5 май дар дастгоҳи КИМ ҲХДТ мулоқоти муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Лю Бин баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовинони Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода низ иштирок доштанд.
Абдуҷаббор Азизӣ ташрифи сафирро хуш пазируфта, оид ба раванди корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар ва иштироки ширкатҳои чинӣ дар ин марҳилаи бузурги созандагӣ маълумот дод. Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ барои кишварҳои мо соли муҳим маҳсуб меёбад – истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода шуд.
Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин, ки дар асоси созишномаи ҳамкорӣ беш аз 10 сол татбиқ мегардад, баҳои муносиб дода, дар баробари мубодилаи муфассали афкор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, инчунин перомуни мавзуъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ибрози андеша карданд.
- Мо ҳамеша кумаки дӯстонаи шарики стратегии худ - Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар ҳалли масъалаҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон муҳим эҳсос менамоем, - гуфт. А.Азизӣ. - Мо дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба идома додани мутобиқсозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташаббуси «Як камарманд - як роҳ» ва пешбурди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, ки аз сиёсати хориҷии хирадмандонаи Раиси ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, изҳори омодагӣ менамоем.
Таъкид гардид, ки бунёди бузургтарин иншооти инфрасохторӣ ва рушди онҳо бо ҷалби доираҳои соҳибкории Чин дар мамлакат неруи тоза мегирад.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин баррасӣ гардида, наздикии мавқеи ҷонибҳо оид ба аксари масъалаҳои калидии дуҷониба ва байналмилалӣ таъйид гардид.
- Дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ мо ҳамеша дастгирӣ ва ҳамовозии Тоҷикистонро бо кишвари худ эҳсос мекунем ва аз ин раванд қаноатманд ҳастем, - афзуд Лю Бин. – Имрӯз Чин бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон маҳсуб ёфта, минбаъд низ ба ҳайси шарики стратегӣ дар ҳалли як қатор масъалаҳои муҳим кӯмак хоҳад расонид.
Таъкид шуд, ки аз рӯзҳои нахустини паҳн шудани бемории пандемияи коронавирус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мактуби ҳамдардӣ ва дастгирӣ ирсол намудааст, ки ин нишонаи олии ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ маҳсуб меёбад. Хеле муҳим аст, ки кишварҳо иртиботи доимиро роҷеъ ба масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи башар тақвият бахшида, дар самти мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва маҳкум кардани дахолати кишварҳои дуюм ба корҳои дохилии мамлакат мавқеи мушаххас дошта бошанд.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои ҳизбҳои сиёсӣ рушди наву динамикиро касб намудаанд. Саҳми бевоситаи раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар ин марҳила хосатан таъкид гардид.
Гузаронидани чорабиниҳои муштарак (конфронсҳо, семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ) дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ байни ҲХДТ ва ҲКЧ барои солҳои минбаъда ва рафти иҷрои он, мустаҳкам ва инкишоф додани робитаҳо байни ташкилотҳои ҷавонони ҲХДТ ва ҲКЧ ва матбуоти ҳизбӣ, ташкили механизми комили таҷрибаомӯзӣ ва таълими кадрҳои ҳизбӣ дар кишварҳои ҳамдигар, тақвият бахшидани сатҳи ҳамкориҳои кумитаҳои иҷроия байни вилоятҳо ва идома додани дастгириҳои тарафайн аз масъалаҳои дигари мавриди назар буданд.
Ҳамчунин, дар рафти суҳбат дигар масъалаҳои ҳамкориҳои ҳизбӣ ва вусъат бахшидани роҳҳои муосири идома додани муколама байни ҳизбҳои сиёсӣ баррасӣ карда шуд.
Мулоқот дар руҳияи ҳасана ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҷамъбаст гардид.