Сабти ном намудани «Спутник V» то 25 феврал дар 25 кишвар ба нақша гирифта шудааст8-02-2021, 16:18
Хабарро хонданд: 401 нафар
Назарҳо: 0
Бунёди сармоягузории мустақими Россия (БСМР) интизор дорад, ки ваксинаи русии «Спутник V» то охири ҳафтаи оянда дар 25 кишвар сабти ном хоҳад шуд. Дар ин бора роҳбари бунёд Кирилл Дмитриев дар барномаи «Вести недели» дар шабакаи телевизионии «Россия-1» изҳор доштааст, хабар додааст ТАСС 7 феврал.
«То охири ҳафтаи оянда мо интизор дорем, ки 25 танзимкунанда аз 25 кишвар ваксинаи мо- «Спутник V»-ро тасдиқ мекунанд», — гуфтааст Кирилл Дмитриев. Ваксинаи «Спутник V»-ро Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамалея коркард намудааст. Он ба категорияи доруҳои нодири табобатӣ тааллуқ дорад, ки бо роҳи биотехнологӣ ҳосил шудааст. Вазорати тандурустии Россия доруи мазкурро моҳи августи соли 2020 сабт намуд. Амалан пас аз ин, марҳидаи сеюми озмоиши клиникии пас аз сабтшавии ваксина бо иштироки зиёда аз 40 ҳазор нафар одамони аз 18-сола боло оғоз ёфт. Аллакай охири моҳи сентябр Вазорати тандурустии Беларус таҳқиқоти «Спутник V»-ро дар кишвар тасдиқ кард. Он дар чор заминаи клиникӣ бо иштироки 100 нафар ихтиёрӣ сурат мегирад, ки тасодуфан ба гурӯҳҳо бо таносуби 3:1 тақсим шудаанд. Ба гурӯҳҳои якум ваксина гузаронида мешавад ва гурӯҳи дуюм — платсебо (маводи безарар, ки хусусияти табобатӣ надорад). Пас аз ин сатҳи ташаккули масунияти гуморалӣ ва ҳуҷайравӣ дар ҷавоб ба эмгузаронӣ дар вуҷуди ихтиёриён арзёбӣ мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.