Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Президенти Россия Владимир Путин дастури эмгузаронии муҳоҷирони меҳнатиро содир кард

Президенти Россия Владимир Путин дастури эмгузаронии муҳоҷирони меҳнатиро содир кард

29-06-2021, 13:39
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Россия Владимир Путин дастури эмгузаронии муҳоҷирони меҳнатиро содир кардДар Москва эмгузаронии зидди коронавируси муҳоҷирони корӣ оғоз ёфт. Дар ин бора дар сомонаи расмии шаҳрдори пойтахт Сергей Собянин хабар дода шудааст.

Дар маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират дар деҳаи Сахарово эмгузаронӣ бо ваксинаи яктаркибаи «Спутник Лайт», истеҳсоли Маркази илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамалеӣ шурӯъ шуд.

«Таъсирнокии ин ваксина метавонад нисбат ба «Спутник V» камтар бошад, аммо ба ҳар ҳол натиҷаи мусбӣ дорад», — зикр кард Сергей Собянин ҳангоми боздид аз ин марказ.

Эмгузаронӣ бо усули санҷишӣ оғоз меёбад ва бо дархости корфармоёни дар рӯйхати соҳаҳои хидматрасонии дар фармоиши департаменти пойтахтии «Роспотребнадзор» муайян шуда сурат мегирад.

Дар оянда нақшаи мазкур метавонад дар дигар соҳаҳои иқтисодиёт, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият мекунанд, ба шумули касоне, ки мустақилона кор мекунанд, паҳн карда шавад.

Пештар маълум шуд, ки арзиши як вояи ваксинаи «Спутник Лайт» барои муҳоҷирони меҳнатӣ 1,3 ҳазор рубл хоҳад буд. Корфармо бояд маблағи ваксинаро пардохт кунад.

27 июн фармоиши Президент Владимир Путин дар мавриди эмгузаронии хориҷиён ва муҳоҷирони меҳнатӣ алайҳи COVID-19 содир шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: