Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ИШТИРОКИ АБДУҶАББОР АЗИЗӢ ДАР КОНФРОНСИ СҲШ

ИШТИРОКИ АБДУҶАББОР АЗИЗӢ ДАР КОНФРОНСИ СҲШ

3-08-2021, 10:50
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
ИШТИРОКИ АБДУҶАББОР АЗИЗӢ ДАР КОНФРОНСИ СҲШ
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар конфронси байналмилалии "20 соли Созмони Ҳамкории Шанхай: рушди давлатӣ ва идоракунии давлатӣ" тариқи онлайн иштирок ва бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.
Конфронс бо ибтикори шуъбаи муносибатҳои байналхалқии Ҳизби коммунистии Чин ва иштироки доираи васеи роҳбарони академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои узви СҲШ доир гардид.
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ аъзои бюрои сиёсӣ, мудири шуъбаи ташкилии кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин ва ректори академияи давлатии маъмурии Чин, ҷаноби Чэн Си ва муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ бо маърӯзаҳо баромад карданд.
Зимни баромади худ Абдуҷаббор Азизӣ таъкид дошт, ки барои нигоҳ доштани фаъолияти муътадили Созмони Ҳамкории Шанхай корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Соли 2021 Тоҷикистон дар Созмон раисӣ мекунад. Ин сол барои мамлакат хеле муҳим ва махсус аст. Мо 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси амалкунанда дар СҲШ вазифаи худро мутобиқи афзалиятҳои муайяншуда пайваста иҷро мекунад ва дар ин росто ҳамеша аз роҳнамоиҳои Раиси муаззами ҳизб корбарӣ менамояд.
Ба таъкиди муовини якуми Раиси ҳизб, СҲШ худро ташкилоти фаъоли минтақавӣ муаррифӣ намуда, дар арсаи байналмилалӣ эътибори калон дорад. Дар тӯли таърихи бистсолаи худ СҲШ ба яке аз ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва сохтори беназири минтақавӣ табдил ёфт, ки хусусияти умумиинсонии худро дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ борҳо исбот кардааст.
- Дар шароити муосир ягон давлат қодир нест, ки бо мушкилот ва таҳдидҳои амниятӣ дар алоҳидагӣ самаранок мубориза барад, - гуфт А.Азизӣ. - Дар чунин шароит танҳо тадбирҳои мувофиқашуда ва саъйҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошанд.
Мавриди тазаккур аст, ки тӯли 20 соли фаъолияташ СҲШ минбари хосае барои муҳокима ва ҳалли мушкилоти мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ гардид.
Ба таъкиди Абдуҷаббор Азизӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз асосгузорони Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд ва истиқболи 20-солагии созмон дар Тоҷикистон масъулият ва ифтихори бузург аст.
Инчунин, ҳамраъйӣ бо суханронӣ ва пешниҳодҳои ироанамудаи Раиси муаззами ҳизб дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай баён гардид.
- Мо бояд саъй кунем, ки амният дар минтақа ва ҳамзистии осоиштаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон таъмин гардад. Фаъолияти СҲШ ба принсипҳои асосии стратегияи сиёсати хориҷии давлати мо мувофиқат мекунад. Мо манфиатдорем, ки нақши он дар ҳалли вазифаҳои асосии таҳкими сулҳу амният, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ густариш бахшида шаванд, - гуфт А.Азизӣ.
ҲХДТ итминон дорад, ки СҲШ минбаъд низ сохтори фаъол, платформаи муассири мубодилаи афкор, шаклдиҳандаи мавқеъҳои умумӣ ва мувофиқа кардани нуктаи назари гуногун ва такмилдиҳандаи сиёсат мутобиқи талаботи замон хоҳад буд.
Хотиррасон менамоем, ки баргузории ҳамоиши ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон – пойтахти фарҳангии кишварҳои ИДМ дар соли 2021, шаҳри офтобрӯяи Душанбе 16-17 сентябр ба нақша гирифта шудааст.
Мавриди тазаккур аст, ки ҳамкориҳои байналхалқии ҲХДТ бо ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон шоистаи таҳсин буда, дар шароити муосир бомаром густариш меёбанд. Аз ҷумла, ҳамкории ҲХДТ бо ҳизби умумироссиягии «Единая Россия», Ҳизби коммунистии Чин, ҳизбҳои сиёсии «Нур Отан» ва «Ени Азербайджан» дар доираи шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ ҷараён дорад. Дар ин замина, иртиботи мутақобилан судманди ҲХДТ бо «Единая Россия» ва Ҳизби коммунистии Чин шоистаи таъкиди хос аст. Тоҷикистонро бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайвандад. Ин кишварҳо имрӯз яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии мо боқӣ мемонанд. Гардиши мол миёни мамлакатҳо мунтазам афзоиш меёбад.
Дар сиёсати хориҷии ҲХДТ, ки бо роҳбарии бевоситаи Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия мавқеи калидӣ доранд. Аз соли 2016 қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар ин кишвар фаъолияти пурсамар менамояд. Пайваста расонидани ёрии амалӣ ва ҷашн гирифтани идҳои миллӣ дар заминаи расидагӣ ба мушкили баъзе аъзои ҳизб, ки феълан дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москва кӯмакҳои зиёд намуда, мавҷудияти он дар шароити кунунӣ беш аз пеш муҳим аст. Ҷоннок намудани кори қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия низ тақозои замон дониста мешавад.
Ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин дар асоси созишнома беш аз 10 сол татбиқ мегардад. Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои ҳизбҳои сиёсӣ рушди наву
динамикиро касб намудаанд. Саҳми бевоситаи раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар ин марҳила хосатан таъкид мегардад.
Ирсоли паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиби гереналии Ҳизби Коммунистии Чин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ифтихори 100-солагии таъсисёбии ҲКЧ, мулоқоти муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Лю Бин, анҷом додани суҳбати онлайнии муовини якуми Раиси ҳизб бо муовини мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ҷаноби Сян Хуншан, ташкил ва баргузор намудани тамошои Саммити Ҳизби коммунисти Чин ва аҳзоби сиёсии ҷаҳон бо ширкати беш аз 80 нафар фаъолони ҳизб ва иштироки муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ дар муколамаи Шанхай аз муҳимтарин рӯйдодҳои нимсолаи аввал дар самти ҳамкорӣ бо ҲКЧ дониста мешавад.
Мавриди тазаккур аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар буда, имрӯз ҳудуди 500 ҳазор аъзо дорад. 50,5 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 34 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: