Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бадахшон – махзани ҳунарҳои дастӣ: Аз тоқӣ то мӯҳрабофии бадахшӣ

Бадахшон – махзани ҳунарҳои дастӣ: Аз тоқӣ то мӯҳрабофии бадахшӣ

12-08-2021, 07:05
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Бадахшон – махзани ҳунарҳои дастӣ: Аз тоқӣ то мӯҳрабофии бадахшӣ
Бадахшон натанҳо бо кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи худ, балки бо ҳунарҳои дастии мардумиаш низ номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Имрӯзҳо сайёҳони хориҷӣ аз ҳунарҳои дастии мардуми ин минтақа харидорӣ намуда, онро барои дӯстон ва наздикони худ армуғон мебаранд.

Ҳунармандӣ бахше аз зиндагии рӯзмарраи мардуми кӯҳистон ба шумор меравад. Қисми зиёди мардуми Бадахшон бо посдорӣ ва эҳё намудани ҳунари аҷдодии худ зиндагияшонро пеш мебаранд. Дастдӯхти баъзе аз ҳунармандони ин диёр, то Амрикову Ҷопону Фаронса расидааст.

Имрӯз ба хонандагон дар бораи ҳунарҳои мардумии як минтақаи дурдасти вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон – Вахон маълумот пешниҳод менамоем. Дар мавод Шумо метавонед аз таърихи мулки Вахон ва ҳунарҳои мардумии он огоҳӣ пайдо намоед.

Назаре ба таърихи Вахон
Вахон – мулкест дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарзамини имрӯзаи ноҳияи Ишкошим. Сокинони ин ноҳияи дурдаст асосан аз ду водӣ Ғорон ва Вахон иборат буда, забони гуфтугӯияшон аз ҳамдигар фарқ дорад. Сокинони водии Ғорон бо лаҳҷаи порсии Ишкошимӣ, қисмати водии Вахон бошад, бо забони вахонӣ гуфтугӯ мекунанд.

Вахон ин диёри куҳсори тоҷик ҳануз дар китоби муқаддаси зардуштиён “Авесто” бо номи бахшояндаи некӣ зикр шудааст. Мардуми Вахон роҳи таърихии дуру дарозро тай карда омад ва яке аз саромадҳои ориёиҳо ба ҳисоб мераванд. Вахониҳо аз қадим забон ва расму оинҳои худро нигоҳ дошта то ба наслҳои имрӯза оварда расонданд. Аҷдодони қадимӣ худро сакоиҳо мешуморанд ва имрӯз ҳам дар забони вахонӣ калимаи “Сак” маънои ҷонишини “Мо”-ро мефаҳмонад.

Вахон махзани ҳунар
Бо эълон гардидани соли 2019-2021 «Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ» бисёре аз ҳунарҳои қадимаи мардуми ноҳияи Ишкошими дурдаст махсусан водии Вахон аз нав эҳё гардид. Фарҳанги қадимии мардуми Вахон дар офаридани зебогиҳо бо дастони ҳунармандон шӯҳрати худро дорад. Ҳар ҳунаре, ки дар водии Вахон пеш аз зуҳури дини Ислом тавлид ёфтааст, мардуми ин водӣ онро посу гиромӣ доштаанд ва то замони мо оварда расониданд. Занони вахӣ бо ҳунарҳои дастии худ, тоқидӯзӣ, ҷуроббофӣ, мӯҳрабофӣ, рӯймолчабофӣ, намадсозӣ, ресандагӣ, сабадбофӣ ва ғайраҳо ҳамагонро ба ҳайрат меоранд. Мардон низ ҳунарҳои махсуси худро ба монанди палосбофӣ, чубтарошӣ, сангтарошӣ, кулолгарӣ ва оҳангарӣ доранд. Асосан дар водии Вахон кам нафаре пайдо мешавад, ки аз ӯҳдаи ҳунарҳои дастӣ баромада натавонад. Зеро ҳунарҳои дастӣ бахше аз зиндагии онҳост.

Бадахшон – махзани ҳунарҳои дастӣ: Аз тоқӣ то мӯҳрабофии бадахшӣ
Духтарчаи вахонӣ бо либосҳои вахонӣ
Тоқидӯзӣ
Тоқидӯзӣ ҳунари асосии вахизанҳо мебошад. Тоқиҳои маъмулии мардумиро одатан аз матоъҳои рангоранги махмалин ё баъзе намудҳои матоъ тайёр карда, ба канораи қисми бараш шероз мечаспонанд ва ҳошияи он бо нақшҳои рамзӣ ва табиӣ гулдӯзӣ мешавад.Тоқиҳои вахонӣ танҳо дар маътои сафед бо истифода аз ресмонҳои рангаи пашмин ё абрешимин гулдӯзӣ мешаванд. Ҳунармандони ин намуди санъати дастӣ бо истифода аз маътои сафед, бе кашидани нақшу хат, бе истифодаи қолаб, танҳо бо нӯги сӯзан гулдӯзӣ менамоянд. Ба ибораи дигар, нақшофарӣ ва гулдӯзӣ натанҳо маҳорату санъати ороиши бадеӣ, ҳамзамон доштани тафаккури баланди хаёлию фазоӣ ва андешамандии амиқро низ тақозо менамояд. Такрори гулдӯзиҳо дар тоқиҳои Вахонӣ кам дучор мегардад.

Бадахшон – махзани ҳунарҳои дастӣ: Аз тоқӣ то мӯҳрабофии бадахшӣ
Тоқиҳои вахонӣ – акси фиристодаи ҳунарманд
Маҳсули ҳунармандии занони Вахон берун аз ватанашон қадр карда мешавад. Тоқии вахонӣ яке аз гушаҳои пули тоҷикии 20 сомониро оро медиҳад. Дар тоқидӯзӣ (шерозаҳо ва камарбанди куртаи алоча низ ба монанди тоқӣ дӯхта мешавад), рамзи чор унсури табиат об, хок, оташ ва бод инчунин офтобу куҳҳо низ таҷассум меёбад. Ҳатто ин рамзро дар архитектураи чорхонаи хонаҳои бадахшӣ низ метавон дарёфт намуд.

Асосан ҳунари тоқидӯзӣ дар ин водӣ пеш аз зуҳури дини Ислом ривоҷу равнақ ёфта буд. Тоқиҳои вахонӣ аслан занонаю мардона мешавад. Фарқият миёни тоқии занонаю мардона дар он аст, ки рафи тоқии мардона паҳм ва аз тоқии занона борик аст.



Бадахшон – махзани ҳунарҳои дастӣ: Аз тоқӣ то мӯҳрабофии бадахшӣ
Ҷӯроббофӣ низ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми кӯҳистон ба шумор меравад. Ресмони он асосан аз пашми гусфанд тайёр карда мешавад. Нақшу нигори он низ ба монанди фигураҳои геометрӣ ва ё гулҳо мебошад.



Баръакси тоқидузӣ ҷӯроббофонро дар ҳар хонадони сокинони ноҳияи Ишкошим дарёфтан мумкин аст. Ҷӯробҳо андозаҳои гуногун доранд. Таъиноти ҷӯробҳои калону дарози то зону ба фасли зимистон барои бо чамусу мӯза пӯшидан равона шудаанд. Ин ҷӯробхо бо чор сехаи металӣ бофта мешаванд ва нақшҳои гуногунном, гуногунсохт ва гарму мустаҳкам онҳоро писанди мардум гардонидаанд. Ҷӯробҳои яксехаи кутоҳро бо пойафзоли кутоҳсоқ дар фаслҳои тирамоҳу баҳор барвақт мепӯшанд. Ҷӯробҳо барои хурду калон ва зану мард бофта мешавад.


Мӯҳрабофӣ низ қисмате аз ҳунари мардуми Вахон аст. Онро асосан дар ҷашни Наврӯз ва дар тӯйи арӯсӣ ба гардан меовезанд. Мӯҳрабофӣ низ ба монанди тоқидӯзӣ на аз рӯйи қолаб, балки аз рӯи тахаюлот омода мегардад. Дар баъзе аз нақшунигори мӯҳрабофӣ низ рамзи чор унсури табиат тасвир мегардад.




Рӯймолчабофӣ – асосан аз пораи маътои сурх омода мекунанд, ки гирди онро чандқабат бо ресмони сафед мебофанд. Дастрӯймолҳои бофтаро мардуми Вахон асосан ба дасти шаҳу арӯс дар тӯйи арӯсӣ ва дар хатнатӯй ба дасти кӯдаки хатнашуда медиҳанд.



Бадахшон – махзани ҳунарҳои дастӣ: Аз тоқӣ то мӯҳрабофии бадахшӣ
Мӯйбандак тайёркунӣ бахше аз ҳунар ва ороиши мӯйи сари занони Вахӣ мебошад. Мӯйбандакро асосан аз пашми гӯсфанд, ки онро бо ранги қирмиз сурх мекунанд, омода мешавад. Мӯйбандакро ба се шоха ҷудо мекунанд, ки дар вақти ба мӯйи сар бофтанаш осон гардад. Қисмати поёнии мӯйбандак бо пӯпак ва мӯҳра оро дода мешавад. Онро низ дар тӯйи арӯсӣ ва ҷашни Наврӯз истифода мебаранд.


Мӯйбандак тоқии вахонӣ – акси фиристодаи ҳунарманд
Намадсозӣ
Намадсозӣ яке аз қадимтарин ҳунари дастии мардуми кӯҳистон ба ҳисоб меравад. Намадсозӣ асосан кори занҳо буда, он ҷиҳози асосии арӯс ба ҳисоб меравад. Намадро аз пашми гӯсфанд омода мекунанд. Дар он пашми гӯсфанди сафед ва сиёҳро бештар истифода мебаранд. Дар намадҳои мардуми Вахон такрори гулҳо ба мисли ҷуроббофӣ ва тоқидӯзӣ кам дучор мешавад.


Намадбофӣ – акси фиристодаи ҳунарманд
Ресандагӣ
Дар ҳамаи ин ҳунарҳои зикршуда ресандагӣ нақши калидӣ дорад. Зеро ресмонеро ки барои дӯхтану бофтан истифода мебаранд, онҳоро ресанда бо чарх ва дуки худ омода мекунад.

Сабадбофӣ
Сабадбофӣ низ хоси мардуми Вахон аст. Сабадро аз як навъи растанӣ, ки дар шеваи тоҷикии маҳалл бо номи “кулк” маълум аст, омода мекунанд. Сабадҳои аз кулк тайёркардашуда андозаҳои гуногун ва таъиноти гуногун дошта, барои ҳезумкашӣ, нигоҳдошти меваи хушк, пӯшока, нон, пашм ва Ғайра истифода мешавад. Солҳои охир истеҳсоли ин маҳсулоти ҳунармандӣ руй ба пастравӣ дошт, аммо бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Соҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” он аз нав эҳё гардид.


Сабадбофӣ – акс аз саҳифаи Памир аз одноклассники
Ҳунар омӯз к-аз ҳунарманд
Яке аз занони ҳунарманди ноҳияи Ишкошими водии Вахон Матробова Хосият Қосимовна мебошад. Ин бонуи ҳунарманд аз овони кӯдакӣ ба ҳунарҳои дастӣ дил баста буд. Асосан ин шавқро дар дилаш модар, ва хоҳаронаш бедор намуданд. Вақте модарам бо хоҳарони калониям гирди ҳам нишаста ҳунармандӣ мекарданд, дар дили ман нисбати ҳунар меҳр пайдо шуд ва ман мехостам бо тамоми шавқ ҳунарҳои дастиро аз худ намоям ва билохира муваффақ ҳам шудам, қайд мекунад, Хосият Матробова.



Соли 2017 бахшида ба эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” рӯзҳои фарҳангии Бадахшон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид. Матробова Хосият низ як тан аз иштирокчиёни бахши ҳунарҳои мардумӣ буд ва тавонист ҳунарҳои мардумии як манотиқи дурдасти куҳистони Ишкошимро дар ин чорабинии фарҳангӣ муаррифӣ намояд.

Ин бонуи ҳунар лаҳзаи бекор нест пайваста аз як зебоӣ зебоии дигареро меофарад. Умуман ҳунаре нест, ки аз ӯҳдааш баромада натавонад. Албатта дар шароити кӯҳистон зиндагӣ каме душвор аст, аммо бо истифода аз ҳунараш яъне тоқию ҷӯробҳоеро ки тайёр мекунад, ба харидорон мефурӯшад ва баъзе хароҷотҳои оилавиро мепӯшонад.

Харидорони асосии ҳунараш сайёҳон мебошанд, ки шефтаи ҳар як ҳунараш мегарданд. Аммо имсол бо сабаби авҷи пандемияи коронавирус ва маҳкам будани сарҳадҳо ҳунарҳои дастии ин бонуи ҳунар кам ба фурӯш рафтанд. Баъзан сокинони маҳаллӣ тоқию ҷӯроб супориш дода, харидорӣ мекунанд. Хосият Матробова соҳиби чор духтар ва як писар аст. Духтаронаш аллакай ҳунарҳои модарро аз худ намудаанд. Ин зани ҳунарманд ба шогирдон, нозукиҳои ҳунари дастиро меомӯзонад ва умед дорад, ки дар оянда давомдиҳандагон ва посдорони ҳунарҳои аҷдодии мардуми Вахон хоҳанд буд.

Бибиноз Муродалиева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: