
Субҳи 17-уми август дар идомаи силсилаи чорабиниҳои тарғиботӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо фаъолони ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов таҳти унвони “Дирӯз ва имрӯзи кишвар” баргузор гардид. Зимни мулоқоти мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Фирӯз – мудири шуъбаи ташкилии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ва Қобилов Аббос – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба нақши Истиқлолият дар таърихи навини давлатдории миллӣ, шароити таърихии расидан ба он ва дастовардҳои давлату Ҳукумат давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ баромад намуда, тамоми пешрафти ҷомеа ва рӯзгори ободу осудаи сокинонро самара ва меваҳои истиқлол номиданд. Дар ин радиф, доир ба рафти корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози афкор намуда, сокинон барои саҳмгузорӣ ба раванди бунёдкорӣ ва шукргузорӣ аз фазои озоду рӯзгори обод даъват карда шудаанд.