Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Лаънати фиръавнҳо» ва ё чӣ гуна фиръавнҳо баъди гузашти ҳазорҳо сол «интиқом» мегиранд

«Лаънати фиръавнҳо» ва ё чӣ гуна фиръавнҳо баъди гузашти ҳазорҳо сол «интиқом» мегиранд

26-01-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 656 нафар
Назарҳо: 0
«Лаънати фиръавнҳо» ва ё чӣ гуна фиръавнҳо баъди гузашти ҳазорҳо сол «интиқом» мегирандИнак, силсиламақолотро бахшида ба ҳаводиси аҷиби таърихӣ идома медиҳем. Дар шумораҳои гузашта мо оид ба ривояти машҳури баровардани қавми яҳуд бо сарварии Мӯсо аз Миср ва шахсияти ӯ қадре тавонистем, муфассал маълумот дода будем. Дар ин шумора мо мавзӯи Мисрро боз пайгирӣ мекунем. Ин ҷо мо оид ба ҳодисоти ҳайратовари илми бостоншиносӣ ҳарф хоҳем ронд, ки бархе аз коршиносон онро тасодуфе беш намедонанд, бархе онро аз муаммоҳои фаҳмониданашавандаи илмӣ маънидод мекунанд ва дигаронро аз паёмадҳои нохуши онҳо ҳушдор медиҳанд...

«Лаънати фиръавнҳо» - лаънатест, ки гӯё ҳар касеро, ки ҷуръат намуда, хоби абадии фиръавнҳо ва ҷасадҳои мумиёшудаи онҳоро безобита мекунад, пайгирашон мешавад. Ин «лаънат» аслан бо ҳодисаҳои марги одамон, ки баъди чанд соли баъди кушодани қабри фиръавн Тутанхамон (солҳои ҳукмронӣ 1347-1338), ҳокими сулолаи 18, домоди фиръавн Эхнатон (Аменхотеп. Оид ба ин фиръавни навовар дар шумораҳои гузашта мухтасаран маълумот дода будем) вобаста мешавад. Баъзан чунин «лаънат»-ҳоро ба ҳаводиси хориҷ аз марзи Миср рухдода низ нисбат медиҳанд-кушодани қабрҳои Темури Ланг дар Самарқанд (соли 1941, ки аз тариқи шабакаи телевизионии Русия низ пахш гардида буд, ки мӯҷиби норозигии олимони ватанӣ гардид), Казимири Бузург Ягеллончик дар Краков (Лаҳистон, соли 1973) ва дарёфти ҷасади мумиёшудаи Этси дар кӯҳҳои Алп (соли 1991)-у монанд ба ин.

Ду ҳодисаи бузурги илмӣ дар бархӯрди қарнҳои 19 ва 20 илми бостоншиносиро такон доданд-кашфи шаҳри кӯҳану асотирии Троя аз ҷониби Генрих Шлиман ва бозёфт дар Водии Шоҳони Миср-қабри Тутанхамон аз ҷониби муҳаққиқони англис лорд Карнарвон ва доктор Картер, ки баъди 16 сол корҳои бостоншиносӣ инак ба мақсуди хеш расиданд. Ин ҳодиса соли 1922 рух дод.

Доктор Картер дар ҳаяҷони зиёд буд, вақте аз Луксор суроғаи лорд Карнарвон ба Лондон телеграмма фиристод: «Кашфиёти бузург. Дар Водии Шоҳон қабри то ин дам номаълуми дастнорасида дарёфт гардид. То омадани Шумо тамоми корҳоро ба анҷом хоҳем расонд. Г. Картер». Лорд Карнарвон ин корҳоро сармоягузорӣ мекард ва ба «тақдири баланд»-аш боварӣ дошт. Аммо ин хабар ба ӯ ғайричашмдошт буд. Баъд аз ду ҳафта ӯ аллакай дар ҷойи ҳодиса буд ва ҳатто ҷомадонҳояшро накушода рост ба назди мақбара рафт. Аз миёни долонҳои мақбара гузашта, онҳо дар ҳар қадам ба сарватҳо дучор мешуданд. Ва инак, ба ҳуҷраи охирин расиданд. Ба торикии ҳуҷра аввалин шуда Картер даромад.

- Чиро, чиро мебинед? - сабру таҳаммулро аз даст дода, пичиррос зад Карнарвон.

Дар ҷавоб равшании шамъ ларзид ва баъд аз чанд лаҳзае, ки гӯиё абадият буд, овози ларзони Картер шунида шуд:

- Хазинаи бузургеро мебинам…

Зери таъсири шаҳомати хазина, Картер ба катибаи гилине аҳамият надод, ки дар он бо иероглиф (алифбои мисрӣ)-ҳо чунин навишта шуда буд: «Шохаҳои марг онҳоеро дарёфт мекунанд, ки хоби фиръавнро халалдор месозанд». Баъд аз дарёфти ин катиба ва хондани он Картер наҳаросид, чунки ӯ олим буд, аммо ӯ аз он хавотир буд, ки ин ба коргарони маҳаллии хурофотӣ маълум мегардад ва корҳои бостоншиносӣ, ки дар дунё ҳамто надоштанд, пеш аз муҳлат ба анҷом хоҳанд расид. Картер ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонист ба ин роҳ диҳад ва бо қарори ӯ ин катибаро ба рӯихати бозёфтҳо дохил накарданд-акнун ӯ ором шуд, ки ҳеҷ кас ин катибаро нахоҳад дид…Ба чашм мерасад, ки олими бузург ҳама чиро ба инобат гирифт, ҳама чиро, ғайр аз як чиз-дар рӯихати сарвати фиръавн гарданбанде буд, ки навиштаҷоти дохили онро баъд хонданд: «Ман ҳамонам, ки бо фармони биёбон мурдорони қабршиканро ба гурез меорам. Ман ҳамонам, ки дар посбонии қабри Тутанхамон истодаам».

Ин огоҳии дуввум буд.

Онҳо 17 нафар буданд, ки аз паси Картер ва Карнарвон ноябри соли 1922 ба манзили охирини Тутанхамон даромаданд…Ва оғоз гардид занҷираи маргҳо, ки бархе онро натиҷаи «лаънат»-и фиръавнҳо медонанду фаҳмиши илмиашро шарҳ дода наметавонанд, дигарон маҳсули ҳангоматалабии рӯзноманигорон меноманд.

Ривояти «лаънати қабри Тутанхамон»-ро хабари мисршиноси маъруфи амрикоӣ Ҷеймс Генри Брестед оғоз бахшид. Ӯ нисбати як ҳодиса дар саҳифаҳои рӯзномаи бонуфузи «Ню-Йорк Таймс» санаи 22 декабр иттилоъ дод. Берстед навишта буд, ки паррандаи дар қафас будаеро, ки дар манзили дар Луксор (Миср) будаи доктор Картер мезист, мори кобра хӯрдааст. Хуб, дар навбати аввал ба назар мерасад, ки ин ягон ҳодисаи ғайриоддӣ нест-кишвари гарми ҷанубӣ, морҳо ин ҷо зиёданд… Аммо дар асотири мисриёни қадим кобра махлуқест, ки душманони фиръавнро маҳв мекунад. Дар матбуот дарҳол ақидае паҳн гардид, ки ин барои иштирокчиёни кушодани қабри фиръавн фоли бад аст. Ин ривоятро бо тамоми ҷузъиёташ бостоншинос Артур Уэйгалл тавсеа бахшид. Ӯ солҳои 1905-14 вазифаи ҷонишини Инспектори Генералии ашёи бостонии Мисрро ба уҳда дошта, ҳангоми корҳои ҷустуҷӯии Картер ва Карнарвон мухбири махсуси рӯзномаи «Дейли Мейл»-и Лондон буд. Сэр Артур Конан Дойл, нависандаи машҳур, ақидаи худро ба тарафдории воқеияти «лаънати фиръавн»-ҳо иброз намуда, тахмин кард, ки марги лорд Карнарвон тариқи «элемент»-ҳое, ки коҳинони Тутанхамон барои ҳифзи мақбара ихтироъ кардаанд, сурат гирифтааст. Ин гуфтаҳои нависандаи машҳур ҳангомаро дар матбуот боз ҳам бо қувваи зиёд барангехт.

Аҷибаш он аст, ки ба ин бисёр ашхоси хурофотӣ дар тамоми олам бовар карданд. Масалан, асосгузори фашизм ва доҳии Италия Бенито Муссолини, ҳамин, ки аз марги Карнавон ва Гоулд хабар ёфт, фармон дод, ки аз кохи Палатсио Кидҷи ҷасади мумиёшудаи мисриро, ки барояш туҳфа оварда буданд, «зуд дафъ кунанд».

Инак, далелҳои асосие, ки тарафдорони мавҷудияти «лаънати фиръавнҳо» меоранд, чунинанд:
1. Лорд Карнарвон 5 апрели соли 1923, баъд аз 4 моҳ, ки ба қабри фиръавн даромад, вафот кард. Писараш мегӯяд, ки пеш аз маргаш ӯ ҳарза мегуфт, аммо лаҳзаи охирин ҳуш ба сараш омад ва ӯ пичиррос зад: «Фармони биёбон маро ба сӯяш мехонад. Ман бояд онро иҷро кунам (навиштаҷоти гарданбанди Тутанхамонро ба ёд оваред, ки дар боло гуфтем).
2. 6 апрел дар 54-солагӣ бостоншинос Артур Мейс вафот кард. Саломатии ӯ баъди кушодани қабр бад шудан гирифт.
3. 15 январ бо сабаби бемории номаълум рентгенолог Арчибалд Дуглас-Рейд вафот кард. Ӯ «ҷасорат» карда, ҷасади Тутанхамонро ташхис намуда буд.
4. 16 маи соли 1923 аз бемории пневмония дар 59-солагӣ сармоягузори амрикоӣ Ҷорҷ Гоулд фавтид, ки ӯ ҳам мақбараро «зиёрат» карда буд.
5. 26 сентябр баъд аз ҷарроҳии стоматологӣ аз сабаби заҳрдор шудани хун бародари лорд Карнарвон- саёҳатчӣ ва дипломат полковник Обри Герберт ҳалок гардид.
6. 10 июли соли 1923 узви оилаи шоҳии Миср Алӣ Комил Фаҳмӣ, ки дар кушодани қабри Тутанхамон ҳузур дошт, аз ҷониби ҳамсараш парронда шуд.
7. 19 ноябри соли 1924 аз ҷониби террористон генерал-губернатори Судон сэр Ли Стек кушта гардид. Мавсуф ҳам аз шумори ашхосест, ки «хоби абадӣ»-и Тутанхамонро халалдор карда буд.
8. 15 ноябри соли 1929 ғайричашмдошт котиби доктор Картер капитан Ричард Бартел вафот кард.
9. 20 феврали соли 1930 падари Бартел-сэр Ричард, барон Уэстберри худро аз ошёнаи 7 ҳаво дод. Ин охираш нест-тибқи хабари матбуоти ҳамондавра, дар ҷанозаи ӯ як писарбача зери мошини тобутдошта монда, ҳалок гардид.
10. 26 маи соли 1929 аз бемории пневмония бародари ӯгаи лорд Карнарвон-Мэрвин Герберт вафот кард.

Ва боз маргҳои дигар…

Пораи сарпӯши тобути фиръавн, ҳамоне, ки имрӯз дар Осорхонаи Британия маҳфуз аст, низ як «дум»-и ҳаводиси ҳайратоварро паси худ дорад. Аввалин молики он-Дуглас Мюррей сарпӯшро солҳои 60-и қарни гузашта харидорӣ намуд. Ва…аз таркиши силоҳ дасташ канда шуд. Киштие, ки тобутро ба Англия мебурд, қариб ғарқ шуда буд. Хонае, ки сараввал ба он тобутро гузошта буданд, дар натиҷаи сӯхтор нобуд шуд. Суратгире, ки тобутро аккосӣ мекард, даст ба худкушӣ зад (худро парронд).

Умуман, занҷираи «лаънати фиръавнҳо» пеш аз кушодани қабри Тутанхамон низ мушоҳида мешуд: Ҳендерсон, духтуре, ки дар ширкати Ост-Индиа фаъолият дошт ва соли 1805 дар шаҳри қадимаи Фиваи Миср ду ҷасади мумиёшударо рабуда буд, баъд аз як сол аз ақл бегона шуд. Шаҳрванди Шведсия Ф.Лидман, ки қисмати зиёд дар Миср қарор дошт, коллексияи бузурги сарватҳои ғоратшудаи мақбараҳои кушодашударо ҷамъоварӣ намуда буд. Аммо тамоми ашёи ҷамънамудаи ӯ дар амбори Константинопол (Истамбул) дар натиҷаи сӯхтор нобуд шуд. Соли 1914 тадқиқотчии рус В.П.Красовский вафот кард. Пеш аз марг, чуноне, ки ӯ навишта буд, «ӯро «рӯҳ»-и аҳроми кушодашудааш азият медиҳад». Коргарони мисрие, ки ба ӯ дар корҳои бостоншиносӣ ёрӣ мерасониданд, низ вафот карданд. Дар садамаи автомобилӣ ҳамкори ӯ- Кокрофти англис ҳалок гардид. Дар киштии машҳури «Титаник», ки соли 1912 ғарқ шуд, ҷасади мумиёшудаи фолбинзани маъруфи замони фиръавн Аменофиси 4 буд, ки онро лорд Кантервилл аз Лондон ба Ню-Йорк мебурд. Зери сари мумиё ҳайкали худои мисрӣ Осирис маҳфуз буд, ки чунин навиштаҷот дошт: «Аз миёни мурдагон бархез ва нигоҳи ту онҳоеро, ки сари роҳат меистанд, маҳв хоҳад кард». Қурбонии «лаънати фиръавнҳо» ҳамчунин бостоншиноси мисрӣ Муҳаммад Закариё Ҳунайм гардид, ки солҳои 1952-54 як қатор бозёфтҳои муҳим карда буд. Ӯ инчунин аҳроми фиръавн Сехемхет-писари аввалин бунёдгузори аҳромҳо-фиръавн Ҷосерро кушод ва таҳқиқ намуд. Ҳамон вақт ҳангоми тоза намудани роҳи зеризаминии аҳром қисмати шифти сангини он афтида, як коргарро ба ҳалокат расонд. Соли 1957 ба таври фоҷиавӣ худи Муҳаммад Ҳунайм ҳалок гардид.

Асосноккунии илмӣ, таърихи доктор Таҳа ва вопасин ҳаракати Рамсеси 2


Аммо таҳқиқгарони дигар ин ҷо мегӯянд, ки ба мистика ва асотиру ривоёт дода нашуда, дар ин ҳаводис асосҳои илмиро бояд ҷуст. Онҳо сабабҳои мантиқии марги одамонеро, ки бо ҷасаду аҳромҳо сарукор доштанд, муайян намуда, онҳоро ба се қисм ҷудо намуданд:
1. Таъсири заҳрҳое, ки дар мақбараҳо ҳанӯз ҳангоми дафни фиръавнҳо гузошта буданд.
2. Таъсири элементҳои радиоактивӣ, ки дар мақбараҳо ҳастанд.
3. Таъсири моддаи заҳрдори «грибок», ки аз натиҷаи ахлоти кӯршабпаракҳо ҳосил мегардад.


Маълум аст, ки коҳинони Мисри Қадим дар омӯзиши улуми гуногун ба қуллаҳои баланд расида буданд, ки метавонистанд ҳангоми дафни фиръавҳо манзили охирати онҳоро заҳрнок бикунанд, то ин ки «нохалафе» бемуҷозот дохилаш даромада натавонад. Зиёда аз ин, соли 1948 олими бузурги риштаи ҳастаӣ Луис Булгарини дар яке аз нишастҳои матбуотӣ қотеъона иброз дошт, ки «мисриёни қадим аз қонуниятҳои пора кардани атом (!!!) бархурдор ва аз тамоми хусусияти уран огаҳ буданд. Ва онҳо ин донишҳоро барои ҳифозати мақбараву муқаддасҷойҳо истифода мебурданд». Бо ӯ Муҳаммад Ҳунайм ва ҳамтои Булгарини- олими соҳаи ҳастаӣ Петер Колосимо ҳамақида буданд.

Соли 1985 духтур-педиатр Каролина Сенгер-Филиппи фаронсавӣ дар шаҳри Страсбурги Фаронса рисолаи номзадӣ ҳимоя кард, ки мавзӯи он «лаънати фиръавнҳо» буд. Ин зани он замон 30-сола ба хулосае омад, ки сабаби марги одамон бемории «бронхопневмопатологияи иммуноаллергӣ» будааст. Аммо барои вусъат пайдо кардани ин беморӣ намӣ лозим аст, ки дар мақбараҳои кушодашуда набуд. Ва ин фарзияи Каролина заъфияти худро нишон дод.

Ҷеффри Дин, духтур аз Африқои Ҷанубӣ баъд аз 35 соли марги лорд Карнарвон гуфта буд, ки нишонаҳои беморие, ки лорд ва пайравонаш аз он фавтидаанд, «бемории ғорӣ»-ро мемонад, ки аз чанг ва ахлоти кӯршабпаракҳо пайдо мешавад. 7 ноябри соли 1962 духтур-биологи Донишгоҳи Қоҳира Изиддин Таҳа конфронси матбуотӣ даъват намуд. Ӯ иброз дошт, ки тибқи мушоҳидаву ташхисҳои чандмоҳааш дар организми кормандони осорхона ва бостоншиносон бемориеро муайян намуд, ки ба табларза ва заъфи сахти роҳҳои нафас меорад. Миёни бактерияҳои сершумори ин беморӣ вируси Aspergillus niger ҳаст, ки дар ҷасадҳои мумиёшудаву аҳромҳо нуҳуфта буда, ҳазорсолаҳо аз тамоми олам пинҳон буданд. Доктор Таҳа иқрор шуд, ки ҳоло сабаби марги ҳар як «қурбонии фиръавн»-ҳоро намедонад, аммо, бо шӯхии истеҳзоомез гуфт ӯ, «тамоми ин «туҳфаҳои ондунёӣ» барои мо таҳдидовар нестанд, чун онҳо бо антибиотикҳои оддӣ муолиҷа мешаванд». Бешубҳа, таҳқиқоти доктор Таҳа бо гузашти вақт мумкин симои муайян мегирифтанд, агар худи ӯ баъд аз чанд рӯзи конфронс қурбонии «лаънати фошшуда»-аш намегардид.

Доктор Таҳа бо ду ҳамкораш аз Суэтс ба Қоҳира роҳ пеш гирифт. Дар ин роҳи биёбонӣ, ки на баландӣ, на ҷойҳои пурхавф дошт, мошинҳо аҳёнан вомехӯранд. Дар 70-километрии Қоҳира мошини Таҳа ногаҳон, худ аз худ самташро дигар карда, ба лимузини аз ҷониби муқобиломада бархӯрд. Таҳа ва ҳамкоронаш дарҳол ба ҳалокат расиданд, мусофирони лимузин зинда монданд. Ҳангоми ташхиси бадани Таҳа дар он бемории эмболия ошкор карда шуд.

Ҳамаи онҳое, ки бо «лаънати фиръавн»-ҳо вобастагӣ доштанд, ҳар гуна мефавтиданд-аз эмболия низ…

Ҳодисаи ҳайратовар дар осорхонаи Қоҳира рух дод. Дар ин ҷо аз соли 1886 таҳти назорати дақиқи мутахассисон ҷасади фиръавн Рамсеси 2 (ки дар борааш дар матлаби дигарамон ҳарф зада будем) Бузург қарор дорад. Бегоҳирӯзӣ басо гарму нармнок буд. Бо фаро расидани торикии шом чароғ фурӯзон гардид ва ногаҳон аз тобути Рамсес садои баланди дилхароше баромад. Одамони дар осорхона буда тасвиреро диданд, ки аз он хун дар баданашон сард шуд: паси шиша симои Рамсеси 2 бо даҳони аз фарёди ношунаво кушода намудор гардид. Бадани фиръавн ба ҷунбиш омад, латта (бинт)-ҳои ӯ канда шуданд, дастонаш, ки дар қафаси сина буданд, нохост шишаро зада шикастанд-шишамайдаҳо ба фарш рехтанд. Ба назар мерасид, ки ҷасади ҳазорсола дар хоби абад буда худи ҳозир ба меҳмонони осорхона дармеафтад. Бисёриҳое, ки дар қатори аввал буданд, беҳушу беёд афтиданд. Танба оғоз гардид. Пову қабурғаҳои худро шикаста, одамон тариқи зинаҳои осорхона мегурехтанд. Ба чолокии одамоне, ки аз тирезаҳо худро ба поён меандохтанд, бешубҳа, рашки қаҳрамонони бозиҳои олимпӣ меомад.

Фардои он рӯз тамоми рӯзномаҳо оид ба «лаънати фиръавн»-ҳо ҷор мезаданд. Олимон шиддати ҳангомаро паст карда, иброз доштанд, ки сабаби ин воқеа гармии зиёд ва намнокӣ будааст-ба ҷасад ҳавои бенам ва салқин лозим аст.

… Гӯё бо манзараи воқеъгардида таскин ёфта, ҷасади мумиёшуда боз шах шуд. Шишаи тобутро иваз карданд ва акнун баъд аз ин ҳодиса Рамсеси 2 боз дар хоби абадист-аммо ин дафъа рӯи ӯ ҷониби Шимол-ба самти Водии Шоҳон, ки манзили охираташ он ҷо буду баъд хоби ҳазорсолаашро халалдор карда, ба осорхона оварданд, андӯхта шудааст…


Агар шумо ба ривоёт боварӣ надореду хурофотӣ нестед ва дар дил нияти дидани Мисрро дошта бошед, ба ин имконияти молиявӣ доред ва аз гуфтаҳои боло наҳаросидед- пас хуш омадед ба ин кишвари қадимаву афсонавии ба мо дӯст! Вале, ба ҳар ҳол, ҳангоми зиёрати аҳромҳо ба фиръавнҳо беҳурматӣ накунед, чунонки дар урфият гуфтаанд, «эҳтиёт-ними ҳаёт»…
©Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: