Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » БАРГУЗОРИИ САММИТИ ҲКЧ ВА АҲЗОБИ СИЁСИИ ҶАҲОН

БАРГУЗОРИИ САММИТИ ҲКЧ ВА АҲЗОБИ СИЁСИИ ҶАҲОН

12-07-2021, 09:49
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
БАРГУЗОРИИ САММИТИ ҲКЧ ВА АҲЗОБИ СИЁСИИ ҶАҲОН
Саммити Ҳизби коммунисти Чин ва аҳзоби сиёсии ҷаҳон рӯзи 6 июл тариқи видеоконфронс баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбарони 21 ҳизби сиёсӣ суханронӣ карданд. Дар он зиёда аз 500 нафар роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ аз 160 кишвар ва минтақаҳои ҷаҳон, инчунин зиёда аз 10 ҳазор намояндагони иттиҳодияҳои гуногуни сиёсӣ ширкат варзиданд.

Дар Тоҷикистон саммити мазкурро тариқи онлайн муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лю Бин, кормандони масъули Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, аъзои КИМ ҲХДТ ва беш аз 80 нафар фаъолони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор» тамошо намуданд.
Саммити имсола таҳти шиори "Барои саодати мардум: масъулияти аҳзоби сиёсӣ" баргузор гардид.
Си Ҷинпин, роҳбари Ҳизби Коммунистии Чин ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар суханронии худ аз аҳзоби сиёсии тамоми ҷаҳон даъват ба амал овард, ки ба кӯшиши сиёсисозии пандемияи COVID-19 ва нишонаҳои ҷуғрофӣ ба ин вирус муқовимат кунанд.
"Дар шароити пандемияи давомдор мо бояд вокуниши илмӣ дошта бошем, ҳамбастагӣ ва ҳамкориро барои рафъи холигӣ тақвият диҳем", - гуфт Си Ҷинпин.
Номбурда қайд кард, ки дар мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти номаблуби инсоният мо бояд тавассути мустаҳкамкунии нерӯҳои амниятӣ саъй намоем, то дар якҷоягӣ "девор" -и хубе барои таъмини шароити осоишта бисозем. Даъват ба амал овард шуд, ки дар бунёди «хонаи сабз» якҷоя амал карда, ба мушкилоти ҷиддие, ба монанди тағйирёбии иқлим вокуниш нишон диҳем.
Қайд шуд, ки арзёбии сатҳи демократияи ин ё он давлатро бояд мустақилона мардуми он муайян созанд, на доираи маҳдуди шахсони сеюм.
"Роҳҳои гуногун мавҷуданд. Бо вуҷуди ин, мардум дар тамоми ҷаҳон ҳуқуқ доранд мустақилона роҳи рушд ва модели институтсионалии худро интихоб кунанд" - гуфт Си Ҷинпин. - Демократия ҳуқуқи ҳама халқҳост, на имтиёзи истисноии доираи маҳдуд. Дар ҷаҳон роҳҳои татбиқи демократия зиёданд, - таъкид кард Си Ҷинпин.
Гуфта шуд, ки барои пешрафт дар самти бунёди демократияи мувофиқ ба шароити миллии кишвар мо бояд робитаҳо, механизмҳои омӯзиши мутақобила ва коммуникатсияро тақвият диҳем, афкори ҷамъиятиро пурра ба назар гирем ва қобилияти идоракунии худро мунтазам такмил диҳем.
Зимни баромади худ Си Ҷинпин қайд кард, ки роҳбарони ҳизбҳои ҳукмрон ва созмонҳои сиёсӣ барои муқобила бо чолишҳои глобалӣ бояд нерӯҳояшонро муттаҳид кунанд.
Пешниҳод гардид, ки фаҳмиши васеъи арзишҳои умумӣ ҳифз ва паҳн карда шаванд. Таъсиси Ҷамъияти сарнавишти умумии инсоният ба манфиат дониста шуд.
Инчунин, зикр гардид, ки аз соли 2012 инҷониб Ҷумҳурии Мардумии Чин ба 98,99 миллион нафар мардуми деҳот ҷиҳати раҳоӣ аз камбизоатӣ кӯмак кард ва барномаи Ҳадафи СММ оид ба рушди устуворро 10 сол пеш аз муҳлат иҷро намуд.
Роҷеъ ба дигар масъалаҳои рӯзномаи байналхалқӣ низ дар суханронии ҷаноби Си Ҷинпин таъкидҳо сурат гирифтанд.
Бояд ёдовар шуд, ки аввалин нишасти Ҳизби коммунисти Чин ва аҳзоби сиёсии кишварҳои дигар тавассути видеоконфронс баргузор мешавад, аммо баъзе аз чорабиниҳо дар шаҳрҳои Пекин, Шанхай, Янан (музофоти Шэнси), Шэнчжен (Гуандун), Нинде (Фудзян) ва Анжи (Чжэцзян) бо иштироки доираи васеъ доир гардиданд.
Ҷониби Тоҷикистон аҳамияти татбиқи муштараки лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ ва зерсохториро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвари мо, аз ҷумла саноатикунонии босурьат мусоидат мекунанд, мавриди татбиқ қарор медиҳад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Ҳизби коммунистии Чин, ки дар асоси созишнома беш аз 10 сол татбиқ мегардад, баҳои муносиб медиҳад.

«МХ»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: