Ҳукуматдорони Украина нишон додани филми «Ниқоби инқилоб»-ро намехостанд2-02-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Филми тадқиқотии «Ниқоби инқилоб» рӯзҳои шанбе ва душанбе ба воситаи канали телевизионии фаронсавӣ «Canal+» нишон дода шуд. Ҳарчанд, ҳукуматдорони Украина барои нишон надодани филм пофишорӣ намуданд, аммо роҳбарияти канали телевизионии номбурда, филмномаро ба марази тамошо гузошт.
Муаллифи филмнома рӯзноманигори фаронсавӣ Поль Морейра сужаи филмро аз рӯйи воқеаҳои хунини соли 2014 дар Киев рӯй дода эҷод намудааст. Ҳангоми сабти филм муаллиф бо намояндагони ҳизбӣ «Озодӣ», гуруҳҳои муташаккили «Азов», «Ростагароҳо», (Правый сектор) суҳбат намуда, андеша, мақсаду мароми онҳоро мавриди таҳлил қарор додааст. Филмнома дар асоси нишондоди шоҳидон, воқеоту ҳодисоти рӯй дода сабт гардидааст. ©Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.