Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон ва Италия ройзаниҳои сиёсӣ баргузор карданд

Тоҷикистон ва Италия ройзаниҳои сиёсӣ баргузор карданд

24-06-2021, 13:55
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ва Италия ройзаниҳои сиёсӣ баргузор кардандДирӯз даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Италияро Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Манлио ди Стефано роҳбарӣ намуданд.

Ҳайатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангу маориф ва амниятро баррасӣ карда, дар бораи аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда дар сатҳи олӣ ва баланд мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: