Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Бандии Кавқоз» ва мусоидати Л.И Брежнев

«Бандии Кавқоз» ва мусоидати Л.И Брежнев

11-08-2021, 06:30
Хабарро хонданд: 485 нафар
Назарҳо: 0
«Бандии Кавқоз» ва мусоидати Л.И Брежнев

Дар олами синамо филмҳое ҳастанд, ки умри ниҳоят дароз доранд, вале бо гузашти солҳо манзалати худро гум накардаанд ва то ҳанӯз аз ҷониби тамошобинон ба хуби пазироӣ меёбанд. Даҳҳо чунин филмҳоро метавон номбар кард, ки мондагоранд ва насли муосир ҳам новобаста ба диди наву тафаккури замонавӣ доштанашон чунин филмҳоро бошавқ тамошо мекунанд. Яке аз чунин филмҳо “Бандии кавқоз” мебошад, ки соли 1967 аз ҷониби коргардони рус Леонид Гайдай сабт ва таҳия гардидааст.

Гумон мекунам, ки агар даҳҳо маротиба ин филмро тамошо карда бошем ҳам, аммо завқи мо аз тамошои он пир намешавад, зеро сабт, банду басти саҳнаҳо, бозии ҳунармандон ва хати сужаи он таваҷҷуҳи тамошобинро ба худ ҷалб мекунад. Ба филми мазкур Яков Костюковсий ва Морис Слободский бо ҳамкории Леонид Гайдай сенария навиштаанд. Филм соли 1966 дар павилионҳои “Мосфилм” ва дар базаи киностудияи Ялтаи Қрим сабт гардидааст. Инчунин як қисми саҳнаҳо дар Абхазия ва дар водии кӯли Риса рӯи навор омадаанд. Воқеоти филм дар водиву кӯҳҳои Кавқоз сурат гирифтааст. Нақшҳои асосиро Александр Демяненко, Наталя Ворлей, Владимир Этуш, Фрунзик Мкртичян, Руслан Ахметов, Юрий Никулин, Георгий Висин, Евгений Моргунов бозидаанд. Сужаи асосии филм ба мавзӯи дуздидани арӯс аз ҷониби домод бахшида шудааст. Замоне ин анъанот дар байни иддае аз мардуми Кафқоз маъмул шуда буд ва он ғайри қонуни дониста мешуд. Дар филм ин амал аз ҷониби яке аз роҳбарони ноҳия ба вуқуъ мепайвандад. Когардон ва муаллифон хостанд бо ин филм ин анъаноти номатлубро ҳамчун доғи рӯз ба тамошобинон нишон диҳанд. Филм дар жанри мазҳака, бо трюкҳо, унсурҳои масхарабозӣ, ҳаракатҳои хандаовар сабт гардидааст.
Барои филм композитор Александр Засепин мусиқӣ ва шоир Леонид Дербенёв матн навиштааст.
«Бандии Кавқоз» ва мусоидати Л.И Брежнев
Сенарияи филм

Андешаи навиштани сенария ва офаридани филм аз мазмуни мақолаҳои оғоз ёфтааст, ки онҳо дар боби то ҳанӯз дар Кавқоз боқӣ мондани анъаноти номатлуби дуздинаи арӯс аз ҷониби домод ва фурӯхтани арӯс нақл мекардаанд.
Муҳокимаи сенария дар маҷлиси машваратии муҳаррирон дар “Мосфилм” 3 октябри соли 1965 сурат гирифт. Дар муҳокима коргардон ва сенариянависи номи Лео Арнштамов талаб кард, ки нақшҳои сегонаи машҳур Юрий Никулин, Георгий Висин ва Евгений Моргунов аз сенария ихтисор карда шаванд.Зеро рафтору кирдор, муоширату муносибати онҳо аъзоёни ҷомеаро ба роҳи бад мебаранд ва онҳо нафратоваранд. Леонид Гайдай дар ҷавоб ба ӯ чизе намегӯяд, аммо дигарон ба ин фикр розӣ намешаванд ва сенария дастгирӣ меёбад. Леонид Гайдай нақшҳоро ба ҳунармандон тақсим мекунад, вале якбора яке аз қаҳрамонони асосии филм Юрий Никулин аз нақш офаридан даст мекашад. Дере нагузашта, ин ҳунарманди номӣ аз фикраш гашт ва барои бозидани нақш дар филм розӣ шуд. Юрий Никулин инсони басо поктинату хушбин буд ва бо Леонид Гайдай аҳди дӯстӣ дошт. Боре Леонид аз ӯ шӯхиомез пурсида буд:
- Юра, чаро он вақт аз офаридани нақш дар филм даст кашидӣ?
- Он вақт таъбам хира буд, Лёня.
-Ҳозир чӣ?
- Ҳозир таъбам “во!”- нарангушташро баланд бардошта ба Гайдай нишон медиҳад. Ҳарду баланд механданд, вале Гайдай ба суолаш посухи ҳаққонӣ наёфт ва ин сир маҳфуз монд.
Дар вақти супоридани филм байни аъзоёни редколлегия, атрофи репликаи” тағои Нина Ҷабраил ”Вақеан дар ноҳияи ҳамсоя, аъзои ҳизб арӯсро дуздидааст” баҳси калоне шуд. Албатта дар он давра паст задани ҳизби коммунист, ки пояи асосии давлатдорӣ буд, таҳқири ниҳоят сахт дониста мешуд. Аммо матн аз сенария гирифта нашуд, танҳо гӯяндаи он иваз гардид ва онро ҳангоми сабти филм персонажи дигар Юрий Никулин ба забон овард.
«Бандии Кавқоз» ва мусоидати Л.И Брежнев
Ахохов ва ё Саахов

Дар филм яке аз нақшҳои асосӣ ва назаррас образи Саахов мебошад, ки ҳамчун мудири хоҷагии ноҳия дар филм муаррифи шудааст. Леонид Гайдай барои пуробу ранг ва тамошобоб баромадани персонаж Владимир Этушевро водор кард, ки шево ва оҳанги суханронии мардуми кавқозро омӯзад.Этушев тӯли як моҳ бо мардуми таҳҷоӣ шишту хез карда, шевои онҳоро омӯхт. Дар ҳақиқат ҳам шевои сухан гуфтани Владимир Етушев чунон самимӣ ва ба мардуми таҳҷоӣ монанд баромадааст, ки кас гумон мекунад, ки ӯ дар ҳақиқат кавқозӣ ҳаст.То ҳанӯз иддае аз ҳунармандони тақлидкор ба шевои суханронии ӯ пайравӣ мекунанд. Суханони Саахов, ки ба Ҷабраил мегӯяд:“Акнун ман ду роҳ дорам, ё ӯро ба худ никоҳ мекунам ва ё ӯ маро ба маҳбас мебарад” дар филм чунон зебо ва таъсиргузор баромадааст, ки тамошобин новобаста аз оне, ки он мазмуни фиҷиавӣ дорад, онро бо ханда қабул мекунад.
Номи аслии прототипи бозидаи Владимир Этушев, Ахохов буд ва сараввал хостанд, ҳамин номро дар сенария ҷой диҳанд, аммо баъдатар маълум шуд, ки дар вазорати маданияти Иттиҳоди Шӯравӣ бо чунин ном мансабдоре кор мекардааст. Қабл аз сабти филм фамиляи Ахоховро ба Саахов иваз намуданд, аммо боз маълум гашт, ки бо чунин фамиля дар раёсати “Мосфилм” мансабдоре фаъолият дорад. Аз ин вазири маданияти Иттиҳоди Шуравӣ Екатерина Фурсева хабардор шуда, гурӯҳи эҷодиро ба дафтари кориаш даъват кард ва бо ситеза гуфт:
- Ин чӣ рафтор аст? Агар насаби қаҳрамонатон Иванов мебуд, чӣ? Ҳол он ки дар вазорати мо 180 нафар корманд бо чунин насаб фаъолият доранд. Чӣ ахмақро магар Иванов номидан мумкин нест? Бигузор насаби қаҳрамонатон Саахов бошад!...
Ҳамин тариқ ин масъала роҳи ҳалли худро ёфт.

Интихоби ҳунармандон

Яке аз марҳилаҳои мушкили филм интихоб кардани офарандаи қаҳрамони асосии филм Нина буд. (Воқеан коргардон номи Нинаро ба ифтихори номи ҳамсараш Нина Гребешкова интихоб кардааст). Ба кинопроба ҳунармандон Лариса Голубкина, Мариянна Вертинская, Анастасия Вертинская, Жанна Болотова, Наталя Фатеева, Наталя Кустинская ва дигарон даъват шуданд. Аммо онҳо аз озмун гузашта натавонистанд. Дар ремаркаи (қатори тасвир) сенария атрофи нақши Нина навишта шуда буд, ки “Дар роҳ ба ӯ духтари мавзунқомати зебо наздик мешавад”. Коргардон дар назди худ мақсад гузошт, ки дар ин нақш бояд духтареро интихоб кунад, ки қаду басти варзишӣ ва чеҳраи зебо дошта бошад. Ҷустуҷӯи офарандаи нақши асосӣ на он он қадар зиёд тӯл кашид. Ёвари коргардони филм Татяна Семёнова хабар ёфт, ки дар киностудияи Одесса дар филми “Ҷадвали рангинкамон” ҳунаманди ҷавони сирк Наталя Ворлей нақш меофарад. Чеҳра, қаду басти Наталя ба интихоби Леонид Гайдай хеле мувофиқат мекард ва ӯро ба озмун даъват карданд. Наталя Ворлей ба озмун омад ва сазовори офаридани нақши Нина шуд.
Нақши тағои Нинаро Гайдай ба ҳунарманди шинохтаи Шӯравӣ Михаил Глузко дода буд, аммо вақте дар саҳнаи филм Фрунзик Мкртчянро дид, ин нақшро ба ӯ вогузор кард ва ба Михаил Глузко нақши маъмури меҳмонхонаро дод, ки нисбат ба анъаноти мардуми Кавқоз нӯшбоди зиёд медонист. Воқеан ҳар ду ҳам нақшҳояшонро дар филм хеле хуб ва самимӣ офаридаанд.
«Бандии Кавқоз» ва мусоидати Л.И Брежнев[
Лаҳзаҳои мушкили сабт

Дар филм якчанд лаҳзаҳое ҳастанд, ки сабти онҳо на бо кумаки дублёр, балки ба тариқи ҳаққонӣ сурат гирифтаанд. Коргардон Гайдай барои сабти лаҳзаи ба об афтидани Шурик ва ӯро аз ғарқшавӣ наҷот додани Нина ду нафар дублёрро даъват намуд. Ҳарду дублёр устоди варзиш буданд ва шиновариро хуб медонистанд. Оби дарёчаи кӯҳии Мзимт ниҳоят сард буд, зеро ин дарёча аз қуллаҳои барфпуш сарчашма мегирифт ва дар он оббозӣ кардан хатари калон дошт. Мутаассифона ҳар ду дублёр аз ӯҳдаи кори хеш баромада натавонистанд ва ҳатто дублёри дуюм, ки нақши Нинаро иҷро мекард бо либосҳои ӯ ба об ҷаҳида қариб ғарқ шуда буд. Ҳам Нина ва ҳам Шурик ин лаҳзаро худашон офариданд. Наталия Ворлей, ин лаҳзаро чунин ба ёд оварда буд:
- Вақте аз об баромадем сахт хунук хӯрда будем ва дар навор дарақ- дарақ ларзидани мо ҳаққиқат аст. Бегоҳ таъб кардам, вале духтури гурӯҳамон Генадий Степанович бо гузаронидаини дору таъбамро паст карда, ба ман дармон бахшид.

Мусоидати Брежнев

Филми “Бандии Кавқоз” 23 –юми декабри соли 1966 ба комиссияи давлатии кинои СССР пешниҳод гардид, аммо аз ҷониби комиссия пазироӣ наёфт. Дар филм аъзоёни комиссияи қабул мувофиқ ба диди худ нуқсонҳои зиёдеро пайдо карданд ва ба хулосае омаданд, ки филми мазкур тарғиботи ҳадафрасест бар зидди Ҳукумати Шуравӣ. Ҳайати комииссия қарор дод, ки филм баста шавад ва рӯзи 27 декабр мебоист ҳукми ниҳоии он мебаромад. Аммо 26 декабр ҳодисае рӯй дод, ки ин мақсади комиссияи давлатии қабулро барбод дод. Филми “Бандии Кавқоз” беҳтарини беҳтаринҳо дониста шуд ва ба худ унвонии категорияи олиро гирифт.
Дар рӯзи истироҳат Котиби генералии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Леонид Илич Брежнев хоҳиш кард, ки барои тамошо ягон филми нав биёранд. Ёрдамчияш филми “Бандии Кавказ"-ро ба Леонид Илич пешниҳод намуд. Филм ба Брежнев чунон маъқул шуд, ки онро беҳтарин беҳтаринҳо номид ва ба раёсати кинои давлатӣ, таҳиягарони филм ва ҳунармандони дар филм иштирок дошта, изҳори сипос намуд. Ҳамин тариқ филм ба марази тамошо гузошта шуд ва дар соли аввал онро 76,5 миллион тамошобинон диданд ва дар давоми 1 сол 532 миллион рубл ба хазинаи давлат ворид намуд.

Моҷароҳо дар филм

Бояд тазаккур дод, ки на ҳама саҳнаҳои филм аз рӯи сенария сабт гардиданд, балки мазмуни баъзе саҳнаҳо ҳангоми муҳокима ва ё бадоҳатан дар вақти сабт маънии нав гирифтанд.
Барои саҳнаи аввали филм, ки дар он хари Шурик дар назди мошини вайрон шуда меистад ва дигар рафтан намехоҳад ва танҳо баъди аз назди онҳо гузаштани Нина маркаб ба роҳ медарояд. Дар ин саҳна се хар истифода истифода шудааст.
Мошинаи кабриолетии дар филм истифодашуда автомобили шахсии Юрий Никулин буда, он соли 1930 дар Олмон сохта шудааст.
Зимни сабти филм як қатор моҷароҳо байни корнгардон ва аъзоёни гурӯҳи корӣ рӯй доданд, ки ба фаъолияти ояндаи кории иддае аз ҳунармандону таҳиягарони филм таъсир расондаанд. Мувофиқ ба нишондоди ҳамсари Леонид Гайдай, Нина Гребешкова, наворбардори филм Константин Бровин баъзан дар ҳолати мастӣ ба майдони сабт омада ҷанҷол мебардошт ва дар ҳолати мастӣ аз наворбардорӣ даст мекашид. Дар ин ҳолат Гайдай маҷбур мешуд, ки ба ҷои ӯ наворбардорӣ кунад. Александр Демяненко низ нӯшиданро дӯст медошт ва баъзанба кори когардон халал мерасонд. Инчунин, Евгенний Моргунов пайваста бо Гайдай бесабаб дар ҳолати мастӣ моҷаро мекард . Гайдай дигар ба ин ҷанҷолҳо тоқат накарда, аз сенария лаҳзаҳои сабтиро бо иштироки ӯ хат зад. Ҳамин тариқ гурӯҳи сегона аз мадди назари Гайдай дур шуд ва дигар Евгений Маргунов, Александр Демяненко ва наворбардор Константин Бровинро дар филмҳои минбаъдааш даъват накард.
«Бандии Кавқоз» ва мусоидати Л.И Брежнев
Хотима

Филми мазкур тарзе офарида шудааст, ки он ба дигар филмҳои мазҳакавии замони шӯравӣ монанд нест. Когардон тавонистааст, ки ҳунармандонро мувофиқ ба образи дар сенария буда, интихоб кунад. Ҳатто зоҳири ҳунармандони интихобшуда ҷавобгӯи ботини онҳо аст ва тамошобин зимни тамошои филм пурра дарки дунёи онҳо мекунад.
Агарчи филми ”Бандии Кавқоз” умри 66 сола дошта бошад ҳам, аммо то имрӯз байни тамошобинон маҳбубияти хоса дорад ва насли муосир низ ин филмро ба хуби пазироӣ мекунад.

Тағоймуроди Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: