоҳ ва аввали солҳои 80 бо оғози кор дар матбуот ибтидо бо навиштаҳояш ошно ва пас аз он бо худи эшон ҳамсуҳбат шудам. Идораи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва нашриёти «Адиб» он солҳо як муддатдар як бино ҷойгир буданд ва рӯзе Матлуба Неъматова, муҳаррири нашриёт, ки ҳуҷраи кораш дар паҳлуи мо буд, ба коргоҳамон даромад. Дар дасташ нусхаи китоби нимтайёре дошт. Пас аз саломуалейк онро наздам гузошт ва гуфт: - Мешиносӣ? Номи муаллифро дида, посух додам, ки «бале, чӣ тавр нашиносам, мо, ҳамсоядеҳаем ва як мактабро хондаем». То ин дам медонистам, ки мавсуф ҳуқуқдони шинохта ва муаллифи чанд китобаст, вале акнун маҷмӯаи шеърҳои бачагонааш бо номи «Лола баромад» пеши ман буд. Ҷойи пинҳон кардан набуд, ба ин сабаб иқрор шудам, ки муаллифро мешиносам вале худи ӯро боре ҳам надидаам. Пас аз муддате, чун барои фаҳмидани вазъияти чопи китоби нав ба нашриёт омад, муҳаррири он, ба қавле «сюрприз»карда, моро бо ҳам рӯ ба рӯ шинос кард. Ман он вақт ва ҳоло низ ба тавону ҷасорати ин мард қоилам, ки ҳанӯз аз ҳамон солҳо дар баробари иҷрои масъулиятҳои хидматӣ ба қадри тавон кори бузурге барои адабиёт анҷом медиҳад. Имрӯз ҳам ба мушоҳида мерасад, ки дар солҳои ахир маҳсули зеҳну қаламаш зиёд шудаву кам не. Чанде пеш ба синни 75 расиду ба ин муносибат барои худ ва мо, хонандагон маҷмӯаи бузургҳаҷмеро бо номи «Ба Ватан хизмат мекунам!» ҳадя кард. Он аз ду роман: «Сарбози махфӣ ё Штирлитси тоҷик» ва «Қасос» иборат аст. Романи аввал доир ба фидокориҳо, шуҷоат ва корнамоиҳои кормандони соҳаи разведкаи солҳои 30 ва 40 –и асри гузашта ва нақши тоҷикҳо дар иҷрои амалиётҳо дар қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон буда, романи дуюм, боз ҳам ба мавзӯи фаъолияти кормандони милитсия, ки азмавзӯъҳои ҷонии нависанда аст, бахшида шудааст. Чуноне худи муаллиф дар оғози романи якум шарҳдодааст, шахсиятҳои тахаюлиро бо воқеаҳои таърихӣ пайваста, достонеро ба ҳақиқат монанд ба риштаи тасвир кашидааст. Ин ҳам бозгӯи ҷасорат ва устувории ақидатӣ аст, ки рӯйдодҳои он давра ва талоши Амир Олимхон-амири аз Бухоро ба Афғонистон гурехта ва амалкардҳои Фузайл –махсуми босмачиро, ки фирефтаи авантюраҳои немису англис шуда, қасди барқарор кардани аморати аздастдодаашонро доштанд,ботаъкид ба иннукта, ки онҳо чеҳраҳои таърихианд, ба қалам тасвир намудаву ба шакли достонпешниҳод намудааст. Академик Кароматулло Олимов барҳақ дар сарсухани китоб ба ин мазмун ишора кардаанд, ки ин навишта шояд нахустин асарибадеӣ дарбораи кормандони соҳаи разведка ба забони тоҷикӣ бошад. Бинобар ин, онро як навгонӣ дар адабиёти бадеии даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон метавон ҳисобид. Забони содаву фаҳмо ва тасвири равшану дилчаспи рӯйдодҳо аз дигар дастовардҳоест, ки дар ин пешгуфтори боқалами ин донишманду соҳибназари тавоно навишташуда ба он таъкид гардидааст. Ҳар нафаре ба навиштаҳои Н. Тиллозода ошност, медонад, ки ӯ аз оғоз ба воқеаҳои дедективӣ сарукор дорад ва ҳамон фаъолияти муфаттишӣ, ки тамоми умр анҷом медод,барои тасвири боварбахшу хотирамони моҷароҳову рӯйдодҳои мавриди тасвир қарордодааш мусоидат кардааст. Аммо забони навиштаҳояш чун забони як корманди соҳаи ҳуқуқ хушку қолабӣ нест, зеро бадеият ва маҳорати истифодаи вожаҳоро ӯ бо гузашти вақт аз мактаби зиндагӣ омӯхтаву сайқал додааст, ки ошноӣ бо чанд китобаш гувоҳи ин сухан мебошад. Нарзулло Тиллозода аз ҷумлаи адибони камшумори дедектив (моҷаронавис)-и тоҷик аст. Ва ҳамон таҷрибаи зиёда аз сисолаи кораш дар мақомоти тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ ҷавҳарест, ки ӯро аз нависандагони ин бахш ҷудо мекунад. Ногуфта намонад, нависанда полковники мустаъфии милитсия, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аммо аз ҳамон солҳои аввали ворид шудан ба майдони ҳарбузарби адабу эҷод, ҳампешагонаш ӯро чун як фарди одиву хоксор мешиносанд, ҳамон гуна, ки дар зиндагӣ ҳаст. Маҷид САЛИМ, нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ҳам бар ин андеша аст, ки чун кору фаъолияти касбии ӯ ба тафтишоту тартибот дахл дошт ва бештари вақти ӯ барои кушодани гиреҳи парвандаҳои ҷиноятӣ сарф мешуд, аз ҳамон ибтидо, бо он ишқе, ки ба навиштан нишон медод, ба иншои асарҳои детективӣтаъсир гузор будааст. Ҳосили эҷоди вай дар ин бахш хеле бобарор аст.Соли 1989 китоби қиссаву очерк ва ҳикояҳояш бо номи “Қотили ниқобпӯш” аз нашр баромад. Сипас, паи ҳам китобҳои ҳуҷҷативу детективии ӯ бо номҳои «Қиссаи портфели сурх», «Туҳмат», «Доми фиреб», «Барқия аз ҷаҳаннам», «Кушоед, ман милиса», «Қотили зархарид», «Хоки Ватан», «Полковник Соибов» ва «Ҳотами замона»“ ба табъ расиданд, ки дар миёни ҳаводорони ин жанр зуд маҳбубият пайдо карданд. Лозим ба зикр аст, ки яке аз китобҳои дигари мукаммали нависанда «Хотираҳои муфаттиш» номгузорӣ шудааст, ки баҳаёту фаъолияти зиёда аз сад нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти тафтишотӣ, кормандони прокуратура ва суд бахшида шудааст. Ҳикояи «Парвандаи аввалин»-и муаллиф ҳам, ки оғози китоб аст, ҳуҷҷатӣбуда, тасвире аз лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани муаллиф дар мақомоти тафтишотӣаст, ки хонандаро ба воқеаҳо ва шароити соли 1967 мебарад. Дар он тасвир шудааст, ки як ҷавони деҳотии нав факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ хатмкарда муфаттиш таъин мешавад. Сипас,рӯйдодҳо васужаи ҳикоя гирди муносибати ин ҷавони қоматбаланду хушандом, вале содаи деҳотӣ бо як мақоми ҳамкораш мечархад. Муфаттиши ҷавон Тиллоев мехоҳад, парвандаи аввалинро, ки барои тафтиш ба вай супурдаанд ва ӯ бо ҷиддият таҳқиқ намудааст, дар вақташ супорад, аммо дар роҳаш монеаҳои зиёде эҷод мешаванд. Ҳикояҳои воқеии муаллиф «Зани сешавҳара», «Дузди 48 мағоза», «Дело 6 – «Барс»-и номдор», «Делои Тешабоев», «Таҷовуз ба номус» ва чандин навиштаи дигари нависанда низ ба рӯйдодҳои вобаста ба фаъолияти кормандони бахши бахши кофтукову таҳқиқи ҷиноятҳо бахшида шудаанд. Мавзӯи қиссаҳои мустанади «Қотили ниқобпӯш», «Доми фиреб» ва «Туҳмат» ҳам поя бар рӯйдодҳои воқеӣ дошта, вақти рӯи қоғаз омадан бо қалами нависанда моҳирона обуранги бадеӣгирифтаанд. Дурӯягиву чоплусӣ, фиребу хиёнаткорӣ дар баробари кушторуғоратгарӣ, дуздиву авбошӣ, ки дар ин навиштаҳо бозтоб мешаванд, хоси як сохти ҷамъиятӣ нест, балки барои ҳама давру замонҳо маъмул будааст, ба ин сабаб мавзӯи эҷоди нависанда куҳнашавӣ надошта,барои хонандаи ҳар аср шавқовару писандида хоҳад буд. Ба ин иқтибос ҳам диққат диҳед: - Ман даст бардошта, азҷоям наҷунбидам, ду сарҳадбон баданамро палмосида кордро аз соқи мӯзаам бароварда дигар чизе наёфта, фармон доданд: -Пеш даро, майли гурез макун, ки мепарронем, - гӯён маро пеш- пеш карда, ба постгоҳашон бурданд. Аз онҷо бо телефон ба куҷое занг зада гуфтанд: - Мо каси аз сарҳад гузаштаро дастгир кардем, омада баред. Вақти зиёде нагузашта, як мошини «Газик» омад, азон чор аскар фаромада маро завлона заданд, ба он бор карда, ба ситодашон бурданд…». Ин тасвире аз «Қиссаи махфӣ» аст, ки ба воқеаҳои солҳои 40 дар марз бо Афғонистон рабт мегирад, аммо чунин чизеро дар бораи фаъолияти марзбонони имрӯза ҳам метавон тасвир кард. Нависандаи моҳир ҳодисаҳоро багунае умумият медиҳад, ки боиси мондагору боварбахш гардидани навиштаҳояш мешавад. Н.Тиллозода чи дар солҳои пеш ва чи имрӯз барои бачаҳо низ менависад, ки бар иловаи он чӣ дарболо ёдовар шудем, китобҳои дигаре низ ба чоп расонид. Маҷмӯаи «Лола баромад», соли 1986 бо русӣ дар нашриёти «Маориф» бо номи «Распускается тюльпан» (маҷмӯаи шеър ва афсонаҳо» низ нашр шуд. Китоби «Вольшебное ущелье» ( Душанбе, 1990) ҳам азҷумлаи навиштаҳои ӯст, ки барои наврасон чоп шудааанд. Соли 2017 китоби «Турнаҳо»- яш азсӯйи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар бахши шеъри кӯдакона ҷоиза гирифт. Дар яке аз маҳфилҳои хоса, ки ба ин адиби пуркор бахшида шуд, шоири тавоно ва шинохта, Абдулло Қодирӣ, ки ӯро бо тахаллуси Мумтоз ҳам мешиносем, иқрор шуд, ки Тиллозода сарфи назар аз он ки ихтисосу машғулияти дигаре дорад, боз ҳам азман зиёдатар китоб навиштаву чоп кардааст. Дар воқеъ, А. Қодирӣ тағои мавсуф буда, номаш ба туфайли ғазал ва таронаҳои дилнишини эчоднамудааш дар адабиёти тоҷик барои ҳамеша сабт аст. Дар поён ин нуктаро лозим ба ёдоварӣ медонам, яке аз ҳамкорони дӯстдори таъриху осори дедективӣ китоби қариб 600 – саҳифагии «Ба Ватан хизмат мекунам»- ро рӯйи мизам дида, гирифту варақ зад ва хост, ки ҳар вақте корро тамом кардам, китобро барои хондан ба ӯ диҳам. Яъне ҳар асар хонандаи худро дорад ва осори ин адиби пуркор ва хоксор ҳам аз ҳамин ҷумла мебошанд. Солеҳ Юсуфов
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.