Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ду рӯзе, ки дунёро такон дод.

Ду рӯзе, ки дунёро такон дод.

24-02-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 491 нафар
Назарҳо: 0
Ду рӯзе, ки дунёро такон дод.Шашум ва нуҳуми августи соли 1945 Ҷопонро таркишҳое такон доданд, ки амсолашро сайёраи Замин аз замони офариданаш надида буд. Ин таркишҳо шуое тавлид сохтанд, ки аз шуои Офтоби ҳаётбахш 1000 маротиба зиёд зиёдтар ҷило дод. Сухан оиди ҳамлаҳо ба шаҳрҳои ҷопонии Хиросима ва Нагасаки меравад.

Бомбаборонкуниҳои ҳастаии Хиросима ва Нагасаки (6 ва 9 августи соли 1945) аввалин (ва орзу дорем, бигзор, ки охирин бошад) намунаи истифодаи ҷангии силоҳи ҳастаӣ дар таърихи инсоният ҳастанд. Он аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи ИМА бо мақсади таслимшавии Ҷопон дар ҳошияи саҳнаи муҳорибаҳои Уқёнуси Ором дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ роҳандозӣ шудааст. Ин фарзияи расмии амрикоиҳост.

Баъзан ба худ суол медиҳам, ки чӣ мешуд, агар ин ҳамлаҳо сурат намегирифтанд? Равиши таърихи башарият оё иваз мегардид? Вале ба ҳар ҳол думболи «чаро»-ву «агар»-у «магар»-ҳо нахоҳем рафт. Як чиз яқин аст: ин лоиҳае буд дақиқ тарҳрезишуда, ки нишон дод, ки акнун кӣ баъди Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон, мудҳиштарин ҷанг дар таърихи инсоният, ҳокими дунёст. Мепурсед, ки он кишвар кадом аст? Посух медиҳам: албатта Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Аммо аз сари матлаб дур нахоҳем рафт ва ба мавзӯи пайгирифтаамон хоҳем пардохт. Моҳи сентябри соли 1944 дар вохӯрӣ миёни президенти ИМА Франклин Делано Рузвельт ва Сарвазири Британияи Кабир Уинстон Черчилл дар Ҳайд-парк созишномае ба тасвиб расид, ки дар он эҳтимолияти истифодаи силоҳи ҳастаӣ алайҳи баррасӣ карда мешуд. Тобистони соли 1945 ИМА бо ҳамдастии Британияи Кабир ва Канада дар чаҳорчӯбаи «лоиҳаи Манхеттэн» корҳои омодагиро дар самти сохтани аввалин бомбаҳои ҳастаӣ ба анҷом расониданд. Ҳангоми шӯрои дуввуми худ Кумитаи интихоби аҳдоф (10-11 моҳи маи соли 1945) ҳамчун ҳадафҳои истифодаи бомбҳои ҳастаӣ шаҳрҳои Киото (маркази бузургтарини саноатӣ), Хиросима (маркази бузурги лавозимоти артиш ва бандари баҳрӣ), Иокогама (маркази саноати ҳарбӣ), Кокура (аслиҳахонаи бузургтарини ҳарбӣ) ва Ниигата (бандари баҳрӣ ва маркази мошинасозӣ)-ро интихоб намуд. Таваҷҷуҳ кунед, хонандагони азиз, дар ин рӯихат шаҳри Нагасаки нест. Танҳо тасодуф дар ҳамбастагӣ бо вазъи ҳаво ба сари ин шаҳр борони мудҳиши диданашудаи маргборро фурӯ рехт… Вазири ҳарбии ИМА Генри Стимсон баъдан шаҳри Киоторо аз ин рӯихати марговар бо далели аҳамияти бузурги маданӣ доштани ин шаҳр хат зад. Тибқи хотироти профессор Эдвин О. Райшауэр, «Стимсон ин шаҳрро медонист ва қадр мекард, чун даҳсолаҳо қабл ин ҷо «моҳи асалӣ»-ашро гузаронида буд».

16 июл дар озмоишгоҳи штати Невада аввалин таркиши муваффақонаи силоҳи ҳастаӣ роҳандозӣ гардид. Қувваи таркиш бо эквиваленти тротилӣ 21 килотоннаро ташкил дод. 24 июли соли 1944 ҳангоми конфронси Потсдам президенти ИМА Гарри Трумэн ба сарвари Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин хабар дод, ки кишвараш соҳиби силоҳи нави дорои қувваи бузурги харобиовари то ин замон диданашуданӣ шудааст. Трумэн тавзеҳ надод, ки сухан нисбати силоҳи ҳастаӣ меравад. Тибқи хотироти Трумэн, Сталин ба ин хабар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир накард, танҳо гуфт, ки ӯ «хурсанд аст» ва изҳори умедворӣ намуд, ки акнун амрикоиҳо метавонанд аз ин силоҳи нав алайҳи ҷопониҳо истифода баранд. Черчилл, ки ҳамон ҷо ҳузур дошту бодиққат вокуниши Сталинро мушоҳида мекард, ба андешае омад, ки ӯ маънои аслии гуфтаҳои Трумэнро нафаҳмид ва ба он эътибор надод. Аммо лашкаркаши машҳур Георгий Жуков дар хотироташ чунин менигорад, ки Сталин аъло ҳамаро дарк намуд, аммо дар зоҳир инро нишон надод ва дар сӯҳбат бо вазири умури хориҷии Шӯравӣ Молотов гуфтааст, ки «бо Курчатов дар масъалаи тезонидани корҳои мо сӯҳбат намудан лозим аст». Баъд аз ошкор намудани ҷузъиёти амалиёти хадамоти махсуси амрикоӣ таҳти номи «Венона» маълум гардид, ки ҷосусони шӯравӣ кайҳо боз аз ҷараёни сохтани силоҳи ҳастаӣ огаҳи доштанду ба Марказ ин маълумотро мерасониданд. Тибқи баъзе маълумот, ҷосуси шӯравӣ Теодор Холл ҳатто мӯҳлати аввалин озмоиши силоҳи ҳастаиро ба сарвари давлати шӯравӣ расонидааст. Барои ҳамин ҳам Сталин оромона ин хабарро таҳаммул намуд.

25 июл президент Трумэн фармони бомбаборон намудани ҳадафҳои интихобнамударо содир намуд. 26 июл ҳукуматҳои ИМА, Британияи Кабир ва Чин эъломияи Потсдамро ба имзо расониданд, ки дар он таслими бечунучарои Ҷопон талаб карда мешуд. Дар матн нисбати силоҳи ҳастаӣ ягон сухане набуд.

Рӯзи дигар рӯзномаҳои ҷопонӣ хабар доданд, ки ин изҳорот, ки матни он тавассути радио шунавонида шудаву ба воситаи тайёраҳо ба кишвар партофта шуд, аз ҷониби ҳукумати Ҷопон рад карда шуд. 28 июл сарвазири мамлакат Кантаро Судзуки дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки эъломияи Потсдам на беш аз эъломияи Қоҳира аст, танҳо бо «ҷомаи нав» ва аз ҳукуматаш талаб намуд, ки ба он аҳамият надиҳад. Император Хирохито санаи 31 июл дар сӯҳбат бо Коиди Кито зикр намуд, ки ҳукумати императорӣ бояд бо ҳар баҳо ҳифз намуда шавад…
Акнун ҳалқаи дор ба гардани аҳолии бехабари Хиросима ва Нагасаки партофта шуд.

Борони марговари диданашуда
Моҳҳои май ва июни соли 1945 ба ҷазираи Тиниан, воқеъ дар уқёнуси Ором гурӯҳи 509-и омехтаи авиатсионии амрикоӣ омад. Ин гурӯҳ алоҳида аз дигар қисмҳои ҳарбии дар ҷазира воқеъбуда ҷойгир карда шуда, таҳти муҳофизати қавӣ қарор дошт. 26 июл киштии ҳарбии «Индианаполис» ба Тиниан бомбаи ҳастаии «Тифл» (англ.Liitleboy)- ро овард. 28 июл сардори кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳо Ҷорҷ Маршалл фармони истифодаи ҳарбии силоҳи ҳастаиро имзо намуд. Ин фармон, ки аз ҷониби сарвари «лоиҳаи Манхэттен» генерал-майор Лесли Гровс омода гардид, ӯҳдадор мекард, ки «зарбаи ҳастаӣ дар дилхоҳ рӯз баъди 3 август зада шаванд, агар вазъи ҳаво имкон даст диҳад». 28 июл ба Тиниан фармондеҳи авиатсияи стратегии ИМА генерал Карл Спаатс омад, ки бо худ фармони Маршаллро дошт. 28 июл ва 2 август ба ҷазира тавассути тайёраҳо қисмҳои бомбаи дуввуми «Фарбеҳ» (FatMan) расонида шуд.

Субҳи 6 августи соли 1945 тайёраи бомбаандози амрикоӣB-29 «EnolaGay», ки ба шарофати модари қумандони тайёра Пол Тиббетс- Энола Гей Хаггард номгузорӣ шуда буд, ба шаҳри Хиросима бомбаи ҳастаии«Littleboy» («Тифл»)-ро, ки қувваи аз 13 то 18 килотонн тротилро дошт, партофт. Се рӯз баъд, 9 август бомбаи ҳастаии «FatMan» («Фарбеҳ») бо иқтидори 21 килотонн тротил ба шаҳри Нагасаки аз ҷониби халабон Чарлз Суини, қумандони ҳавопаймои B-29 «Bockcar» партофта шуд. Аслан ҳадафи зарбаи дуввум шаҳри Кокура буд, вале вазъи номусоиди ҳаво имкон надод, ки ин нақша амалӣ гардад ва тасодуфан Нагасаки қурбони ин ҳамлаи марговар гардид.Шумораи умумии қурбониён аз 90 то 166 ҳазор нафар дар Хиросима ва аз 60 то 80 ҳазор дар Нагасакиро ташкил дод. 6 август, баъд аз ба даст овардани хабари бомуваффақ анҷом ёфтани ҳамла ба Хиросима президенти ИМА Гарри Трумэн чунин изҳор дошт: - «Мо ҳоло омода ҳастем, ки ҳар гуна истеҳсолоти ҷопониро дар дилхоҳ шаҳр зудтару фаротар нест кунем. Бигзор ин ҷо ягон нофаҳмие нашавад- мо қобилияти Ҷопонро дар самти идома додани ҷанг пурра рафъ хоҳем кард. Маҳз барои мақсади бартараф намудани хароб шудани Ҷопон талаботи Потсдам аз 26 июл қабул шуда буд. Роҳбарияти онҳо тамоми талаботҳоро рад намуда буд. Агар онҳо ҳоло тамоми талаботи моро қабул накунанд, пас борони марговареро сарашон бояд интизор шаванд, ки амсолашро сайёра то ин дам надида буд»…

Даҳшат аз ин ҳамлаҳои то ин дам дар таърихи инсоният диданашуда Сарвазири Ҷопон Кантаро Судзуки ва вазири умури хориҷии кишвар Того Сигэнориро водор ба он намуд, ки сари таслим андеша кунанд, новобаста ба он, ки баъзе фармондеҳон талаб мекарданд, ки ҷанг давом дода шавад. 15 августи соли 1945 Ҷопон таслимшавии худро эълон дошт ва 2 сентябр санади таслимшавиро имзо намуд.

Набераи Трумэн: «Бобоям аз кардааш пушаймон набуд»
Пол Тиббетс, халабоне, ки Хиросимаро ҳадафи ҳамла қарор дода буд, ҳамеша ақида ба он дошт, ки амалаш дуруст будааст. 6 августи ҳамин сол Клифтон Даниэл Трумэн, набераи Трумэн гуфт, ки «бобояш то охири умраш чунин меҳисобид, ки қарори партофтани бомбаҳо ба Хиросима ва Нагасаки дуруст буд ва ИМА ҳеҷ гоҳ барои ин амал бахшиш нахоҳад пурсид». Клифтон зикр намуд, ки ӯ ягон вақт алоқаи шахсии худро ба ин воқеаҳо ҳис намекард ва ҳамеша мӯътақид бо он буд, ки «бомбаҳои ҳастаӣ манфиатовар буданд, чунки бо ёрии онҳо ҷанг зудтар ба итмом расид». Аммо фикри ӯ баъди оне тағйир ёфт, ки тавассути писараш аз таърихи духтарчае бо номи Садако Сасаки хабардор шуд, ки дар ҳамла ба Хиросима наҷот ёфта, вале баъд аз чанд сол дар натиҷаи бемории лейкемия (сафедхунӣ) вафот кардааст. Клифтон аввалин намояндаи авлоди Трумэнҳо аст, ки аз маросими бахшида ба қурбониёни ҳамлаҳои ҳастаиро дар Япония дидан намудааст. Дар баробари ин набераи Гарри Трумэн ҳоло ҳам мӯътақид ба он аст, ки бобояш «аз мақсадҳои наҷиб» ин амалро роҳандозӣ намудааст. Аммо ӯ иқрор мегардад, ки масъалаи ногузирии истифодаи силоҳи ҳастаӣ ва итмоми пешазвуқӯи ҷанг ба «шарофат»-и ин бомбҳо бепосух мемонанд.

Нақши ин ҳамлаҳо дар таслимшавии Япония ва асосноккунии ахлоқии ӯ то ҳол аз мавзӯъоти илмиву ҷомеавӣ маҳсуб мегарданд. Ба қавли таърихнигори амрикоӣ Сэмюэл Уокер, «баҳсҳо нисбати маъно доштан ё ногузирии ин ҳамлаҳои ҳастаӣ то дер боз давом хоҳанд кард». Тарафдорони ин ҳамлаҳо одатан чунин мешуморанд, ки ин бомбаборонкуниҳо ба таслим шудани Япония оварда расониданд, ки ҷони садҳо ҳазор ва ҳатто миллион нафарро наҷот доданд, агар ҳамла ба воситаи хушкӣ сурат мегирифт. Япония ният дошт то охир биҷангад ва ин ҳамлаҳо фикри давом додани ҷангро дар зеҳнияти элитаи ҳарбиву сиёсии кишвар ба куллӣ тағйир дод. Муқобилони ин ақида бар онанд, ки ин ҳамлаҳо танҳо иловае буданд ба бомбаборонкуниҳои муқаррарӣ ва ба онҳо зарурият набуда, аз бунёди худ ғайри қобили қабул ва берун аз чаҳорчӯбаи ахлоқӣ буданд ва ҷинояти ҳарбӣ маҳсуб гардида, нишонаи терроризми давлатӣ ҳастанд, ки то ҳол давлати инро содирнамуда аз ҷавобгарӣ озод аст.

Ба ҷои охирсухан
Духтарчаи хиросимӣ Садако Сасаки, ки зикраш дар боло рафт, соли 1955 аз бемории лейкемия вафот намуд. Дар беморхона ӯ ривоятеро шунид, ки тибқи он шахсе, ки ҳазор турнаи коғазин омода созад, хоҳише агар дар дил дошта бошад, он ҳатман ҷомаи амал хоҳад пӯшид. Бо мақсади сиҳат шудан Садако аз ҳар пораи коғази дастрасаш ба сохтани турнаҳои коғазин оғоз намуд. Тибқи китоби нависандаи канадагӣ, ки барои кӯдакон асар эҷод мекард- Элеанор Коэр Садако танҳо 644 турнача сохт ва вафот намуд. Тибқи китоби дигар- «Sadako,s 4,675 Daysoflife» Садако 1000 турначаро ахиран сохт, аммо баъдан вафот намуд. Аз таърихи зиндагонии ин духтарча чанд асар таълиф шудааст.
Муттаасифона, имрӯз дар хоки Сурияву Ироқ ва дигар манотиқи ҷангзада ҳазорҳо «Садаки»-ҳо мавриди қатли ҳайвонсиратони одамсурат қарор гирифтаанд, ки нисбати онҳо ҳеҷ асаре таълиф нахоҳад шуд…
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: